Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши 50-ҳазорнафара дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон


Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши низомӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ бо Афғонистон хабар дод, ки қарор аст дар он ҳудуди 50 ҳазор нафар ширкат намоянд.

Вазорати дифои Тоҷикистон бо эълони “Ҷанги эҳтимолӣ” дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, як размоишро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар хоҳад гирифт, шурӯъ кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 11 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки размоиши фарогир бо ширкати намояндагони тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони навоҳии вилояти Хатлон бо истифода аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт, имрӯз оғоз ёфт. Вай гуфт, ҳамин ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ қарор дорад ва мардуми осоиштаро барои ширкат дар размоишгоҳ даъват мекунанд. Ба гуфтаи вай, дирӯз аз ноҳияи Сарбанд ду ҳазор нафар барои ширкат дар размоиш ҷалб шудаанд.

Фаридун Маҳмадалиев афзуд, дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душман санҷида хоҳад шуд. Вай гуфт, ҳоло шурӯъ аз намояндагони ҷамоатҳо, раисони навоҳию вилоят, намояндагони ҳама ақшори ҷомеа ба ин размоиш даъват шудаанд ва ба онҳо мутахассисони вазорати дифоъ машварату маслиҳатҳо хоҳанд дод.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, "дар ҳолати ҷанг мардуми осоишта низ ширкат хоҳанд кард ва хусусан сокинони навоҳии марзӣ бояд омода бошанд, ки размоиши мазкур сатҳи омодагии онҳоро нишон хоҳад дод."

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта низ як чунин размоиш бо ширкати 500 нафар аз ҳарбиёни захиравии ноҳияи Рӯдакӣ зери унвони "Омодагӣ ба ҳамлаи хориҷӣ" баргузор шуд, ки дар он барои бори аввал занон низ ширкат карданд. Дар моҳи июни соли гузашта дар чунин размоиш дар вилояти Хатлон, 5 ҳазор нафар ширкат карданд, ки ҳадафи он, омодагӣ ба ҳамлаи ғайриинтизор аз беруни кишвар буд.

Баргузории ин размоиш дар ҳолест, ки сару садоҳо аз таҳдиди гурӯҳҳо ва ҷангиёни мустақар дар Афғонистон ба амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯз ба рӯз бештар мешавад. Аз ҷумла Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад. Пеш аз ин ҳам бархе аз мақомҳои тоҷик, афғон ва рус гуфта буданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Анатолий Антонов дар ин нишасти хабарӣ гуфта буд, ки, "ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ба таҳдиде барои кишварҳои Паймони амнияти дастҷамъӣ табдил ёфтаанд." Ба гуфтаи вай, бештари таҳдидҳо аз сӯи ин гурӯҳ равонаи Тоҷикистон аст, чун бо Афғонистон марз муштараки тӯлонӣ дорад.

Вазорати дифои Амрико ҳам дар моҳи феврал гуфта буд, густариши фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақа як нигаронии бузург аст. Шуморе аз мақомҳои дигар Пентагон гуфта буданд, ки "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам қаблан аз ҳузури ҷангиёни тоҷик дар сафҳои "Давлати исломӣ" хабар дода буданд. Тибқи иттилои мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 300 шаҳрвандони ин кишвар дар сафи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Аз сӯи дигар мақомоти афғон мегӯянд, ки зиёда аз 20 нафар аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ ахиран дар амалиёте дар шимоли Афғонистон кушта шуда, хонаводаҳои онҳо ба асорат афтодаанд. Дар миёни онҳо як зан аз Тоҷикистон ва яке дигар аз Қирғизистон ва шаҳрвандони Қазоқистон низ будаанд.

XS
SM
MD
LG