Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди Зулайхо дар Абхозистон бозгашт ба Тоҷикистонро мушкил кард


Тифли як солаи тоҷик, ки дар Абхозистон ба дунё омадааст, санаде дорад, ки аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон онро эътироф намекунанд.

Ин мушкил боиси дармондани Зулайхо ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳараш дар ин минтақа шудааст. Талоши онҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон соле боз бенатиҷа аст.

Зулайхо фарзанди сеюми Шафоатхон Фадхудинова ва Файзраҳмон Партоев, шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ин хонавода ду сол боз дар шаҳри Сухумӣ, пойтахти Абхозистон- як ҷумҳурии эътирофношуда, зиндагӣ мекунанд. Партоев, падари хонавода, дар мағозаи фурӯши кошинҳо ба ҳайси боркаш фаъолият дорад.

Шафоатхон Фадхудинова, модари Зулайхо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими таваллуди фарзанди сеюмро надошт. Мехост, ҳамли батнашро дар якмоҳагӣ исқот (аборт) кунад, вале дертар фаҳмид, ки қонунҳои Абхозистон инро манъ кардааст.

"Августи соли 2018 Зулайхо ба дунё омад ва мақомот ба мо шаҳодатномаи таваллуд доданд. Шавҳарам санадҳоро гирифта, ба дукони фурӯши чиптаи ҳавопаймо рафт. Он ҷо гуфтанд, ки ба номи духтари хурдӣ чипта намефурӯшем ва ҳамчунон огоҳ кардаанд, ки бо ин санад мо марзи Абхозистон ва Сочӣ (яъне, Русия)-ро гузашта наметавонем»,-- гуфт Фадхудинова.

Ин модар мегӯяд, ба онҳо гуфта шуд, ки ин мушкилро танҳо намояндагии Тоҷикистон дар Абхозистон ҳал карда метавонад. Тоҷикистон Абхозистонро эътироф намекунад ва дар он ҷо намояндагӣ низ надорад. Русия аз камтарин кишварҳои дунёст, ки Абхозистонро ба расмият мешиносад ва бо ин ҷумҳурии эътирофношуда робитаи хуб дорад. Аз ҳамин лиҳоз, шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Русия ба ин минтақа мераванд, вале ба мушкили ҳуқуқӣ гирифтор мешаванд.

Файзраҳмон Партоев, падари хонавода мегӯяд, солҳост дар Абхозистон кор мекунад. Аз ҷойи кораш ба ӯ манзил барои зист доданд ва ӯ зану фарзандонашро наздаш даъват кард. Ду фарзанди бузургаш бояд мактаб бираванд ва ба ҳамин хотир мехост ҳамсараш ба Тоҷикистон баргардад. Ин хонавода дар банди санадҳои Зулайхо мондаанд, ки ба ҷуз Абхозистон дигар ҷое ба кор намеоянд. Фарзандонаш низ ин ҷо таҳсил карда наметавонанд.

«Иқлими ин ҷо хеле гарм аст. Дар ду соли охир зимистон барф наборидааст, танҳо борон меборад. Завҷаам ҳам каме аз беморӣ ранҷ мебурд ва иқлими гарм барои ӯ фоидаовар аст, аз ин рӯ, ин ҷо мондем. Акнун, намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ки ба Ватан баргардем»,-- гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки борҳо аз шаҳрвандон хостаанд, то аз сафар ба ин минтақа худдорӣ варзанд, аммо боз ҳам тоҷикон он ҷо мераванд.

«Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин минтақа дармонда буданд, ба мо муроҷаит карданд ва мо ёрии ҳуқуқӣ расонидем. Ин оила ҳам, расман, ба мо муроҷиат кунад, дар таҳияи санадҳо кумак хоҳем кард»,-- гуфтанд дар сафорат.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ки ҳоло худро кишвари мустақил эълон кардаанд, то соли 2008 қаламрави Гурҷистон шинохта мешуданд. Русия, моҳи августи соли 2008, пас аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон ин ду минтақаро ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт. То ҳол Абхозистонро Русия, Никарагуа, Венесуэла, Вануату ва ҷазираи Науру ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистон Абхозистонро ба расмият нашинохтааст ва мантиқан санадҳое, ки ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон содир кардааст, эътироф намекунад.

Ислом Текушев, сардабири пойгоҳи иттилоотии «Caucasus Time» ва таҳлилгари минтақа мегӯяд, пас аз соли 2008-ум ба ҷуз Русия ва чанд кишвари Амрикои Лотин дигар кишварҳо Абхозистонро ба расмият нашинохтанд ва сокинонаш бо шиносномаҳои худ наметавонанд ба хориҷа раванд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари сокинони Абхозистон роҳи ҳалро дар гирифтани шиносномаи русӣ пайдо кардаанд.

"Аз гузаргоҳи Псоу, ки дар марзи вилояти Краснодари Русия ва Абхозистон аст, ҳар сол беш аз миллион нафар сайёҳони рус убур мекунанд ва дар шиносномаҳои онҳо муҳри ду ҷониб гузошта мешавад. Мувофиқи қонунҳои Гурҷистон ин нафарон марзи ин кишварро ғайриқонунӣ убур мекунанд. Агар нафаре дар шиносномааш муҳри гузаргоҳи Псоу бошад, мақомоти Гурҷистон ҳақ доранд, ӯро боздошт кунанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, мақомоти Гурҷистон ин муҳрро дар шиносномаи шаҳрвандон бинанд ҳам чашм мепӯшанд. Эҳтимол дар Гурҷистон чунин як дастури ғайрирасмие ҳаст, ки мақомот инро сарфи назар мекунанд",-- иброз дошт Текушев.

Дар гузашта низ даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон дар марзи Русия ва Абхозистони эътирофношуда дармонда буданд. Аз ҷумла, соли 2013 беш аз 20 нафар муҳоҷири тоҷик, ки дар Абхозистон кор мекарданд, ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда буданд, ки наметавонанд, аз ин кишвар ба Русия ворид шаванд. Ба ин далел Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ ба Абхозистон сафар накунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

XS
SM
MD
LG