Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду мубаллиғи асосии ДОИШ аз Тоҷикистон


Акс аз гузориши телевизиони ТРТ-и Туркия аст.
Акс аз гузориши телевизиони ТРТ-и Туркия аст.

Абу Довуд, яке аз мубаллиғони аслии гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” аз Тоҷикистон дар зиндони шаҳраки Африн дар Сурия нигаҳ дошта мешавад. Хабарро Радиои Озодӣ баъди таҳқиқи як гузориши телевизиони TRT- haber телевизонии давлатии Туркия ва суҳбат бо наздикони Парвиз Саидраҳмонов ошкор кард.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки аз ҳаракатҳои ӯ дар Сурия огаҳ будаанд, гуфтанд, ки сокини 32-солаи шаҳри Душанбе зоҳиран тобистони имсол ҳангоми фирораш аз шаҳри Бағуз, охирин такягоҳи ДОИШ дар вилояти Идлиби Сурия дастгир шудааст. Ҷавони тоҷик аз ибтидои таъсиси ДОИШ дар соли 2014 пайваста дар видеоҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешуд ва ақидаҳои ин созмони ифротиро ба забони тоҷикӣ таблиғ мекард.

Телевизиони TRT-и Туркия рӯзи 23-уми ноябр гузориши муфассалеро дар бораи зиндоне дар шаҳраки Африн намоиш дод, ки дар он Парвиз Саидраҳмонов дида мешавад. Ӯ дар ин гузориш ба забони арабӣ суҳбат мекунад ва мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст ва ба Сурия, “барои ҷанг омадааст.”

Дар гузориш, ки зери назари маъмурони амниятӣ сабт шудааст, чанд дафъа Парвиз Саидраҳмоновро дар дохили ҳуҷраи B3 нишон медиҳанд, ки ҷое рост истодааст ва ҷое нишаста китоб мехонад. Парвиз Саидраҳмонов яке аз ҷангҷӯёнест, ки ба гуфтаи мақомот дар ҳамлаҳои хунини террористӣ дар Сурия ва бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Шветсия нақш доранд.

"Хешовандонаш ӯро шинохтаанд"

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз гузориши телевизионӣ дар бораи ҳузури Парвиз Саидраҳмонов хабар доранд ва онро ба хоҳари ӯ нишон дода ва маълум кардаанд, ҳамсуҳбати телевизиони ТРТ дар воқеъ Парвиз Саидраҳмонов аст.”

Ӯ афзуд, ки мақомот роҳҳои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, чун маълумоти зиёде дар бораи дигар ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқу Сурия дорад. Радиои Озодӣ аксҳои пешини Парвиз Саидраҳмонов ва видеои ӯро муқоиса кард ва ҳарду шабоҳати комил доранд.

Абу Довуд дар як акси таблиғотӣ
Абу Довуд дар як акси таблиғотӣ


Ҳамроҳ бо Парвиз Саидраҳмонов, Мадина, ҳамсари осетинӣ ва се фарзанди ӯро дастгир кардаанд ва айни замон онҳо низ дар зиндони Африн нигаҳ дошта мешаванд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар умум дар зиндони Африн 255 нафар нигаҳ дошта мешаванд ва хабарнигорони телевизиони туркӣ мегӯянд, ин қисме аз ин афрод ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ ва “террористони курд” ҳастанд. Туркия размандагони курд аз Ягонаи мудофеони халқ, як воҳиди размандагони курд ҳастанд, ҳарчанд онҳо яке аз муборизони асосӣ дар ҷанг ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ буданд.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ, ки аз сарнавишти Парвиз Саидраҳмонов огаҳ будааст, гуфт, ки Парвиз Саидраҳмоновро баъди фирор бо ҳамсару кӯдакаш аз Бағуз дар моҳи июн гуруҳҳои мусаллаҳ дар Сурия дастгир кардаанд ва аз ӯ хостаанд, 6 ҳазор доллар бидиҳад, раҳо мекунанд, вале ба мақсадашон нарасидаанд ва ӯро ба дасти гуруҳи дигаре супурдаанд. Дар ниҳоят таблиғари ДОИШ аз Тоҷикистон ба дасти размандагони курд афтодааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ нахост, номаш бурда шавад, вале гуфт, аз манобеи туркӣ дар бораи ҷангҷӯёни тоҷик зиёд медонад.

Дар воқеъ дар моҳи июни имсол хешовандони Парвиз Абдураҳмонов гуфтанд, ки ӯ бо модару хоҳараш тамос гирифта ва 6 ҳазор доллар хостааст, то ӯро “аз дӯзах халос кунанд. Парвиз Саидраҳмонов дар гузориши телевизиони туркӣ мегӯяд, ки дар Русия видеоҳо дар бораи ҷанги Сурияро тамошо карда ва аз онҷо ба ин кишвари Ховари Миёна рафтааст.

Боздошти Абу Усома - ҷангҷӯи дигар

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Туркия ҳамчунин гуфт, ки як ҷангҷӯи дигар аз Тоҷикистон Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ ҳам аз тарафи размандагони курд дар Сурия дастгир шудааст ва дар зиндоне бо номи Ҳаққулумр дар шаҳри Дайр аз Зур нигаҳ дошта мешавад.

Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар номумкин аст. “Абу Усомаи Норакӣ” сокини 32-солаи шаҳри Норак аст, ки мақомот ӯро аз “хатарноктарин” таблиғгари тоҷикзабони ДОИШ номидаанд.

Тоҷиддин Назаров
Тоҷиддин Назаров

Мақомоти Тоҷикистону Русия аз Интерпол, пулиси байналмилалӣ расман тақозо кардаанд, ки дар боздошти ҳарду ҷангҷӯи тоҷик мусоидат кунад.

Ҳарду ба тарҳрезии даҳҳо амали террористӣ дар хоки ду кишвар ва ҷалби даҳҳо нафар ба сафи ДОИШ муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд.

Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG