Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Занон дарозумртар аз мардон? ВИДЕО


Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъмини дарозумрии сокинони кишварро яке аз ҳадафҳои худ қарор дода мегӯяд, дар 15 соли оянда синни миёнаи умри шаҳрвандон бояд аз 73 соли феълӣ то ба 80 сол бирасад.

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ҳадаф дорад, ки аз роҳи боло бурдани некӯаҳволии мардум, коҳиши башиддати сатҳи фақр ва беҳбуди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ - сифати зиндагиро беҳтар ва умри сокинонро дарозтар гардонад. Дар ин санад инчунин коҳиши нишондодҳои маргу мири кӯдак, таъмини тозагии муҳити зист, тарзи дурусти ғизохӯрӣ, тарзи ҳаёти солим ва хизматрасонии хуби тиббӣ аз гарави дарозумрӣ унвон шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон мардҳо ба ҳисоби миёна 69 ва занҳо 74 сол умр мебинанд."

Ба гуфтаи Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки рӯзи 7 декабр дар Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, барои иҷрои ин тарҳ дар Тоҷикистон неруи зеҳнӣ, табиӣ ва ақлонӣ вуҷуд дорад.

Умеди Давлатзод аз ҷумла гуфт, ки “барои амалӣ шудани ин стратегия бояд табақаи миёнаи ҷомеа ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври ҷиддӣ поин равад. Ҳамчунин, сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафта, сокинон бо оби софи нӯшокӣ, дорувории босифат таъмин шаванд. Барои мардум ҷойҳои кори муносибе эҷод шавад, то маоши онҳо барои таъмини рӯзгор бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ кифоят кунад”.

Умед Давлатзод.
Умед Давлатзод.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, барои бароварда сохтани ин ҳадафҳо 118 миллиард доллари амрикоӣ лозим аст. Умед Давлатзод гуфт, ки наздики 94 дарсади ин сармояи ҳангуфт ба таври баробар аз ҳисоби маблағҳои будҷа давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин шуда, танҳо 6 дарсадашро аз созмонҳои байналмилалӣ ваё “шарикони рушд”-и Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард. Дар ин росто, манбаъҳои дигари молие чун маблағҳои сохтмони шоҳлӯлаи “Газ Пайплайн”, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Данғара ва чанд корхонаи дигар низ ба ҳайси бахшҳои даромади ояндаи иқтисоди кишвар дар назар гирифта шудааст.

Умеди Давлатзод ҳадафҳои аз назари аввал баландпарвозонаи нави ҳукуматро бо стратегияи пешинаи рушди миллӣ муқоиса кард, ки нӯҳ сол ва то охири соли 2014-ро дар бар мегирифт. Ин барнома бо сармояи 127 миллиард сомонии буҷети кишвар ва кӯмакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ ба хотири ҳадафи поён бурдани мизони фақр равона шуд ва, ба қавли ӯ, воқеан ҳам натиҷа дод. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ, сатҳи камбизоатӣ аз 53 то 31 дарсад поин оварда шуд.

Пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ: "Чанд сол зистан мехоҳед?"

Чанд сол зистан мехоҳед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Аз рӯи ҳадафҳои стратегияи нав, дар 15 соли оянда дар Тоҷикистон бояд табақаи миёнаҳоли аҳолӣ то 50 дарсад афзоиш ёфта, фақру бебизоатӣ решакан шавад ва ин ҳама ба таври табиӣ дар некӯаҳволӣ ва ҳам дарозумрии сокинони мусоидат мекунад.

Занон сахтҷонтаранд

Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар кишвар мардҳо ба ҳисоби миёна 69 ва занҳо 74 сол умр мебинанд. Ин омор мақоли мардумиро ба ёд меорад, ки мегӯяд, “занон сахтҷонтаранд”.

Гулҷаҳон Бобосодиқова.
Гулҷаҳон Бобосодиқова.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Бонувон бо таҳсилоти олӣ” мегӯяд, шароити сангини иқтисодии бисёр хонаводаҳо бештар дар вазъи саломативу дарозумрии мардон инъикос мешавад. Занҳо аз рӯи табиати биологиашон назар ба мардон зудтар ба мушкилот ва шароити нав мутобиқ мешаванд, аз ҳамин хотир ҳам, синни миёнаи умри онҳо назар ба мардон ҳамеша баландтар аст.

Хонум Бобосодиқова афзуд, ки “занҳо аз ҷиҳати физиологӣ, ки серҳаракат ҳастанд, нисбат ба мардҳо дарозумр мебошанд. Занҳо ҳам кори ҷамъиятию давлатӣ мекунанд, ҳам кори хона. Бештари мардҳо аз бемориҳои хоси мардҳо аз дунё мегузаранд”.

Чанд сол зистан мехоҳед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Зиндагии шоиста - шарти муҳими дарозумрии инсон

Барои фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагии мардум, ба қавли мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, ғизои солиму босифат ва ҳам дастрасии бемушкил ба хадамоти тиббии баландсифат зарур аст. Бар асоси як таҳқиқоти мустақили Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар соли 2008, ҳар сокини ин кишвар дар ғизои худ ду баробар камтар меваву сабзаҷоти аз рӯи меъёр пешбинишударо истеъмол карда, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт аз 5 то 8 баробар камтар аз меъёри муқарраршуда дар як солро ташкил медодааст. Меъёри истеъмоли нону равғани растанӣ баръакс, 15 дар сад бештар будааст.

Дастрасӣ ба тибби босифат як масъалаи дардноки дигар аст. Соли 2013 будҷаи Тоҷикистон барои хадамоти тиб барои ҳар як шаҳрванди кишвар танҳо 20,2 сомонӣ дар солро пешбинӣ мекард, ки ҳудудан 30 сенти амрикоӣ буд.Аз ҳамин хотир, мунаққидон шубҳа мекунанд, ки дар чунин шароит ва ҳам мушкилоти дигари мисли вуҷуди фасод, заъиф будани иқтисод ва бахши хусусӣ, то куҷо мешавад дарозумрии мардумро таъмин кард?

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шароити кӯтоҳмуддат дар иҷрои ин тарҳ мушкилот пеш хоҳад омад: “Ба ҷараёни иҷрои ин тарҳ омилҳои беруна низ таъсир мегузоранд. Масалан, идомаи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар Русия ва пайдо нашудани роҳҳои ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна ба дурнамои иқтисоди Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ метавонанд дар иҷрои стратегия мушкилоти зиёд эҷод кунанд.”

Ҳамзамон, ҷаноби Вазиров таъкид кард, ки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” як тарҳи дарозмуддат буда ва имкон дорад дар панҷсолаи оянда бӯҳрони иқтисодӣ рафъ шуда ва сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон мисли замони тобӯҳронӣ сурат гирад. То соли 2014 сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон бештар аз 7 дарсадро ташкил медод, ки ин амр ба иҷрои Стратегияи милли рушди қаблӣ дар кишвар мусоидат карда буд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG