Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба мардуми мӯҳтоҷу осебпазир пул медиҳад


Хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон умдатан дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар талоше барои кӯмак ба мардуми камбизоат дар Тоҷикистон, ки бемории СОVID-19 вазъи зиндагии онҳоро бадтар кард, ҳукумат амр додааст, ки ба ин табақаи осебпазир кӯмаки молии якдафъаина расонида дода шавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми июл қарори ҳукуматро нашр кард, ки дар он омадааст, “ба гурӯҳҳои осебпазир... ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад.”

Музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст. Дар қарор омадааст, ки мақомоти масъул дар зарфи се ҳафтаи оянда яъне то 1 август феҳрасти аҳолии осебпазирро таҳия кунанд ва сипас бар асоси он кумаки якмаротибагӣ ба ин мардуми муҳтоҷ расонида шавад.

Қарори мазкур ҳамчун бахше аз барномаи ҳукуматӣ дар «Дар бораи
пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои
иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудааст. Ин барномаро моҳи июн қабул карданд.

Дар Тоҷикистон умдатан, маъюбону ятимон ва хонаводаҳои фақирро ба феҳрасти гурӯҳҳои осебпазир ворид мекунанд. То соли 2018 дар кишвар 85 ҳазор хонавода камбизоат ва мӯҳтоҷ ба ҳисоб мерафтанд ва аз аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегирифтанд. Ҳоло маълум нест, кӯмаки якдафъаина ба чӣ қадар аз аҳолии Тоҷикистон дода мешавад.

Бемории СОVID-19, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ то ҳол ба 6457 кас сироят карда ва 55 нафарро куштааст, ба иқтисод ҳам зарбаи сахт зад. Тоҷикистон, ки иқтисоди заифе дорад, аз даромадҳои зиёде, аз ҷумла пули муҳоҷирону даромад аз тиҷорат бо кишварҳои дуру наздик маҳрум шуд. Ҳукумат ночор ба муассисаҳои байналмилалӣ муроҷиат кард, то барои хароҷот барои арсаҳои иҷтимоӣ аз буҷа тақрибан 400 миллион доллар кӯмак кунанд.

Бо бештар шудани таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисод ва кам шудани даромади аҳоливу суст шудани тиҷорат, танқиди ҳукумат низ зиёд шуд, ки наметавонад, дар замони эҳтиёҷи мардум ба ёрӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз кунад.

Шарҳҳоро бинед (12)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG