Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистон - мавсими сармову коҳиши интиқоли пул


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Воридоти маблағ ба Тоҷикистон нисбат ба ду моҳи қаблӣ коҳиш ёфта, дар моҳи октябр ҳамагӣ 380 миллион долларро ташкил додааст.

Бар пояи мониториги муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва барномаи СММ, моҳи октябр ба кишвар 380 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ду моҳи қаблӣ камтар, вале дар муқоиса бо моҳи октябри соли гузашта 12 дарсад бештар аст.

Тибқи мониторинги СММ ва ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳар моҳ гузаронда мешавад, имсол воридоти маблағ ба кишвар аз ҳама зиёд моҳи август сурат гирифта, 436 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст. Ин нишондод дар моҳи сентябр ба 421 миллион доллар расидааст.

Таҳлилгарон коҳиши воридоти маблағ ба Тоҷикистонро ба фаро расидани мавсими бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ рабт медиҳанд, ки одатан аввали фасли баҳор сафар карда, тирамоҳ бармегарданд.

Тибқи итттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ-октябри соли равон аз Тоҷикистон 765 ҳазору 5 нафар ба муҳоҷират рафта, то кунун 484 ҳазор нафар баргаштаанд.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-октябри соли равон ба 2 миллиарду 600 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон, яке аз пешсафон дар дунё арзёбӣ кард. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 3 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудаанд, ки 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG