Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 642 "ифротӣ" дар 4 сол


Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, муддати чор соли ахир беш аз 600 ҷавони тоҷик барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки хусусияти ифротӣ доранд, муҷозот шудаанд.

Махфират Хидирова, рӯзи чоршанбе, 16-уми апрел зимни мулоқот бо занону духтарони шаҳри Кӯлоб гуфт, ки "воқеан шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ифротӣ мояи нигаронии амиқ аст. Муддати чор соли ахир 642 нафар аз ҷавонони тоҷик барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҷозот шудаанд."

Ҳарчанд хонум Хидирова аз ҳизбу ҳаракати хосе ном набурд, аммо аз ҷалби ҷавонони тоҷик барои ҷанг дар Сурия изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, суоли матраҳ ин аст, ки "кӣ онҳоро (ҷавонони тоҷикро) ба он ҷо (Сурия) равон мекунад? Ин раванд моро ҳушдор медиҳад, ки зираку ҳушёр бошем ва донем, ки ин гурӯҳҳо дар байни мо ҳастанд, кор мебаранд ва барои ҳадафҳои нопоки худ чӣ корҳое намекунанд."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз занону модарони шаҳри Кӯлоб даъват кард, то дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саҳм бигиранд. Зеро ба гуфтаи хонум Хидирова, бетафовутӣ ва саҳлангорӣ дар ин замина метавонад, паёмадҳои номатлубе барои худи падару модарон, оила ва ҷомеа дар пай дошта бошад.

Даъвати Махфират Хидирова аз занони Кӯлоб барои ҷилавгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо роҷеъ ба ҷалби ҷавонони тоҷик барои ҷанг дар Сурия ва кушта шудани бархе аз онҳо, бахусус аз минтақаи Кӯлоб дар расонаҳо нашр шуд.
Ахиран як сомонаи зоҳиран марбут ба ҷангиёни хориҷӣ дар ҷанги Сурия дар поёни моҳи март аз ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи мустаори “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” дар ҷанги Сурия хабар дод. Ба дунбол сокинони маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ хабар доданд, ки дар акси “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” сокини 26-солаи ин маҳалла Бахтиёр Шеровро шинохтаанд, ки ду сол қабл ба Русия рафта, тайи чанд моҳи охир бедарак шуда буд.

Бахтиёр Шеров, чорумин шаҳрванди ҳисобшудаи Тоҷикистон аст, ки дар ҷанги Сурия ҷон мебозанд. Қаблан дар бораи ҳалокати ду зодаи шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Восеъ дар Сурия гузориш шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон шумораи ҷангиён аз Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурияро ҳудуди 200 нафар тахмин мезананд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар авоили моҳи март мақомоти умури дохилаи Кӯлоб аз боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо иттиҳоми талоши ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба "ҷиҳод" дар Сурия хабар доданд. Давлат Чолов дар соли 2003 бо ҷурми таҷовуз ба номус ва куштор маҳкум ба зиндон шуда, вале баъди раҳоияш ба тиҷорат пардохтаву силсилаи дӯкону ошхонаҳо доштааст ва барои таъмини нуқтаҳои савдояш ба Туркия равуо мекард. Манобеи Озодӣ мегӯянд, гӯё ӯ аз Туркия муддате ба Сурия сафар кардааст.
Баҳриддин Муъминов.
Баҳриддин Муъминов.
Қабл аз он, дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи макотиби олии Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон карда буд. Баъдан дар як барномаи телевизионӣ Баҳриддин Мӯъминов, зодаи ноҳияи Восеъ ва яке аз ин маҳкумшудагон эътироф кард, ки ҳам ӯву ҳам падараш узви ҳизби мухолифи наҳзати исломианд.

Ҳамакнун нозирони умур мегӯянд, ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар пасманзари ҳаводиси Сурия мақомоти тоҷикро водор кардааст, то дар миёни аҳолӣ, бо занону модарон умури фаҳмондадиҳиро бештар кунанд.

Дар вохӯрии Махфират Хидирова, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо занону модарони дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин Мулло Ҳайдар Шарифзода, сархатиби масҷиди марказии Кӯлоб низ ширкат карда ва суханронӣ намудааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG