Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

116 сомонӣ кӯмакпулӣ ба хонаводаҳои камбизоат дар ҳар се моҳ. Коршинос: "Хеле ночиз аст" САДО


Як зани тоҷик. Акс аз Нозим Қаландаров.
Як зани тоҷик. Акс аз Нозим Қаландаров.

Ҳукумати Тоҷикистон қароре содир кард, ки мувофиқи он хонаводаҳои камбизоат дар 28 шаҳру ноҳияи кишвар ҳар се моҳ 116 сомонӣ ва соле 464 сомонӣ аз давлат кумаки иҷтимоии унвонӣ дарёфт хоҳанд кард.

Дар ин бора қарори шумораи 271-и ҳукумати Тоҷикистон зери имзои президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси ҳукумат аст, содир шудааст.

Фирӯз Ёраков, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пардохти кумакҳои иҷтимоӣ ба хонаводаҳоии камбизиоат дар 28 шаҳру ноҳия аз 1-уми июли соли 2020 шурӯъ мешавад.

"Пеш дар нисбати 40 шаҳру ноҳия қарори ҳукумати Тоҷикистон оиди кумакҳои иҷтимоӣ ҷорӣ шуда буд ва 28 шаҳру ноҳия монда буд. Аз 1-уми июли соли 2020 дар 28 шаҳру ноҳияҳои боқимонда барномаи кумакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ҷорӣ мешавад", гуфт Ёраков.

116 сомонӣ кӯмакпулӣ ба хонаводаҳои камбизоат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ба гуфтаи ин масъули давлат, барои дарёфт кардани ин кумакҳо хонаводаҳои камбизоат бояд ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Масъулон аз рӯи меъёрҳои таъиншуда месанҷанд ки хонавода камбизоат аст ё не.

Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 16,7 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад "сахт фақир" мешуморад. Аммо Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.

Бинобар маълумоти охирин, 85 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд ва аз давлат кумаки иҷтимоӣ мегиранд.

Ёраков мегӯяд, дар сурати камбизоат эътироф шудани хонавода, бар замми кумаки иҷтимоӣ, онҳо ҳақ пайдо мекунанд, ки дар шифохонаҳои давлатӣ ройгон табобат гиранд.

Сокинон: кирои саргардонӣ нест!

Бинобар омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳоло андаке беш аз 27 дарсади аҳолӣ камбизиоат аст. Камбизоатҳо – онҳое, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуданд, мегӯянд аз ҷорӣ шудани барномаи кумаки иҷтимоии давлат хушнуданд, вале ҳаҷми ёриҳо ба гуфтаи онҳо "кирои даводаву саргардонӣ намекунад".

Холида -- зани танҳо аз деҳи Миршикоро дар канори Душанбе мегӯяд, 3 фарзандро танҳо бузург мекунад ва ба кумак эҳтиёҷ дорад. Аммо давутозу расмиёти камбизоат эътироф шудан, ӯро дилсард кардааст.

"Ман ба ҷамоати маҳали зистам муроҷиат кардам, ки маро камбизоат эътироф кунанд, ақалан барқ бепул шавад. Ба ҷуз ариза бо чанд ҳуҷҷати дигар талаб, карданд, барои он маркази ноҳия бояд равам. Ҳисоб кардам, хароҷоти роҳ аз пуле, ки медиҳанд бисёртар мешавад", гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳарчанд аз давлат кумаки иҷтимоӣ намегирад, аммо соҳибкорон ва шахсони саховатманд ва гоҳҳо аз идораи ҷамоат ба хонаводааш кумак мерасонанд, ки аз 116 сомонӣ хеле бештар аст ва ӯ аз хайрхоҳон хеле сипосгузор аст.

Тоҷикистон дар ҳоле барномаи кумаки иҷтимоиро то ба ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар васеъ кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ахиран аз ҳукумат чунин дархост карда буд. Ин бонк барои ҷилавгирӣ аз густариши COVID-19 ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллар дод ва 3 миллион доллари он барои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ихтисос дода шудааст. Як шарти ҷудо шудани ин кӯмак ҳам ин буд, ки барномаи кумакҳои иҷтимоии Тоҷикистон, ки то кунун ба 40 ноҳия маҳдуд мешуд, васеъ шавад ва саросари кишварро фаро гирад.

Абдумалик Қодир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин кумакҳо хеле ночиз ҳастанд ва ба дарди хонаводаҳои камбизоат намехурад. "Албатта ин кумакҳо ба хотири "хоҷа боғ дорӣ- дорам аст!". Ин танҳо як воситаест, ки ҳукумат мехоҳад гӯяд, бале мо ғами мардуми камбизоатро мехурем",-гуфт.

Қодиров мегӯяд, ба ҷои он беҳтар мебуд, ҳукумат ба соҳибкорони хурду миёна имтиёзҳои хубе диҳад, то ки онҳо тавонанд кори худро равнақ диҳанд. "Таҷрибаи охир нишон дод, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон дар Тоҷикистон хеле фаъолу хайрхоҳанд ва гоҳҳо аз ҳукумат дида пештару бештар амал мекунанд",-афзуд Қодиров.

Коршинос мегӯяд, дар сурати ривоҷу равнақ ёфтани соҳибкории хурду миёна, ҷойҳои кории нав афзоиш ёфта, камбизоатӣ коҳиш меёбад ва фақирониро боқимондаро соҳибкорони хайрхоҳ дастгирӣ хоҳанд кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!


XS
SM
MD
LG