Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон аз ҳузури аносири мазҳабии хатарнок дар ҳукумат ҳушдор дод


Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз роҳ ёфтани намояндагони равияи cалафия ва пайравони "мазҳаби шиаи исноъашарӣ" ё дувоздаҳимома дар мақомҳои давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел дар як мулоқот бо фаъолону имомхатибон ва ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб гуфт, "амалкарди пайравони равияи салафия дар чанд соли пеш барои мову шумо маълум аст, ки чӣ баҳсҳои носолимеро дар миёни ҷомеа барангехтанд ва бадбахтиҳоеро барои ҷомеа ба бор оварданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулқодирзода, "баъзе аз олимон дар масъалаҳои ақидавӣ, андешаҳои тундрави носозгоре доранд ва ҳар куҷое, ки бошанд, даст ба гиребон ва хуни якдигарро мерезонанд, инҳо хусусан аз ҳаракати салафӣ ва шиаи исноашарӣ ҳастанд."

Ҷаноби Абдулқодирзода аз он изҳори таассуф кард, ки "мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гурӯҳҳо, яъне намояндагони равияи салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд."

Аммо раиси шӯрои уламои дини Тоҷикистон аз нафари мушаххаси намояндаи салафия ва "шиаи исноъашарӣ" ва дар кадом мансаб фаъолият кардани онҳо ном набурд.

Бо таваҷҷӯҳ ба фаъол шудани ин гуна гурӯҳҳо ва хатари таблиғи ҳар чӣ бештари ақидаҳои онҳо, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз имомхатибону домуллоҳо даъват кард, то дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз андешаҳои бегона ва носолим барои ҷомеа аз исломи асл кор бигранд ва бетараф набошанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода бори дигар гаравидани ҷавонон ба ҳаракату равияҳои тундгароро маҳкум кард ва аз ширкатдорони нишаст хост, то фарзандону ҷавононро дар рӯҳияи маҳзаби Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа, ки аксарияти кулли аҳли суннат дар Тоҷикистон аз ҳамин равия пайравӣ мекунанд, тарбия кунанд. Зеро ба андешаи раиси шӯрои уламои дини Тоҷикистон, мазҳаби ҳанафӣ орӣ аз ҳама ғаразу нопокиҳо ва тундравиҳост.

Пайравони равияи салафия аксаран дар Арабистони Саъудӣ ба сар мебаранд ва шохаи исноашарии мазҳаби аҳли ташайюъ, ки ба 12 имом бовар доранд, дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Аз 97 дарсад аҳолии мусалмони Тоҷикистон беш аз 90 дарсадаш сунниҳои пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва танҳо камтар аз 10 дарсад пайрави равияи исмоилияи мазҳаби шиа мебошанд. Аммо дар солҳои охир, бахусус дар пайи боз шудани дари мадрасаҳои хориҷӣ барои таҳсили толибилмони тоҷик дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби хатмкардаҳои ҳамин мадорис пайравони равияҳои, ба истилоҳ, "навбаромад"-е ҳам пайдо шуданд, ки ба гуфтаи рӯҳониёни суннатӣ, ихтилофро дар байни ҷомиа бештар мекунад.

Махфират Хидирова
Махфират Хидирова
Сафари Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон низ мулоқотеро бо фаъолзанону ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб доир кард. Хонум Хидирова, низ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда ва гуфт, ки дар муддати чор соли ахир 642 нафар барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ муҷозот гардидаанд.

Ин сафарҳои мутааддиди мақомоти тоҷик ба минтақаи Кӯлоб дар пайи афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия аст. Гуфта мешавад, аксари ин ҷангиёни тоҷик дар Сурия аз минтақаи Кӯлоб буда, дастикам 4 тоҷики кушташуда дар он кишвари арабӣ ҳам аз ҳамин минтақа - 3 нафар аз шаҳри Кӯлоб ва якеи дигар аз ноҳияи Восеъ будаанд.

Ба бовари маҳофил, нигаронӣ аз гароиши аҳли ин минтақа ба равияҳои тундрав ва афзоиши алоқаи бархе ҷавононаш ба ақидаҳои "ҷиҳодӣ" боис шудааст, ки аз Душанбе ба ин минтақа чанд "десант" партоянд. Аз ҷумла раиси кумитаи занон Мағфират Хидирова ва муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро.

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG