Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед Бобохонов: Монополияи ахбори расмӣ ҳукуматро аз ҷомеа дур мекунад


Ин хабар, ки ҳаққи пахши ахбори расмӣ акнун танҳо ба хабаргузории "Ховар" дода мешавад, расонаҳои мустақилро ба ташвиш овард.

Хабари қабул шудани санаде аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар бораи танҳо ба хабаргузории давлатии “Ховар” вогузор шудани ҳақи пахши матолиби расмӣ, журналистони расонаҳои мустақилро ба ташвиш овард. Баъди ду ҳафтаи овозаву баррасиҳо, ниҳоят рӯзи 16 июл нусхаи протоколи ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 30 июн дастраси матбуот шуд, ки дар он омадааст: “Минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои ҳукумати Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавии дахлдор ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ба роҳ монда шавад”.

Дар нусхаи нашршуда ҳарчанд имзои президент дида намешавад, вале

Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

исми Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳри Раёсати коргузорӣ ва назорати дастгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар санад дарҷ шудааст. Намояндагони матбуоти мустақил бархе бо нашри мақола ва бархе дигар бо навиштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин санад вокуниш нишон доданд ва ин дастурро талоши маҳдудсозии озодии баён ва нақзи Конситутсияи Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Нашрияи “Азия-Плюс” бо чопи матлабе таҳти сарлавҳаи “Ҳукумат барои дарёфти маълумоти расмӣ монополия ҷорӣ кардааст”, дастури ҳукуматро танқид кард. Умед Бобохонов, муассиси медиа-ҳолдинги “Азия-Плюс” мегӯяд, эҳтимол сабаби нашри чунин як дастур баъзе ходимони ҳукуматӣ бошанд, ки наметавонад бо матбуот ба таври шоиста ва бо шинохти масъала сӯҳбат кунанд. Бобохонов бовар дорад, ки тасмими мазкур натиҷаи баръакс медиҳад. "Агар тамоми хабарҳои расмӣ танҳо тавассути як манбаъ пахш шаванд, мардуми оддӣ дар бораи кори ҳукумат маълумоти нокофӣ дастрас мекунад. Дар натиҷа, нофаҳмӣ бештар шуда, рахнаи байни ҳукумат ва ҷомеа амиқтар мешавад."

Умед Бобохонов мегӯяд, баръакс, дар шароити бӯҳрон кормандони ҳукумат бояд васоити ахбори умумро новобаста аз мақоми ҳуқуқиашон ҳамчун платформа барои ибрози мавқеи худ истифода кунад, мардумро ором кунанд ва тадобиреро, ки барои ҳалли бӯҳрон андешидааст ба мардум шарҳ диҳад.

"Табиатан мардум бештар ба манобеи ғайридавлатӣ эътимод мекунанд ва ҳукумат бояд аз ин имконият истифода кунад. Ин мавқеи як ҳукумати қавӣ ва боэътимод аст. Имкониятҳои матбуоти тоҷикро бо назардошти ҷангҳои иттилоотие, ки дар минтақа ва ҷаҳон мегузарад, бояд бештар истифода кунанд”, мегӯяд Бобохонов.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ, муассиси оҷонсии “Озодагон” дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Бишкек гуфт, агар далели онҳое, ки ба ин кор даст задаанд, ин бошад, ки баъзе иттилоъ иштибоҳӣ пахш мешавад, шояд кори дурусте кардаанд. Вале дар ниҳоят ин кори онҳо ба нафъи ҳеҷ тараф нест – на ба нафъи ҳукумат, на ба нафъи “Ховар” ва на фазои иттилоотии кишвар. Зафари Сӯфӣ мегӯяд: “Агар аз ин роҳ мехоҳанд ҷойгоҳи як расонаи хабариро боло баранд, воқеан соддагӣ аст. Дар бозори расонаҳо намешавад бо роҳи манъ кардани як гурӯҳ аз дастрасӣ ба иттилои дасти аввал коре кард”.

Оқои Сӯфӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон “дар ҳама ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки аз берун мешавад, бозанда аст. Агар 4-5 расонаи мустақиле, ки дар кишвар ҳаст, дар баробари таҳоҷуми беруна вокуниш накунанд, бо камоли масъулият мегӯям, ки расонаҳои давлатӣ наметавонанд коре бикунанд”, гуфт ӯ. Ҳомиёни озодии баён дар Тоҷикистон, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, “Ховар” бе дастури ахир ҳам ҳамчун як хабаргузории давлатӣ аз ҳақи пахши эксклюзив ва ё аввалиндараҷаи маълумоти расмӣ, аз ҷумла амру фармонҳои ҳукумат бархурдор буд.

Акбари Саттор
Акбари Саттор

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, баъди пахши матлаби расмӣ дар “Ховар” “мансабдорон вазифадоранд, ки дар баробари шарҳи расмӣ, ки тавассути “Ховар” ё телевизиони “Шабакаи аввал” меравад, паҳлӯҳои дигари онро ба журналистон шарҳ диҳанд”. Акбари Саттор ба саволи Озодӣ, ки “то куҷо ин тасмим метавонад дастрасии журналистонро ба иттилоъ маҳдуд кунад?” – гуфт, “Дарёфти хабари доғ ба ҳирфаӣ будани журналистон вобаста аст. “Дар тамоми ҷаҳон ин таҷриба вуҷуд дорад, ки агар мақомот кӯшиш кунанд, ки тамоми ахбор пахш нашавад, журналистон кӯшиш мекунанд, ки ҳамон ахборро ба даст оваранд. Ин аз касбияти журналистон ва мансабдорон вобаста аст”, гуфт ӯ.

Созмони байналмилалии Хонаи Озодӣ (Freedom Hous, New York), дар гузориши солонаи “Озодии матбуот-2015” Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои “ноозод” ворид кард ва дар байни 199 давлати ҷаҳон дар мақоми 179-ум ҷой дод. Муҳаққиқони вазъи озодии баён дар Тоҷикистон менависанд, ки дар як соли охир вазъи матбуот бадтар шуда, ин кишвар чор зина поин рафтааст. Як далели ин пастравӣ маҳдудияти дастрасии журналистон ба маълумот, сензура ва пахши садои мунаққидон будааст. Ин созмон мегӯяд, ки Тоҷикистон на танҳо бастани сомонаҳои интиқодиро таҷруба мекунад, балки даҳони онҳоеро низ мебандад, ки таҳаввулоти кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ озодона баҳс мекунанд.

XS
SM
MD
LG