Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҷангиёни тоҷик дар Бадахшони Афғонистон


Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон, се табааи хориҷӣ кушта шудаанд, ки миёни онҳо ҷангиён аз Тоҷикистон низ ҳастанд.

Бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон дар вилояти Бадахшони Афғонистон, се ҷангии хориҷӣ кушта шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ин вилоят гуфтаанд, ки миёни кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд.

Телевизиони "Тулуъ" рӯзи якшанбе аз қавли Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи фармондеҳии пулиси вилояти Бадахшон иттилоъ дод, ки се тан аз афроди кушташуда дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон дар вулусволии Ҷурм, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистон будаанд. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин ҳамла се тан аз Толибони афғон захмӣ шудаанд.

Аммо дар ин хабар ба ному насаби ҷангиёни кушташуда ишорае нашудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса шоми рӯзи шанбе рух додааст ва ин афрод ҳангоми ҷобаҷокунии минаҳои канорироҳӣ, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Нерӯҳои амниятии афғон ахиран бо гирифтани масъулияти амниятии кишварашон аз нерӯҳои хориҷӣ, амалиётҳои поксозиро дар бахшҳои мухталифи ин кишвар оғоз кардаанд ва ба гуфтаи мақомоти афғон, садҳо нафар аз шӯришиёнро дар ин муддат куштаанд.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Бадахшон ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Қундуз солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Минтақае, ки ҳоло мақомоти афғон мегӯянд, ки ҷангиён тоҷик ва чеченро ҳадаф қарор додаанд, дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон ва Покистон қарор дорад.

Мақомоти амниятии тоҷик қаблан гуфта буданд, раванди бармалои таҷаммӯи гурӯҳҳои созмонҳои террористӣ дар вилоятҳои шимоли ҳаммарз бо ИДМ-и Афғонистон мушоҳида мешавад.

Вулусволиҳои Ҷурм, Карон ва Минҷон, Вардуҷ ва Юмгон аз ноаамнтарин минтақаҳои вилояти Бадахшон ба шумор мераванд ва мақомоти амниятии Афғонистон тахмин мезананд, ки ҷангиён аз тариқи Покистон ба ин вилоят ворид мешаванд ва амнияти минтақаро баҳам мезананд.

XS
SM
MD
LG