Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон чиптаҳои қалбакии самти Маскав - Душанберо харидаанд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳушдор дод, ки фурӯши чиптаҳои қалбакӣ дар самти Маскав – Душанбе афзоиш ёфтааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи рӯзҳои ахир ҳафт аризаи шаҳрвандони Тоҷикистонро дарёфт кардаанд, ки "тӯъма"-и чиптафурӯшҳои қалбакӣ қарор гирифтаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, Нозӣ Ғарибмаҳмадов дар аризаи худ навиштааст, аз як маркази диллерӣ дар бозори «Текстилшиков»-и Маскав аз Комила Ҳайдарова, шаҳрванди Тоҷикистон ба ивази 17 ҳазор рубли русӣ билети ҳавопайморо харидорӣ кардааст. Аммо вақте ба фурӯдгоҳ меояд, маълум мешавад, ки чиптаи харидааш қалбакӣ аст ва натавонистааст ба Тоҷикистон парвоз кунад.

Иброҳим Аҳмадов меафзояд, ки вақте ходимони Хадамоти муҳоҷират барои тафтиши ариза ба ҷои ҳодиса мераванд, дар он мавзеъ на маркази дилерӣ ва на Комила Ҳайдарова, фурӯшандаи чиптаи қалбакиро пайдо намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони Хадамоти муҳоҷират ба тафтиши 7 аризаи шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд.

Ба қавли Иброҳим Аҳмадов, дар истгоҳи роҳи оҳани Маскав низ 10 шаҳрванди Тоҷикистон билети қатораро аз як ҳамватан, ки ҳоло ному насабаш маълум нест, харидорӣ мекунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки чиптаҳои харидаашон тақаллубӣ будаанд.

Хадамоти муҳоҷират бо назардошти чунин ҳолатҳо аз муҳоҷирони корӣ, ки дар фасли зимистон мехоҳанд ба назди пайвандонашон баргарданд, тақозо кардааст, ки чиптаҳоро танҳо аз кассаҳои расмӣ харидорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG