Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви "Гурӯҳи 24" дигарбора дар Туркия боздошт шудааст


Насимҷон Шарипов соли 2018 дар Туркия дастгир ва дертар озод шуда буд
Насимҷон Шарипов соли 2018 дар Туркия дастгир ва дертар озод шуда буд

Мақомоти интизомии Туркия яке аз мухолифони фаъоли ҳукумати Тоҷикистонро дар шаҳри Истанбул дастгир кардаанд. Насимҷон Шарипов, намояндаи “Гурӯҳи 24”, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март дар ҷойи кораш дастгир шудааст ва айни замон дар боздоштгоҳе дар Истанбул нигаҳ дошта мешавад.

“Гурӯҳи 24” бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки вакили дифои Насимҷон Шариповро аз ҳодиса огаҳ кардаанд, то сабабҳои боздоштро маълум кунад.

Дар баёния омадааст, ки “Насимҷон Шарипов дар Туркия ҳаққи паноҳандагӣ гирифта ва қонунӣ иқомат мекард.” Насимҷон Шариповро мақомоти Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва узвият дар созмони экстремистӣ муттаҳам мекунанд. Худаш ин иддаоро рад кардааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки боздошт бо дархости онҳо сурат гирифтааст, ё не.

Бори аввал нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия дастгир мешавад. Ӯро моҳи марти соли 2018 ҳамроҳ бо Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карданд. Аввалӣ баъди андаке бештар аз ду моҳ ва дувумӣ пас аз 9 моҳ аз боздошт раҳо шуданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки дар воқеъ аз мақомоти Туркия дархости ҳардуро талаб кардаанд.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG