Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти гурӯҳи охири зойирони тоҷик аз Макка (ВИДЕО)


Бозгашти ҳоҷиён
Бозгашти ҳоҷиён

Шумори зиёди аскарон ва деворҳои оҳанин анбӯҳи пешвозгирандагонро аз даромадгоҳи фурудгоҳ дар як фосила нигаҳ медорад. Ин нишонаи аввали маросими пешвози ҳоҷиён дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбест, ки зери нурҳои тафсони офтоб барои мардум нороҳаткунанда ба чашм мерасид.

Нигоҳҳои мардум, ки бар асоси эътиқодашон пазироии ҳоҷӣ савоби бузург дониста мешавад, ба даромадгоҳи махсус барои зоирон дӯхта шудааст. Тасвири вуруди охирин гурӯҳи зойирони тоҷик аз шаҳри Макка ба Душанбе чунин аст. То имрӯз қариб 6000 зойир ба Душанбе баргаштанд.

Бозгашти охирин гурӯҳи зоирони тоҷик аз Саудӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Охирин гурӯҳи 303 нафарии ҳоҷиён аз Арабистони Саъудӣ бо ҳавопаймоӣ арабӣ ба ватан баргаштанд. Бозгашти зоирони тоҷик аз Хонаи Худо дар таърихи 11 сентябр оғоз шуд. 6300 нафар аз Тоҷикистон имсол дар маросими Ҳаҷ иштирок намуданд. Нархи адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3630 доллар муқаррар шуд ва баъзеҳо солҳо ин маблағро пасандоз карданд, ки яке аз рукнҳои аслии диниро иҷро намоянд.

Солҳои пеш ҳоҷиёнро пурдабдаба пешвоз гирифта маъракаҳои пурхарҷе барпо мекарданд. Имсол ба қонунҳои Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд,ки бар тибқи он зиёрати ҳоҷиҳо манъ шуд. Мақомоти тоҷик талаботи қонунро ба ҳар як ҳоҷии баргашта, дар фурудгоҳ мефаҳмонданд.

XS
SM
MD
LG