Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши "Ҳифз-2012" дар Бадахшон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Хоруғ-маркази маъмурии Бадахшон як размоиши густардаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷиикстон таҳти унвони «Ҳифз»-2012 шурӯъ шудааст.

Фаридун Маҳмадиалиев, сардори дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин машқҳои низомӣ дар размоишгоҳи мавсум ба «Тем» ва бо ширкати гурӯҳҳо аз ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон мустақар дар вилояти Бадахшон баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, тамриноти низомӣ бо ҳадафи санҷиши омодагии ҷангии гурӯҳҳои қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои вижа, ҳамоҳангии фаъолияти онҳо дар шароити ҷанг дар кӯҳистон, обу тоби рӯҳии сарбозону афсарон, истифодаи анвои мухталифи силоҳҳои ҷангӣ гузаронида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ин размоиш аз тамоми силоҳҳои дар ихтиёрдоштаи нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла чархбол ва мошинҳои зиреҳпӯш истифода карда мешавад.

Дар размоиши мазкур, ки таҳти роҳбарии Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифоъ ва сардори Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир хоҳад шуд, комиссариатҳои ҳарбии вилояти Бадхашон ва раисони навоҳии ин вилоят ширкат хоҳанд кард.

Ин размоиш аз рӯзи 3 июл то рӯзи 10 июл идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG