Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли "ғорат"-и муҳоҷирони тоҷик


Як узви Палатаи ҷамъиятии Перм мегӯяд, татбиқи қонуни нави муҳоҷират дар Русия ба гурӯҳҳои зиёд имкон додааст, ба ҷайби муҳоҷирон даст дароз кунанд. Аз ҷумла, барои миёнравӣ барои дарёфти иҷозаи кор, шаҳотаномаи имтиҳони забону таърихи Русия.

Раҳматулло Мазориев, узви Палатаи ҷамъиятии Перм, мегӯяд, дар пайи як таҳқиқоташон дар ин минтақаи Русия маълум кардаанд, ки соли ҷорӣ муҳоҷирон барои "риоя"-и қонунҳои нави муҳоҷират маблағи зиёдро аз даст додаанд. Ӯ гуфт, 23 сол боз дар Перм зиндагӣ дорад ва то ҳол солеро ёд надорад, ки ба ин андоза муҳоҷирони корӣ "ғорат" шуда бошанд.

Бо назардошти қонунҳои нави муҳоҷират, ки моҳи апрел ва моҳи ноябри соли 2014 дар Русия эълон шуд, ба хулосае расидан мумкин аст, ки ин қонунҳои нав раванди муҳоҷиратро ба танзим надароварда, баръакс, барои муҳоҷирон саргардониҳои зиёд овардаанд. "Аз рӯи бардоштҳои мо, 50 дарсади муҳоҷироне, ки ҳоло дар Перм ҳастанд, шояд дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор дошта бошанд. Онҳо ё дар ҳисоби муҳоҷират нестанд ва ё ягон ҳуҷҷаташон ба қонунҳои муҳоҷират мутобиқат намекунад. Вале онҳо барои “риоя”-и ин қонунҳо пул додаанд," -- афзуд ӯ.

Мазориев дар як маркази таҳқиқотӣ ба пажуҳиши равандҳои муҳоҷират машғул аст. Ӯ ба унвони мисол мегӯяд, бар асоси қарори ҳукумати Перм барои супурдани имтиҳони забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқу таърихи Русия 7 марказ бояд боз мешуд, вале акнун шумораи чунин марказҳо аз 70 ҳам гузаштааст. "Ҳар касе, ки тавонист аз ҳар ҷо иҷозатнома ё литсензияи гирифтани имтиҳонҳоро дарёфт карду мехоҳад маблағи бештар ба даст орад. Агар пуле, ки муҳоҷир барои имтиҳон месупорад, ба буҷаи давлати федеролии Русия мерафт, гап дигар буд. Ҳамаи ин марказҳои тестӣ моли ширкатҳои тиҷоратӣ ҳастанд," -- шарҳ дод ӯ.

Раҳматулло Мазориев намунаи дигари фиребро бозгӯ мекунад: "Ба наздикӣ бо як муҳоҷир сӯҳбат доштам. Ӯ ҳатто ба тарафи маркази тестӣ нарафтааст, маблағеро ба миёнарав додааст ва акнун интизор аст, ки шаҳодатномаро мегирад. Ин фақат ба даст овардани пули муҳоҷир, ғорати муҳоҷир ё ба қавли русҳо "побор денег у мигрантов" аст".

Соли ҷорӣ тибқи қонунҳои нави муҳоҷират Марказҳои мутобиқшавӣ низ боз кардаанд, то ин марказҳо бо муҳоҷирони нав дар бораи қонунҳои ин кишвар машқу тамринҳо баргузор кунанд. Вале дар кишвари Перм дар ин самт низ раҳбарони марказҳои мазкур аз паси грантҳои ҳукуматӣ ё созмонҳои хайрия мегарданд ва гӯиё барои омӯзиш додани муҳоҷирон маблағ ҷамъ мекунанд. Вале вазифаи худро иҷро намекунанд. Пас ин пулҳо куҷо мераванд ва раҳбарони чунин марказҳо кистанд?

Мазориев мегӯяд, “шахсоне, ки дар ҳамин марказ муттасадӣ ҳастанд, дар бораи муҳоҷират фаҳмиши муайян надоранд. Мо аъзои Палатаи ҷамъиятии кишвари Перм дар ин бора бо худи онҳо сӯҳбат кардем. Онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки грант мегиранд ва ин грантҳо байни худашон тақсим мешавад. Ба сохторҳои давлатӣ дохил намешаванд ва ба давлат ҳам итоат намекунанд. Онҳо фақат ҳамкори давлат ҳастанд”.

Ба гуфтаи Мазориев, қонунҳои нав муҳоҷиронро бештар ба ришвадиҳӣ ва қонуншиканӣ во доштааст. Онҳо илоҷи дигаре надоранд. Масалан, муҳоҷир баъд аз дарёфти патент аз як корхона гувоҳномаи кор мегирад ва онро ба хадамоти муҳоҷират месупорад. Баъд аз муддате кораш дар ин корхона ба поён мерасад. Ба корхонаи дигар меравад ва аз он корхона гувоҳномаи нав намегирад. Вале дар хадамоти муҳоҷират ҳамон гувоҳномаи кӯҳна боқӣ мемонад ва гӯё муҳоҷир ҳамоно дар корхонаи кӯҳна кор мекунад ва гувоҳномааш эътибор дорад. Дар нахустин тафтиш чунин қонуншиканӣ ва ҳолати ғайриқонунии муҳоҷир ифшо мешавад. Вайро ҷарима мекунанд ва ё дар сурати такрори чунин ҳолат аз Русия “депорт” ё ихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG