Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё нест, ё гарон аст. Бозгашт бо дасти холӣ аз дӯконҳои гӯштфурӯшӣ. ВИДЕО


Навбатпоӣ ва ҷанҷолҳои беохири харидору фурӯшанда бар сари гӯшти бесифат ва омехта бо чарбу. Фазои назди аксар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон ин шабу рӯз чунин аст.

Харидорон аз он шикоят мекунанд, ки гӯштфурӯшон дар моҳи Рамазон “беинсофӣ” мекунанд ва нархи гӯштро боло мебаранд, ё гӯшти хуб намедиҳанд. Аммо тоҷирон мегӯянд, афзоиши нарх ба онҳо рабт надорад ва қимат дар бозори чорво ин вазъро пеш овардааст.

Ҷанҷолҳо дар бозори гӯшт ҳам дар ҳолест, ки теъдоди зиёди гӯштфурӯшиҳо дар пойтахт дар ин шабу рӯзи Рамазон ва афзоиши талабот дари худро бастаанд ва гӯшт ба таври бесобиқа камчин шудааст.

Гӯштфурӯшон мегӯянд, бо қиммате, ки муайян шудааст, наметавонанд, кор кунанд. Бо дастури шаҳрдорӣ нархи гӯшт дар Рамазон набояд аз 40 сомонӣ зиёд бошад.

Дар растаи маъруфи гӯштфурӯшӣ маҳаллаи 33-юми пойтахт, ки маъмулан беш аз 20 дӯкон фаъолият мекунад рӯзи 8- уми май аксар харидорон дар ҷустуҷӯи гӯшти гов саргардон буданд ва дасти холӣ берун мешуданд.

Гӯшт камчин шуд, мардум ғамгин. Сабаб чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Улмасхон Тошматова, як сокини пойтахт баъди ҷустуҷӯҳо тасмим гирифт, гӯшти гӯсфанд бихарад. “Гушти гов нест, гуфтанд тамом, сабабро нагуфтанд, ман гушти гусфанд гирифтам. Ҳар сол вазъ ҳамин аст. Якбора дар Рамазон ягон мушкиле пайдо шудаву нархи бозор боло меравад. ”

"50 харидорро дасти холӣ ҷавоб додам"

Дӯкони Абдушукур Раҳимов, як тоҷири гӯшт дар растаи гӯштфурӯшон холӣ буд. Ӯ мегӯяд, беш аз 50 харидорашро дасти холӣ ҷавоб дод. Абдушукур мегӯяд, ба далели гаронии нарх дар бозори чорво натавонист, гӯшт биёрад ва эҳтимол дари дӯконашро мебандад. Нархи як кило гӯшт ба гуфтаи Абдушукур дар бозори чорво 45 сомонӣ аст, вале онҳо ҳаққи беш аз 40 сомонӣ фурӯхтани онро надоранд.

Вай гуфт: “Имрӯз ба бозори чорво дар ноҳияи Рудакӣ рафтем, мол гирифта натавонистем, барои онки мегӯянд, агар бо кило гиред, 45 сомонӣ маъқул бошад гиред. Мо бо зарар кор карда наметавонем, ҳама қассобҳо банкрот шуданд. Аз тарафи ҳукумат бошад, мегӯянд, гӯштро 40 сомонӣ фурӯшед. Барои ҳамин мол нагирифтем, дасти холӣ омадем."

Дар бозорҳо чорвопарварон мегӯянд, қимати ғизо боло рафтааст, ба он қимати роҳкиро изофа мешавад, дигар хароҷот ҳам ҳаст, ки онҳоро маҷбур мекунад, гов ё гӯсфандашонро бо нархи баладтар бифурӯшанд.

Гӯшти гов дар умум дар бисёре аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон камчин шудааст ва пушти дӯконҳои гӯштфурӯшӣ теъдоди зиёди харидорон навбат мепоянд. Бисёре аз дӯконҳои хусусӣ ҳам бастаанд ва фақат дӯконҳои марбут ба бозорҳо барои бе гӯшт намондани бозорҳояшон онҳоро боз нигаҳ доштаанд. Радиои Озодӣ аз ҷумла шоҳиди чунин вазъ дар бозори “Сафариён” дар Душанбе шуд.

Бозорҳо гӯшт меоранд, аммо намерасад

Амонуллоҳ Ҷабборов, саркори гӯштфурӯшҳо, дар бозор гуфт: “Мо ҳар рӯз аз захираҳои ҳукумати шаҳр, 3 гов, бо нархи 40 сомонӣ ворид карда истодаем, ҳамчунин аз ҳисоби бозор боз 400 килои дигар раиси бозор таъмин мекунад. 4 дӯкони дигар ҳаст, аз ҳисоби соҳибкорон 400-420 кило гӯшт ворид мекунем.

Аммо ин қадар гӯшти гов ҳатто барои як бозори начандон бузурги Душанбе кофӣ нест. Аксари дӯконҳои соҳибкорон баста аст ва пушти дари онҳо эълони “барои иҷора” насб шудааст. Тоҷирон дар бозорҳои дигари Душанбе дари дӯконҳояшонро бастаанд ва мегӯянд, бо қиматҳои муаяйншуда наметавонанд, ба тиҷорати гӯшт машғул шаванд.

Харидорон мегӯянд, дӯконҳое, ки гӯшт доранд, бо қиммати 40 сомонӣ гӯшт мефурӯшанд, вале равғани зиёдеро ба он изофа мекунанд. Баъзеҳо аз бозор дасти холӣ бармегарданд. Улмасхон Тошматова, сокини Душанбе яке аз онҳост: “Гӯшти гов нест. Нест гуфтанд тамом. Дигар ҳеҷ чиз сабабашро нагуфтанд. Гӯшти гусфанд гирифтем.”

Камчинии гушт сокинони Душанберо ба бозорҳои берун аз шаҳр мекашонад. Мегӯянд, метавонанд, ҳади аққал бо қимати гаронтар ҳам бошад, гӯшти беҳтар бихаранд. Теъдоде барои харид ба маркази ноҳияи Рӯдакӣ мераванд, ки онҳо ҳам қимати як кило гӯшти гов ба 46 -47 сомонӣ расидааст.

Камчин шудани гӯшт дар бозорҳо ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо дар пайи дахолати мақомот барои танзими нархҳо пеш омадааст. Тоҷирони гӯшт намехоҳанд бар зарари худ кор кунанд ва як қисми зиёд ба ин хотир дар ин моҳ аз тиҷорати гӯшт даст кашидаанд. Бархе аз савдогарон мегӯянд, беҳтар буд, мақомот бо роҳҳои дигар аз ҷумла бо пешниҳоди имтиёз барои тоҷирон аз болоравии нарх ҷилавгирӣ мекарданд.

Қонуни бозор, ё дахолати нодуруст?

Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ зиёд иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои серғизо ва гӯштӣ истифода кунанд. Ҳар сол дар остонаи ин моҳ нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт якбора боло меравад.

Дар остонаи иди Рамазон мақомоти Душанбе гуфтанд, ки барои таъмини сокинон бо гӯшт ва танзими нархи он дар чаҳор гӯшаи шаҳр ярмаркаҳои фурӯши гӯшт ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мекунанд. Аммо ба назар мерасад, ин ярмаркаҳо низ натавонистаанд, барои танзими қимат ва таъмини сокинон бо маҳсулоти хӯрока мусоидат кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG