Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду толиби тоҷикистониро аз Қундуз ба Душанбе овардаанд (ВИДЕО)


Умар ва Комил дар пулиси Қундуз
Умар ва Комил дар пулиси Қундуз

Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон ду ҷангии тоҷикистониро, ки ду ҳафта пеш дар ин вилоят дастгир шуда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.

Мақомоти амниятии вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон мегӯянд, 2 рӯз пеш ду ҷангии тоҷикистониро, ки шаби 8 ба 9 июн дар вулулволии Имом Соҳиб дастгир карда буданд, рӯзи 22 июн ба ҷониби Тоҷикистон супурдаанд.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи қумандони амнияи Қундуз рӯзи 24 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар як ҷаласаи ҳукумати Афғонистон раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай қарор кард, ки ин ду толиби тоҷикистониро ба Душанбе бисупорем. Ба дунбол раиси идораи мубориза бо терроризми вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Қундуз омад ва 2 рӯз пеш ҳарду гумонбарро бо худ бурд. Мо ҳар маводе ки дар ҷараёни боздошт ва таҳқиқи парвандаи ин афрод ҷамъ карда будем, ба ҷониби Тоҷикистон супурдем ва парвандаи Умар ва Комилро аз ин ба баъд онҳо идома хоҳанд дод."

Мақомоти амниятии Қундуз қаблан гуфта буданд, ки шаби 8 ба 9 июн дар як даргирӣ бо нирӯҳои пулис дар Имом Соҳиб ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҷангидан аз тарафи ҷунбиши тундрави Толибон дастгир карданд. Онҳо ба мақомот худро Умар ва Комил муаррифӣ карда, гуфтаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар Покистон тамрин гирифта, барои "ҷиҳод" ба шимоли Афғонистон фиристода шудаанд.

Видеои боздошти ин ду ҷангии тоҷикистониро аз саҳифаи Ozodivideo дар Youtube дар ин нишонӣ тамошо кунед:

Рӯзи 24 июн қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи "як амалиёти ҷустуҷӯӣ" гумонбар дар созмони иттиҳоди ҷиноятӣ шаҳрвандагон Тошпулотов Умаралӣ сокини Шаҳритус ва Кулбашев Комилҷон, бошандаи ноҳияи Қубодиён, дастгир шуданд, ки дар Покистон ба ҳаракати Толибон шомил шудаанд. Дар ин хабар рӯз ва маҳалли боздошти ин ду ҷангӣ гуфта намешуд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 24 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки Тошпӯлотов Умаралӣ ва Қулбошев Комилҷон соли равон дар ҳудуди вилояти Вазиристони Покистон дар таълими динӣ гирифта, баъдан дар шаҳри Ливараи Покистон ба аъзогии ҳаракати Толибон шомил шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки Умаралӣ Тошпӯлотов ва Комилҷон Қулбошев бо номҳои “Мустафо” ва “Ҳамидулло” байъат намуда, бо гуруҳи Толибон ҳамкорӣ мекардаанд.

Тавре ВКД мегӯяд, онҳо охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Покистон бо мақсади дар амалиётҳои низомӣ ширкат карданд дар якҷоягӣ бо аъзоёни “Ҳаракати Толибон” ба муқобили нерӯҳои эътилофи зидди террористӣ, ҷангидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Умаралӣ Тошпӯлотов дар давоми солҳои 2010-2014, ҷамъ шаш маротиба дар ҳудуди Афғонистон дар якҷоягӣ бо дигар аъзои “Ҳаракати Толибон” дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди нерӯҳои низомии Амрико ширкат кардааст. Феълан алайҳи онҳо аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Аммо дар хабари расмии вазорати умури дохила гуфта намешуд, ки ин афрод дар Афғонистон ва аз сӯи амниятиҳои он кишвар дастгир шудаанд.

Ҷангиҳои тоҷикистонӣ дар пулиси Қундуз
Ҷангиҳои тоҷикистонӣ дар пулиси Қундуз

Ин ҳама дар ҳолест ки аз манотиқи дигари Афғонистон дар бораи шумори зиёди ҷангиёни тоҷику узбак дар ҳайати гурӯҳҳои Толибон гузоришҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки дар ҷараёни даргириҳои соли гузашта дар вулусволии Вардучи вилояти Бадахшон ва ҷангҳои моҳи май дар дараи Юмгони ҳамин вилоят, ки бо Бадахшони Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорад, аз тарафи Толибон даҳҳо “толиби тоҷикистонӣ” ҷангидаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ чандин бор бонги изтироб задаанд, ки баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 ба поён бирасад, мунтазири афзоиши талошҳои ҷангҷӯён барои гузаштан ба ин сӯи Омӯянд.

Баробар бо хабари боздошти ду толиби тоҷикистонӣ дар Афғонистон аз Тоҷикистон хабар омад, ки рӯзи шанбеи 7 июн мақомоти тоҷик як сокини ноҳияи Мастчоҳро ҳангоми талоши убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7 июн иттилоъ дод, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Панҷ Садам Қудусов, сокини 22-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба гумони убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шудааст.

Бино бар ин манбаъ, Садам Қудусов ба мақсади пайвастан ба ҳайати гурӯҳҳои Толибон ба ин минтақаи марзӣ омада, мехостааст ба Афғонистон гузарад. Мақомот алайҳи Садам Қудусов парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи муштарак дорад, ки аксаран қад-қади рӯди Омӯ (Панҷ) мегузарад ва ҳифозати ин марзи тӯлонӣ ба далели релефи душвори ҷуғрофиаш амри муҳол аст.

XS
SM
MD
LG