Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Нуралиев: Ҷарима фоида накард, ҷазо бояд сангинтар бошад


Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикитон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки ҷаримабандии саррофон дар 10 моҳи охир натиҷаи мусбат ба бор наовард, ҷазоро сангинтар кардем.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки рӯзи 9 март дар парлумон суханронӣ мекард, аз тақвияти муҷозот алайҳи муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканиҳо гирифта шуд. Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ва маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид кард ва муҷозоти муомилоти ғайриқонунии асъорро шадидтар намуд. Бар пояи ин қонун, барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ аз 4 то 9 сол ҳабс пешбинӣ шудааст. Ин қонун ҳамчунин барои афроди воқеие, ки ба муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст мезананд, аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ, мансабдорон аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ва барои афроди ҳуқуқӣ аз 12 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима, пешбинӣ мекунад.

Ҷ.Нуралиев: Ҷарима фоида накард, ҷазо бояд сангинтар бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили парлумон зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки ин ислоҳот ба хотири ба танзим даровардани муносибаҳои вобаста ба истифодаи асъори хориҷӣ қабул шудааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини авввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ишора ба нигаронӣ ва эродҳо дар робита ба ҳолати бозори асъор гуфт, ки “ман бисёр дуруст дарк мекунам, ба эродҳои мардум дар ин замина бояд ҷавоб гӯем. Имрӯз он сиёсате, ки мо пеш мегирем, бояд дуруст ва ба нафъи мардум шавад ва сатҳи рушди иқтисодиётро таъмин намояд. Низоми бонкӣ чунин низомест, ки ба кисаи ҳар шахс таъсир мерасонад, новобаста аз шаклҳои мухталифи асъор. Ба касе пӯшида нест, маблағҳое, ки ворид мешаванд, аз муҳоҷирон аст ва бо асъори хориҷӣ пардохт мешаванд. Ва ҳамеша фарқияти нархи асъор ба арзиши нарху наво ва даромаднокии мардум таъсир мерасонад. Имрӯз қурби расмӣ якуним фоиз нисбати қурби бозор баланд аст”.

Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки давоми даҳ моҳи ахир даҳҳо нафар барои мубодилаи ғайриқонунии асъор ба миқдори 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Ба гуфтаи муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, якуним ҳазор нуқтаҳои мубодилаи асъор бо ташкилотҳои қарзӣ муттаҳид карда шудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии худ, ки имрӯз 9 март баргузор тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодеси ҷиноӣ ва Кодекси маъмуриро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи ин тағйирот, дар сурати боздошт ҳангоми муомилаи ғайриқонунӣ, асъори хориҷӣ мусодира хоҳад шуд. Тарҳи тағйироту иловаҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ -- сомонӣ дар баробари доллар, дар авоили соли ҷорӣ таҳия ва ба парлумон ирсол карда буд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода - раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин ниҳод ҳамроҳ бо идораҳои дигари давлатӣ тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардаанд, ки барои мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ, мусодираи асъор ва 9 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи оқои Нурмуҳаммадзода, “дар Кодекси пешина мусодираи асъор набуд. Ҳоло ҷорӣ мешавад. Агар сарроф ғайриқонунӣ мубодилаи асъор кунад – дар мағоза, дар бозор – дар сурати ба даст афтоданаш, маблағҳои ӯ пурра мусодира карда мешавад. Ҷаримаҳо то 10 баробар боло бурда мешаванд."

Бар асоси дустури Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло ивази асъор танҳо дар бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ иҷоза дода шудааст ва ҳар амалиёти мубодилаи асъор, ки берун аз ҳудуди ин нуқтаҳо сурат мегиранд, ғайриқонунӣ мебошад. Мақомоти тоҷик тайи моҳҳои гузашта даҳҳо танро барои муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ боздошт намуда ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.

Қурби расмии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар як соли охир дар муқобили доллар беш 50 дарсади қурбашро аз даст дод. Сомонӣ дар “бозори сиёҳ” дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ беш аз 60 дарсад арзонтар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои пешгирӣ аз коҳиши қурби доллар асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ истифода мебарад. Аз ҷумла дар моҳи май бо қарори президент раиси Бонки миллӣ ва тамоми муовинони ӯ аз мақом барканор карда шуданд. Раҳбарияти нави Бонки миллӣ саррофиҳои хусусиро баст ва мубодилаи асъорро танҳо аз тариқи бонкҳо иҷозат додааст.

Ин боиси саргардонии аҳолӣ дар роҳи табдили пул шудааст. Азбаски аксари хонаводаҳои Тоҷикистон рӯзгори худро аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин мекунанд ва пули онҳо асосан бо асъори хориҷӣ ва бештар бо рубли русӣ меояд, мардум маҷбуранд барои табдили пулашон ба сомонӣ аз хидмати саррофон истифода баранд.

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар ин кишвар ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло мардум маҷбур аст, барои табдили пулаш чанд километр роҳро тай карда, ягон бонкро ҷустуҷӯ кунад ваё ба саррофони “бозори сиёҳ” рӯ биорад, ки ин имкони фиреб хӯрдани онҳо ҳангоми табдили маблағҳояшонро бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG