Афзоиши нархи хар дар бозорҳои Афғонистон аз робитаи тиҷории пинҳонӣ бо Чин парда бардоштааст. Пулиси Афғонистон чанде қабл як мошини борбарро дар вилояти Кундуз кашф ва мусодира кардааст, ки дар он садҳо адад пӯсти хар ҷой дошт. Мақомҳои пулиси маҳаллӣ дар гуфтугӯ бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин мошин аз Мазори Шариф ба инҷо омада буд.
Дар ин рӯзҳо, масъалаи хариди зиёди хар зоҳиран доғ мешавад. Дар вилояти Бағлон рӯзона харҳоро чандин мошин барои хариду фурӯш ба бозорҳои вилоятҳои ҳамҷавор интиқол медиҳанд. Бештари харидорон ба дунболи харҳое ҳастанд, ки аз кор афтодаанд ва метавонанд онҳоро бо нархҳои арзонтар харидорӣ намоянд.
Як сокини Бағлон ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки “харидорон харҳои мурдаро мехаранд, вале маълум нест онҳоро куҷо мебаранд. Бо 1700-1800 афғонӣ (тахминан 20 доллари амрикоӣ) онҳоро мехаранд ва дар мошинҳо бор карда мебаранд. Пӯсташро мехаранд, вале маълум нест ба куҷо меравад, ба хориҷ ва ё ҷои дигар."
Бархе аз фурӯшандаҳои дигар аз хариду фурӯши харҳои кушташуда хабар додаанд. Як фурӯшанда мегӯяд, ки бархе афрод харҳои мурдаро харидорӣ намуда ва ба тарафи Самангон мебаранд. Ӯ мегӯяд, ки ин харҳо ба қимати мухталиф, аз 1300 афғонӣ сар карда то 15 ҳазор афғонӣ қимат доранд. Аксари фурӯшандаҳо намедонанд, ки мақсади ниҳоии харҳои харидашуда куҷост. Як сокини ин минтақа мегӯяд, "харҳое, ки роҳ гашта наметавонанд, онҳоро мошин-мошин мебаранд, аммо маълум нест, ки ба куҷо?"
Аммо чанде пеш рӯзномаи бритониёии Guardian аз бозори талабот барои хар дар Чин парда бардошт. Чиниҳо аз солҳо ба ин тараф харҳои дунёро мехаранд. Паз аз он, ки бархе аз кишварҳои африқоӣ фурӯши харро ба таври қонунӣ манъ карданд, чиниҳо барои хариди харҳо ба бозорҳои нав дар Осиёи Миёна рӯй оварданд. Масалан, афзоиши ҳузури чиниҳо дар Тоҷикистон ва тақозо барои гӯшти хар, боиси афзоиши қимати ин ҳайвон дар ин кишвар шуд ва миёни сокинон нигарониҳоеро ба миён овард.
Аммо ғайр аз он, ки гӯшти хар дар миёни чиниҳо талабгорони зиёд дорад, ба навиштаи рӯзномаи Guardian, пӯсти ин ҳайвон низ дар тибби суннатии чинӣ хосияти табобатӣ доштааст. Тавре, ки ин рӯзнома менависад, чиниҳо аз маҳлули ҷӯшидаи пӯсти ин ҳайвон моддаи часпноке ба даст меоваранд, ки аз он барои бемории бехобӣ, сулфа ва хунсозӣ истифода мешавад.
Дар Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон, ки аксарият мусалмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшти хар парҳез мекунанд ва онро ҳаром меноманд. Ин ҳайвон дар кишвар бештар барои обу боркашонӣ ва корҳои дигари саҳро истифода мешавад ва қиматаш дар бозорҳо аз якуним то ду ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Мавзӯи харидуфурӯш ва забҳи хар дар Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар он бештар чиниҳо кор мекарданд, рӯ зада буд.
Тобистони соли 2015 Идораи байтории Тоҷикистон гуфт, ки дархости тоҷирон аз Русияву Чинро барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишвар рад намудааст. Ин гурӯҳи тоҷирон қасд доштаанд, коркарди гӯшти харро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, сипас ба Чин содирот намоянд. Муллоҷон Амирбеков, сардори Идораи байтории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки худи тоҷирон низ баъд аз омӯзиши онки Тоҷикистон ҳамагӣ 184 ҳазор хар дорад, аз ташкили чунин корхона даст кашиданд.
Узбакистон...
Дар моҳи декабри соли 2016 мутахассиони бахши беҳдоштии Узбакистон ҷасад ва устухонҳои садҳо хари мурдаро, ки аз наздикии шаҳраки Хишрави Самарқанд пайдо шуда буд, оташ заданд. Таваҷҷӯҳ ба "қабристони харҳо" баъди он равона шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Самарқанд саҳнаҳои даҳшатноки устухону ҷасадҳои харҳоро нашр карданд. Бархе суолгузорӣ карданд, ки мабодо бар хилофи муқаррарот, гӯшти ин ҷонвар, ки ҳаром ҳисоб мешавад, дар ғизо истифода нашуда бошад.
Моҷарои қассобхонаи гӯшти хар дар Қирғизистон
Соли 2015 матбуот дар бораи моҷарои қассобхонаи гӯшти хар дар Қирғизистон хабар дода буд. Дар деҳаи Манаси вилояти Чуйи ин кишвар қассобхонае ошкор шуд, ки ба забҳи хар машғул будааст. Ин ҳодисаи моҳи феврали он сол тамоми мақомоти Қирғизистонро ба по кард. Бархе аз вакилони парлумони ин кишвар аз муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ хостаанд, ба парлумон ҳозир шуда, ба суоли онҳо дар ин бора посух гӯянд.
Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон ё ОТРК гуфт, ки дар қассобхона “калламанора”-и хар ва дигар аҷзои буридашудаи бадани онро мушоҳида кардаанд. Рӯзи 27 феврал дар рустои Манас гирдиҳамоии эътирозии сокинон баргузор шуд ва онҳо хостанд, то ҷои забҳи харҳоро бубинанд. Эътирозгарон, инчунин, тақозо карданд, то гӯшти харҳое, ки дар ин қассобхона ҷамъ шудааст, дар пеши назарашон сӯзонда шавад. Баъд аз он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумисюни ҷамъиятӣ ҳам ташкил карданд.
Аммо Алмаз Такирбашев, раҳбари ширкати забҳи ҳайвонот бо номи “Кайтал” баъдан дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, онҳо гӯшти харро на барои сокинони маҳаллӣ, балки ба хориҷ содир мекарданд. Ба қавли ӯ, гӯшти харро ширкати хориҷии Solax trading LTD бар асоси қарордоде, ки миёни онҳо 14 декабри соли гузашта имзо шудааст, харидорӣ намудааст. Гӯшти хар, ба гуфтаи ӯ, бештар барои ғизои ҳайвонот дар боғи вуҳуши Ҳонконг таҳия шудааст.
Дар Эрон ҳам будааст...
Дар Эрон ҳам соли 2013 се нафар ба иттиҳоми дуздии хар ва фурӯши гӯшти он ба ресторанаҳои байнироҳӣ дастгир шудаанд. Хабаргузории «Меҳр» моҳи марти он сол хабар дода буд, ки ба идораи пулиси минтақаи Ҳасанободи Қум дар бораи дуздии се хар шикоят омадааст. Маъмурони пулис баъдан соҳиби як қассобхонаро дар ҳоле, ки машғули пора кардани гӯшти хар буд, дастгир ва ба идораи полис интиқол доданд.
Нерӯҳои пулиси минтақа гуфтаанд, ки тавонистанд ду муттаҳамро шиносоӣ карда ва ду хар, ки ҳанӯз кушта нашуда будандро пайдо кунанд. Бар пояи ин гузориш, муттаҳамон гуфтаанд, пас аз дуздӣ ва забҳи харҳо, гӯшти онҳоро ба қассобхона фурӯхта ва қассоб низ онро ба бархе аз ресторанҳои байнироҳӣ барои дуруст кардани кабоби кӯбида, ба фурӯш мерасонд.
Оё мард ба Зан мушт мебардорад 🤡 ту занро бурда зиндон кардаи нагуфти ку . Милесахои ту занхоро футбол доран нагуфти ку ! Дуруяи ту дуруя
Афсус. Рузаруз аксарият мардум гуломиро кабул карда истодаанд. Озодиро дар чор бинои баланди душанбе мебинанд. Ё дар раксу бози. Мо дар як 2 хучраги квр 9 нафар зиндаги мекунем. 8 нафар дар тиктоку ютуб чизхои бемаьне тамошо доран. Акалан хамин сайти озодиро намедонанд. Фикр мекунанд ки хаёт хамин аст.
Мо ҷомеаи Шарқӣ ҳастем ва аз ин боис таҳқирпазирии мо сарҳад надорад. Ҷомеаи тоҷикистониён ва умуман тоҷикон таҷрибаи рушди демократӣ надоранд ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ заиф аст. Дар чунин ҳолат тақдири рушди давлат аз худи мардум вобаста нест, он тамоман дар дигар маконҳо ҳаллу фасл мешавад.
Закон пишется людьми. А вот контролирует этот закон какой то псевдо президент который 30 лет уже всей своей голодной семейкой насилует его.
Мардум интизори интервюи устоди Далер хастанд . Курбони Собир . Радиои озоди устоди Далер хам бенихоят марди шинохтаю дустдоштаи мо АСТ . Бигзор камтар муаррифи кунад шогирди худашро , то миллат фахмад ки ин одамкушон ба ин рузхо ба чи кор машгуланд . Дар инхо на акл мондаст дигар на одобу тарбия . Хаёл мекунанд ки мардум дар зоопарк калон шудаанд ранги худашону хеч чизро намедонанд .