Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тавсия ба Аврупо барои ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик. САДО


Як коршиноси тоҷик ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия додааст, ки дар ҳалли мушкилоти фаровони муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то онҳо дар ҷустӯҷуи зиндагии беҳтар “дар ғарбу шарқ” саргардон нашаванд.

Нӯшофарин Нозирӣ, коршиноси масъалаи муҳоҷират, ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия додааст, ки дар стротегияи ояндааш барои Осиёи Марказӣ ба масъалаи муҳоҷирати кории мардуми Тоҷикистон тамаркуз кунад, зеро ин масъала ба ояндаи кишвар таъсири ҷиддӣ дорад. Стротегияи ояндаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ соли 2019 қабул мешавад.

Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми истироҳат.
Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми истироҳат.

Муҳоҷират як ҷузъи ҷудоинопазири иқтисоди Тоҷикистон шудааст, чун солона як миллион нафар аз аҳолӣ барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд ва танҳо соли 2017 ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард доллар фиристодаанд. Тоҷикистон ҳоло дар садри он кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ки иқтисодашон сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст.

Ба гуфтаи коршинос, бо назардошти аҳамияти муҳоҷират, Иттиҳодияи Аврупо бояд дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба масъалаи муҳоҷират авлавият бидиҳад ва кӯмак кунад, то пойбандии кишвар ба муҳоҷират, ки паёмадҳои манфии зиёд ҳам дорад, камтар шавад. Солҳои ахир муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Олмон ҳам зиёдтар шудааст.

Тавсияи аввал: Кӯмак ба муҳоҷирони рондашуда

Тавсияи аввал ба Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки ба мақомоти Тоҷикистон кӯмак кунанд, то ба муҳоҷирони рондашуда ва ё бозгашта аз Русия имкону шароити кор фароҳам намоянд. Соли 2016 Тоҷикистон шоҳиди бозгашти зиёди муҳоҷирони корӣ шуд. То кунун 300 ҳазор нафар аз муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ кардаанд ва бисёре аз онҳо ҳақ надоранд, то 5 соли дигар ба онҷо баргарданд.

Се тавсия ба Аврупо барои ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
Линки мустақим

Дар соли 2014 то 50 дар сад коҳиш ёфтани пули муҳоҷирон, иқтисоди Тоҷикистонро ба сад бало гирифтор кард ва то ба ҳадде расонд, ки чанд бонк ҳам муфлис шуданд.

Коршиноси тоҷик мегӯяд, онҳое, ки ба кишвар бармегарданд, ҷойи кор намеёбанд, барои ҳамин Иттиҳодияи Аврупо метавонад ҳукуматро ташвиқ кунад, ки “муҳоҷирони бозгаштаро, ки ба соҳибкории хурд ва бахусус дар рустоҳо машғул мешаванд, барои муддате аз молиёт озод намояд.”

Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо метавонад, ба Тоҷикистон дар ин замина кӯмакҳои фаннӣ бирасонад ва тавоноии мақомот барои иҷрои чунин барномаҳоро тақвият бидиҳанд.

Тавсияи дуввум: Соҳибихтисос кардани муҳоҷирон

Тавсияи дуввум ба сиёсатгузорони Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки шароитро барои омӯзиши муҳоҷирони бозгашта ва “ҳунарманд” кардани онҳо дар Тоҷикистон фароҳам намояд.

Таври маълум аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба иҷрои корҳои дастӣ машғуланд, ки таҳсилу омӯзиши зиёдеро лозим надорад. Ба навиштаи коршинос, тақрибан 40 дар сади нерӯи кории Тоҷикистон дар хориҷ кор меҷӯянд ва бисёре аз онҳо баъди хатми мактаб ва бе ҳеҷ гуна таҳсил барои кор ба Русия мераванд.

Қаторҳои Тоҷикистон ба самти Русия ҳеҷ гоҳ холӣ нест.
Қаторҳои Тоҷикистон ба самти Русия ҳеҷ гоҳ холӣ нест.

Нӯшофарин Нозирӣ ба Иттиҳодияи Аврупо тавсия додааст, ки барои тақвияти литсею, омӯзишгоҳҳо, ки бисёрашон баста шудаанд ва дуруст маблағгузорӣ намешаванд, кӯмак кунад. Ба ақидаи ӯ дар сурати такмили ихтисос ва хуб ёд додани корҳои сохтмонӣ ба муҳоҷирони бозгашта онҳо метавонанд, дар дохили кишвар, ки бунёди биноҳо дар он авҷ гирифтааст, кори дуруст пайдо кунанд.

Ба навиштаи ӯ, аз ҳисоби муҳоҷирони бозгашта омода кардани кормандони соҳибихтисос ба ширкатҳо низ кӯмак мекунад, пешрафт карда ва дар навбати худ ҷойҳои кории нав офаранд.

Тавсияи саввум: Гирифтани дасти занони муҳоҷирон

Тавсияи саввум ба Иттиҳодияи Аврупо таваҷҷӯҳ ба сарнавишти занони бевамонда ва занонест, ки шавҳарони муҳоҷирашон онҳоро раҳо кардаанд. Солҳои ахир теъдоди заноне, ки шавҳарашон ба Русия ба муҳоҷират меравад ва сипас онҳоро “фаромӯш” мекунад, зиёдтар мешавад.

Бино ба як таҳқиқи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз соли 2016 бештар аз 50 дар сади муҳоҷирони корӣ дар хориҷ бо занони дигар иртибот доштаанд. Бисёре аз занони танҳо бехонаву бекор мемонанд, дониши кам ва издивоҷҳои бармаҳалашон ҳам вазъашонро бадтар мекунад.

Ватан на Шарқу на Ғарб

Ба навиштаи Нӯшофарин Нозирӣ, Иттиҳодияи Аврупо то кунун кӯмак кардааст, ки занони тоҷик ба соҳибкорӣ машғул шаванд ва таъсиси хоҷагиҳо аз ҳисоби занони осебпазир ва кӯмак ба онҳо дар оғоз кардани соҳибкорӣ ва шурӯи тиҷорат метавонад, натиҷаи хуб бидиҳад. Бо кӯмак ба занони тоҷир ба гуфтаи коршинос, Иттиҳодияи Аврупо дар таъмини баробарии зану мард ва рушди деҳот, ки барои ояндаи Тоҷикистон фавқуллода муҳим аст, нақши муҳим мегузорад.

Ба гуфтаи Нӯшофарин Нозирӣ, ҳамаи ин кӯмакҳоро Иттиҳодияи Аврупо метавонад, аз тариқи намояндагиаш дар Тоҷикистон ва ё ба воситаи созмонҳои байналмилалии дигар бирасонад. Иттиҳодияи Аврупо яке аз донорҳои асосии Тоҷикистон аст ва то кунун садҳо миллион евро ба кишвар кӯмак кардааст.

Нӯшофарин Нозирӣ дар шарҳи худ дар бораи нақши Иттиҳодияи Аврупо барои кӯмак ба ҳалли масъалаи муҳоҷират гуфтааст, дар ниҳоят барои тоҷикон бояд беҳтарин “хона” ватанашон бошад, “На Шарқу на Ғарб”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG