Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: "Ғамгин аз онам, ки мардҳо дар паҳлӯи хонавода нестанд"


Рӯзи 17-уми декабр шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева 71-сола шуд.

Ин шоираи маъруф дар зиндагиаш даҳҳо китоб навишта, яке аз фаъолтарин адибони тоҷик боқӣ мемонад. Дар ин рӯз Радиои Озодӣ бо Гулрухсор сӯҳбате дошт ва аз шеъру шоирӣ ва зодрӯз пурсид.

"Зиндагии шоир ҳеҷ вақт зиндагии ҳамвор набуд"

Радиои Озодӣ: То куҷо як шоир метавонад зиндагии саҳлу осонро дунбол кунад?

Гулрухсор: Зиндагӣ як нафас аст ва то ҳамон замоне, ки ман нафас мекашам, ман зиндаам. Дигар ҳар чизе ки ҳаст - некӣ, бадӣ, шеър, дустӣ ва душманӣ - ҳамаи инҳо дар ин миён ҳастанд. Ҳеҷ вақт зиндагии шоир зиндагии ҳамвор набуд. Ман мехоҳам бо як сухани шоири олмонӣ Иоганн Гёте ин суоли шуморо ҷамъбаст кунам, ки мегӯяд, "ҳар таркише, ки аз олам мегузарад, аввал аз дили шоир мегузарад". Магар метавонад шоир бо ин ҳама таркишу бо ҳамин дил гӯяд: "ман хуб зиндагӣ мекунам ё бад". Агар абртарин хона дар дунё бошад, ин хонаи шоир аст. Чун медонад, ки чӣ меборад - ё санг ё заҳр ё борону сел меборад. Аммо онҳое, ки аз ин чизҳо бехабаранд, фикр мекунанд зиндагии шоир хуб аст. Вале хубиву бадии зиндагии инсон аз худаш вобаста аст. Устоди ман Чингиз Айтматов мегуфт, ки вазифаи инсон дар ин сайёра ақалан дар як шабонарӯз 15 дақиқа инсон будан аст. Ман фикр мекунам, қисмати шоирон пеш аз худи онҳо таваллуд мешавад. Шоире гуфтааст:

Ханда мебинӣ, вале аз гиряи дил ғофилӣ,

Хонаи мо андарун абр аст, берун офтоб.

Радиои Озодӣ: Бархеҳо бар ин назаранд, ки замони шеъру шоирӣ гузаштааст. Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед?

Ман мехоҳам бигӯям, ки ҳар як инсоне, ки дар ин хок зиндагӣ мекунаду худро соҳибватан мегирад, бояд бо як кори зебое кӯмак кунад ба ин Ватан.

Гулрухсор: Мегӯянд, қадри шеър паст шудааст. Қадри шеър паст нашудааст ва ҳеҷ гоҳ бо ду хушомадгӯву хушомаднависак қадри шеър паст намешавад. Вақте Тоҷикистонро танқид мекунанд, ман хаёл мекунам Рӯдакиро танқид мекунанд. Мо ҳамин қадар шоирони бузурге дорем, ки ягон нафарашон куҳна нашудааст. Ман мехоҳам бигӯям, ки ҳар як инсоне, ки дар ин хок зиндагӣ мекунаду худро соҳибватан мегирад, бояд бо як кори зебое кӯмак кунад ба ин Ватан.

Мисраъҳои ногуфтаи Гулрухсор

Радиои Озодӣ: То ҳануз мавзӯе ҳаст, ки дар бораи он як мисрае ҳам эҷод накардед ва зиёд мехоҳед нависед, вале наметавонед?

Гулрухсор: Бале, бале. Ман ва тамоми шоирон, наққошон ва ромишгарони дунё ба хотири ҳамон як мисра, шеъру мусиқиву наққошӣ менависанд, ки ҳоло онро нагуфтаанд. Гёте мегӯяд, ки ҳунарманд ҳамон вақте оламро тарк мекунад, ки тамоми ҳарфашро гуфта бошад. Ман барои сад соли дигар гап дорам ва гапи аз ҳама асосии ман ҳамин аст, ки 15 дақиқа не, ақалан даҳ дақиқа инсон бошам ва бо худам бошам ва касе ба ман барои инсон буданам халал нарасонад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам як ошиқе бо номи "Илҳом" шуморо ташвиш медиҳад

Гулрухсор: Вай не, ман илҳомро ғам медиҳам, илҳом аз ман хаста шуд. (механдад). Ман бояд бигӯям, ки илҳом чизе ҳаст, ки гоҳе меояду гоҳе нест, барои ҳамин аз пушти ӯ шудан мумкин нест. Агар диққат карда бошеду китобҳои маро хонед мебинед, ки ман ҳамеша шеърҳоямро таҳрир мекунам.

Гулрухсорро чӣ ба ташвиш меорад?

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Радиои Озодӣ: Вақте субҳ аз хона ба сӯи Иттифоқи нависандагон меравед ва аз ҷо ба хона бармегардед, чӣ барои шумо дарднок ба назар мерасад ва аз чӣ хушҳол мешавед?

Гулрухсор: Дар кишваре, ки гул мекоранд, онҷо ишқу муҳаббатро мепарасанд ва дӯст медоранд. Маро он чизе хушҳол мекунад, ки Ватани ман дар кадом ҳолате набошад тухми гулро ҳамчун тухми зиндагӣ дар хонааш дошту дорад. Гулҳо маро хушбахт мекунанд. Аммо ҳоло фарҳанги гулчиниву гулшинонӣ ва гулбинӣ надорем, ки ин ҳам гузаранда аст. Хонасозиро дуст медорам, агар хонаи босифат бошад. Ман аз он ғамгин мешавам мардҳо, ки тухми инсон аз мард аст, дар паҳлуи хонавода нестанд ва бачаҳояшонро тарбия намекунанд. Занҳо худро зиндабева эҳсос мекунанд. Вақте ки мардҳо, як насли пурра дар Ватан нестанд, ин чиз маро ғамгин мекунад. Ман худ, Ватанро танг намебинам заминро офаридгор офаридааст. Агар дар паҳлуи ин ҳама ободиву зебогиҳо, ҷойҳои корӣ пайдо шавад мардон баргарданд, беҳтар аст. Ман ҳар вақте берун аз Ватан меравам, Ватанро бо худ мебарам. Чизи дигаре ки маро ба ташвиш меорад, ҳар кадоми мо бояд эҷодкор бошем. Ҳар нафар дар алоҳидагӣ барои Ватан кор кунад ва ҳар ангушт бояд дар ҷамъ мушт шавад. Аср, зиндагӣ ва инсонҳо нав шудаанд албтта бо як ду ё чор ё панҷ ҳазор Ватан сохта намешавад.

"Ман аслан душман надорам, балки ҳасуд дорам"

Радиои Озодӣ: Шумо қаблан дар як шеъратон гуфта будед, ки "Душманонам ҳуққабозӣ мекунанд, пеши маҳмудон аёзӣ мекунанд". Оё воқеан Шумо имрӯз душман доред?

Гулрухсор: "Ман аслан душман надорам, барои он ки душман дошта бошӣ, хеле корҳои бад карда бошӣ, касеро кушта хонаи касеро сухта бошӣ. Ман мисли ҳама одамҳои дигар душман не, балки ҳасуд дорам. Вале ҳасуд аз душман бадтар аст. Барои мисол, як руз як одами бисёр бомаърифати солхурда ба дафтарам омада, ҳайф гуфт, ҳайф. Гуфтам чӣ? Гуфт мо фақат ба сару либос ва муйю руи шумо таваҷҷуҳ кардем, вале ягон шеъратонро аниқ нахондему ягонтаашро нафаҳмидем. Вай гуфт, охир ту мегуӣ, ки "Ватанам эй Ватани майдаи мардони калон", вале ин ҳолат ҳоло ба сарат омад дилат аз ин ватан намонд? Ман гуфтам не, ватани ман панҷ нафар одами хоин, ҳасуд ё душман нест. Барои ҳамин ман душман не, ҳасуд дорам, ки ҳама дорад ва он ҳасудон ҳолашон бад аст”.

"Ман ба ин дунё барои хобу роҳат н-омадам"

Радиои Озодӣ: Барои шумо зодруз танҳо як рузи таваллуд аст ё бештар аз он. Хурсанд мешавед, ки боз ба як рузи дигари таваллуд расидед?

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Гулрухсор: "Ман гуфта будам, ки аз ҳар нафасе мекашам аз офаридгорам миннатдорам, вале дар бораи рузи таваллуд фикр намекунам. Ҳар руз дар олам як миллион одам мемирад ва як миллиону як нафар таваллуд мешавад. Аз ҳисоби ҳамин як нафар одамизод зиёд мешавад. Агар аз ҳамин теъдод инсоне, ки мемираду зода мешавад вазифаи якнафарро ба души шоир бор карда бошанд ва дар ин қатор ман ҳам бошам вазифаамро медонам ки:

Ман ба ин дунё барои хобу роҳат н-омадам,

Истгоҳи охири ман дар ин сайёра нест.

Радиои Озодӣ: Бори дигар зодрузатон муборак бошад.

Гулрухсор: "Ташаккур. Дар ин рузе ки зодрузам аст, як шеъри ишқӣ дорам ки онҷо мегуям: "Зодрузи ишқи ман, пеш аз ту баъд аз ман буд". Мехоҳам дар ин руз ки ин қадар дустҳои зиёд дар шабакаи Фейсбук, адибон ва шумо табрик кардану мекунанд ба эшон мегуям, ки агар як мисраи ман дар як ҳолате дарди шуморо сабук кард бошад, агар ба захми шумо малҳам шуда бошад, агар аз ман ёд карда бошед, ман ҳақ дорам ки қаламамро ҳануз аз даст намонам.

"Хонандаи ман ҳамеша олиҷаноб буд"

Радиои Озодӣ: Чун дар поёни соли 2018 ва дар остонаи соли нави мелодии 2019 қарор дорем. Ба хонандаи худ ва мардуми тоҷик чӣ таманиёт доред?

Гулрухсор: Хонандаи ман ҳамеша хонандаи олиҷаноб аст, буд ва олиҷаноб мемонад. Бубинед вақте ки дар Амрикову Аврупо ва Миср аз шеъри ман кори докторӣ мегиранд, мехоҳам дар сатҳи хонандаи худам сабзида бирасам. Чанде пештар ҳам як зане бо кудакаш аз Куридистон назди ман омада буд, ки аз шеъри ман кори илмӣ менависад. Ман барои чунин нафарон менависам.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG