Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени тоҷик аз рафтори ҳамтоёни русаш изҳори таассуф кард


Садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳҳои Русия дар моҳи март дармонданд.
Садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳҳои Русия дар моҳи март дармонданд.

Умед Бобозода, Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз рафтори ҳамтоёни русаш дар мавриди посух надодан ба номаи ин ниҳод изҳори таассуф намуд.

Ӯ рӯзи 16-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро диданд, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи ”Домодедово” зери ҳар гуна фишор қарор мегиранд ва баъди тамошои ин навор аввалҳои моҳи апрел бо ирсоли номаи расмӣ аз ҳамтои русаш шарҳи ин масъаларо хостаанд.

Бобозода таъкид намуд, ки дар робита ба ин масъала аз сӯи Омбдусмени рус то ҳол мутаассифона ҳеҷ посухе нагирифтаанд: “Асос мавҷуд буд, ки мо муроҷиат кардем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидем, ки як гурӯҳ шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон он ҷо аз Узбекистону Қирғизистон низ дар фурудгоҳи ”Домодедово” гӯиё зери ҳар гуна фишор қарор дошта бошанд, мо мактуб ирсол намудем, ки агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад аз ҷониби мақомоти корҳои дохилаи ин кишвар, ба мо кӯмак кунед ва ҷавоби бевосита ирсол кунед, ки накарданд ва 15 рӯз шуд боз такроран нома ирсол намудем”.

Назари масъулони Идораи омбудсмени Русия ҳанӯз рӯи даст нест, ки чаро дар нисбати номаи расмии ҳамтоёни тоҷики худ хомуширо ихтиёр намудаанд.

Омбудсмени тоҷик гуфт, “Дар номаи худ як гурӯҳ шавҳрвандони Тоҷикистонро ном бурдем, ки дар он ҷо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилааш, милиса дидаву дониста ба иззати нафси онҳо расидааст, таҳқиру дигару дигар ҳолатҳо буд, дар ҳақиқат мо худамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидем. Онҳо гуфтанд, мебинем."

Умед Бобозода баъди нишасти хабарӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳ ҷамъ шуда буданд, дар шароити пандемияи коронавирус дар фурудгоҳи Русия ҳадафи сафар ба кишварро доштаанд.

Дар пай сирояти бемории COVID-19 дар Русияву дигар кишварҳои ҷаҳон ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатии тоҷик бо ҳадафи бозгашт ба кишвар дар фурудгоҳҳои Русия ҷамъ шуда, дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки вазъи ногувореро доранд.

Аз ҷумла, шаби 31-уми март ба зӯр ҳудуди 300 муҳоҷир аз Осиёи Марказиро, ки дусад нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, аз фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Маскав ба кӯча рондаанд. Он замон хабарнигор Галия Ибрагимова дар ин бора дар саҳифааш дар Фейсбук иттилоъ дода буд.

Ба қавли ӯ, ҳамаи ин афрод кӯшиш доштанд, ки аз Русия ба зодгоҳҳояшон бираванд, вале ба сабаби паҳншавии коронавирус ва баста шудани марзҳо тақрибан ду ҳафта дар фурудгоҳ монданд.

Ба думболи хуруҷи коронавирус дар Русия наворҳо аз вазъи ногувори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик на танҳо дар фурудгоҳи "Домодедово" балки дар дигар фурудгоҳҳои ин кишвар низ ба назар мерасиданд. Мақомоти Тоҷикистон бо ташкили парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо садҳо шаҳрванди кишварро аз Русия ба Ватан баргардониданд, вале шумори зиёде дар талоши бозгаштанд.

Русия як мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар он кору иқомат мекунанд. Ҳоло бозгашти онҳо ба Тоҷикистон теъдоди бекоронро дар кишвар афзоиш додааст ва аз ҷониби дигар коҳиши интиқоли маблағҳояшон, ба вазъи иқтисодии кишвар таъсири бад гузоштааст.

XS
SM
MD
LG