Пайвандҳои дастрасӣ

Барои таҳқиқи қазияи тиҷорати пӯст ва гӯшти хар дар шимоли Тоҷикистон, як гурӯҳи кории тафтишотӣ таъсис шудааст. Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд рӯзи 13-уми январ зимни нишасти гуфт, ин гурӯҳи корӣ дар пайи нашри наворҳои забҳ ва корбурди гӯшти хар дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва ошкор шудани як корхонаи коркарди пӯсти хар дар минтақа, ба кор оғоз кардааст.

Ба қавли ӯ, ин гурӯҳ, иборат аз мақомоти пулис мушаххас хоҳад кард, ки сокинон “харҳоро аз куҷо дастрас ва забҳ мекунанд” ва “пӯсту гӯшти онро чӣ мекунанд ё куҷо мебаранд?”. Ӯ афзуд: “Касе, ки дар ин кор даст дорад ва дар кирдораш аломатҳои содир кардани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор кунем, нисбат ба ӯ ин чораҳо татбиқ карда мешавад.”

Ба таъкиди додситони Суғд, мақомот то кунун маълумоте дар бораи истифодаи гӯшти хар дар ошхона ё дигар ҷойҳои ҷамъиятии ғизофурӯшӣ дастрас накардаанд: “Фақат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коркарди пӯсти хар дар корхонаи “Файзи Мастчоҳ”, дар ноҳияи ҳамномро ошкор карданд ва ҳоло санҷиши фаъолияти ин корхона идома дорад, ки онҳо ба чӣ мақсад чунин мекарданд ва онро куҷо фиристоданӣ буданд.”

​Масъулони оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯянд, аз қазияи забҳи харҳо дар шимоли Тоҷикистон огаҳ ҳастанд ва ин кор маҳз ба хотири тиҷорати пӯсти хар ва на гӯшти он анҷом шудааст. Ба қавли Ибодулло Қурбониён, раҳбари ин ниҳод, дар шимоли кишвар харҳоро забҳ карда, пӯсти онро бо нархи гарон тавассути Қирғизистон ба кишварҳои дигар мефурӯшанд. Вале масъулони ин ниҳод ҳанӯз ягон ҳолати фурӯши гӯшти харро ошкор накардаанд.

Дар ҳоле, ки мақомот аз ифшои номи кишвар ё кишварҳои харидори аслии пӯсти хар аз тоҷирони тоҷик худдорӣ меварзанд, сокинон аз интиқоли пӯсти хар аз Тоҷикистон ба Чину Афғонистон сӯҳбат мекунанд. Шариф Назаров, як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич мегӯяд, “харидорони хар мегӯянд, ки онро барои забҳ мехаранд ва харидорон пӯсти онро тавассути роҳи заминӣ тавассути Афғонистон ё мустақиман ба Чин мебурдаанд.”

Ибодулло Қурбониён, раиси Оҷонсии "Тоҷикстандарт" гуфт, ки аз қазияи забҳи харҳо дар шимоли Тоҷикистон огаҳ ҳастанд ва ин кор маҳз ба хотири тиҷорати пӯсти хар ва на гӯшти он анҷом шудааст.
Ибодулло Қурбониён, раиси Оҷонсии "Тоҷикстандарт" гуфт, ки аз қазияи забҳи харҳо дар шимоли Тоҷикистон огаҳ ҳастанд ва ин кор маҳз ба хотири тиҷорати пӯсти хар ва на гӯшти он анҷом шудааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ин ноҳияи кӯҳстонӣ шумораи хар кам шуда, нархи як хари пиру лоғар аз 70-100 сомонии пештара то 200 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ба қавли ӯ, арзиши як сар хари корӣ низ аз ҳудуди 1 ҳазор сомонӣ то 2 ҳазор боло рафтааст.

Қазияи забҳи харҳо дар минтақаи шимолии Тоҷикистон баъди раҳ ёфтани наворҳои ошкор намудани гӯшти ин ҷонвар дар мошини як соҳибкори маҳаллӣ тахминан як моҳ қабл баҳсҳои пуршӯри “ҳалол ва ҳаром” - ро миёни корбарони интернет дар пай овард. Ахиран пайдо шудани наворҳои пӯсткании ин ҷонвар ва даҳҳо сар хари пӯстканда дар саҳрои зоҳиран вилояти Суғд, ба ин баҳсҳо дубора доман зад.

Як нафари наздик ба тафтиши қазияи забҳи харҳо дар шимоли Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, камшумор шудани хар ва қимат шудани пӯсти он дар бозорҳои Чин тоҷиронро ба воридоти хар ва пӯсти он аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба Чин ҳавасманд кардааст. Аммо мақомоти тоҷик ба хотири халалдор нашудани муносибат бо Чин, ки сармоягузори аслии кишвар маҳсуб меёбад, аз ин бизнеси навбаромад ва қир шудани харон ҷилавгирӣ намекунанд ва онро ба танзим намедароранд.

Чунки сокинони Тоҷикистон аз хӯрдани гӯшти хар ва дар бар намудани либосу пойфзоле, ки аз пӯсти он омода карда шудааст, парҳез мекунанд. Аз ин рӯ тиҷорат бо гӯшту пӯсти онро низ нораво дониста, аз қадим коркарди гӯшту пӯсти онро ба роҳ намондаанд. Ин ҷонвар дар кишвар бештар барои обу боркашонӣ ва корҳои дигари саҳро истифода мешавад ва қиматаш дар бозорҳо аз якуним то ду ҳазор сомонист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG