Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмдилӣ ё зудбоварӣ? Фиреб хӯрдани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Созмони ҷамъиятии "Этмос" дар Русия мегӯяд, соли гузашта 120 муҳоҷири тоҷик шикоят кардаанд, ки ба доми фиребгарон афтодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2018 бист дарсад бештар аст. Сафорати Тоҷикистон даҳҳо муроҷиати кумак барои ёфтани қаллобон гирифтааст. Муҳоҷирон чунин ҳолатро ба раҳмдилии худ рабт медиҳанд. Мақомот ба соддалавҳӣ ва зудбоварии онҳо.

Ҳамсари мувақатӣ

Каримҷон Ёров, раиси созмони ҷамъиятии “Этмос” мегӯяд, ҳолатҳои фиреб хӯрдани муҳоҷирон дар ду соли ахир афзоиш ёфт. Ӯ гуфт, "ҳатто афроде ҳастанд, ки дар миёни муҳоҷирон дар бораи фавти ягон нафар хабари дурӯғ паҳн мекунанд ва гӯё барои фиристодани тобут ба Тоҷикистон кумаки пулӣ мехоҳанд".

"Муроҷиат зиёд аст, вале бисёриҳо ба шевае фиреб мехӯранд, ки арзашонро мақомот баррасӣ карда наметавонанд. Барои мисол, занҳо меоянд ва мегӯянд, ки марде фиребаш дод, шаш моҳ ё як сол зиндагӣ карданд, пули маошашро ҷамъ кард, вале дар охир талоқаш дод. Он мардро мепурсӣ, мегӯяд, маҷбур накарда будам, ки ҳамсарам бошад. Дар ин ҳолат коре карда намешавад. Ё муҳоҷирон бе шартнома кор кардаанд ва пулашонро надодаанд. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фиреб зиёд шудааст",-гуфт ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, моҳе то даҳ муроҷиат аз муҳоҷирони корӣ дар Русия дарёфт мекунанд, ки мавриди фиреб қарор гирифтаанд. Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 29-уми январ гуфт, аксар муҳоҷирони тоҷик раҳмдил ва зудбовар ҳастанд ва баъзан, бо он ки фиреб мехӯранд, вале ба мақомот муроҷиат намекунанд.

Дипломати тоҷик мегӯяд, аксар муҳоҷирон бе ягон асоси қонунӣ ба якдигар қарз медиҳанд ва ё ба нафаре бо ваъдае, ки кадом кореро барояшон анҷом медиҳад, пул медиҳанд. Ӯ гуфт, ҳолатҳое низ буд, ки як нафар бардурӯғ худро бемор вонамуд карда, ёрӣ пурсидааст ва муҳоҷирон даҳҳо ҳазор рубл додаанд.

“Дӯсти қалбакӣ”

Аз ҷумла, шаби 25-уми январ Фаррух Халифаев, муҳоҷири 40-солаи тоҷик дар Русия аз як саҳифаи "Одноклассники", ки дар он ном ва акси як пизишки дӯсташ аз Тоҷикистон сабт шуда буд, дархости таъҷилии кумак гирифтааст.

Ин муҳоҷир мегӯяд, пизишк ба ӯ ёрии зиёд карда буд ва аз ин рӯ, ба рақами корти бонкие, ки аз номи ӯ дар Одноклассники фиристода буданд, ҳамроҳ бо се дӯсташ 44 ҳазор рубл гузаронданд.

Муҳоҷирони раҳмдилу "зудбовар"-и тоҷик ва фиреб хӯрдани онҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ин муҳоҷир ҳатто тафтиш накардааст, ки воқеан ин саҳифа аз пизишк ҳаст ё на. "Вақте саҳар занг задам, ки пулро гирифтӣ ё не, пизишк ҳайрон шуд. Он вақт фаҳмидам, ки фиреб хӯрдам ва касе бо номи дӯсти мо саҳифаи қалбакӣ сохта, моро гӯл задааст",-нақл кард ӯ.

Ӯ ҳоло ба мақомот муроҷиат кардааст, то дар пайдо кардани нафаре, ки вайро фиреб кардааст, ёрӣ кунанд.

"Ҷавоҳироти арӯсии духтарамро дуздид"

Сумангул Панҷшерова, зани дигари муҳоҷир мегӯяд, рӯзи 14-уми декабри соли гузашта дар истгоҳи назди ҷойи кораш бо як духтари тоҷик вохӯрд, ки мегуфт, ҷойи хобу кор надорад.

Сумангул мегӯяд, он занро, ки тақрибан 35-37 сол дошт, ба хонааш овард ва пас аз 15 рӯз ҷавоҳироташро, ки беш аз 300 ҳазор рубл арзиш дошт, дуздида, фирор кардааст.

“Худашро Насиба гуфта буд, вале дурӯғ гуфтааст. Гуфт, духтарам бемор аст ва ҷой надорам, дилам сӯхт. Ҳатто паспорташро надидам, фикр кардам, ки зани калон фиреб намекунад”,-гуфт ӯ.

Ин зан ба мақомот муроҷиат накардааст, чун шахсияти он занро пурра намедонад. Ӯ ҳоло ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз муҳоҷирон хостааст, ки дар шиносоӣ ва пайдо кардани ин зан барояш кумак кунанд.

"Муҳокимаи худсарона" роҳи ҳал?

Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, воқеан чунин фиребгариҳоро аксаран мақомот дар доираи қонун ҳал карда наметавонанд ва аз ин рӯ, дар ин баробар, дар Русия гурӯҳҳое ҳастанд, ки мушкилро худсарона ё ба истилоҳ ба таври «самосуд» ҳал мекунанд.

Буриҷон Холиқов, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, бисёре муҳоҷирон вақте дар доираи 20-30 ҳазор рубл фиреб мехӯранд, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Муроҷиат ба мақомот вақти зиёд мегирад ва баъзан беҳуда аст.

"Пештар аз миёни доғистониҳо зӯрҳое буданд, ки бе дахолати пулис бо роҳи зурӣ масъаларо ҳал мекарданд. Ҳоло чунинҳо аз миёни тоҷикон ҳам ҳастанд. Мисол, як нафар туро 300 ҳазор фиреб кардааст. Меравӣ ва мегӯӣ, ки 50 ҳазораш аз худат, пуламро гардонда деҳ. Онҳо мераванд ва бо таҳдид ё латту кӯб пулро мегиранд. Чунин фиребҳоро бо ин роҳ ҳал мекунанд ва ин як роҳи қассос ва ҳатто одамкушӣ ҳам мешавад", -гуфт ӯ.

Ин муҳоҷири 54-сола, ки 17 сол боз дар Русия ҳаст, мегӯяд, беҳтараш "сода набояд буд ва эҳтиёт кард, то фиреб нахӯрӣ."

Русия, кишварест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Шароити кори муҳоҷирони кории тоҷик сахт арзёбӣ мешавад ва аз ба доми фиребгарон афтодани онҳо низ зуд-зуд гузоришҳо нашр мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG