Баъди натиҷагирии бозиҳои даври 18-ум ва охирини мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябр баргузор шуданд, соҳибони медалҳои нуқраву биринҷӣ маълум шуданд.
Барои ҷойҳои дувуму севум се даста - “Хайр”-и Ваҳдат, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан талош карданд. “Хайр”, ки дар даври охирин дар майдони худ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд, бо 35 имтиёз дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа мақоми дувум ва медалҳои нуқраро азони худ кард.
“Далерон-Ӯротеппа”, ки бидуни бозӣ бо “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста, соҳиби се имтиёзи гаронбаҳо гардид, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад. Футболбозони шаҳри Истаравшан бо 33 имтиёз ҷойи севумро касб карданд.
Вале “Хуҷанд” бозиро дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-1 анҷом дод ва бо 32 имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифт ва аз медалҳо бенасиб монд.
Дар даври охирин, инчунин, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Вале барои “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта буд, натиҷаи ин бозӣ аҳамият надошт. “Регар-Тадаз» бошад, барои дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шудан мубориза бурд. Футболбозони шаҳри Турсунзода, ки имсол бо мушкили молӣ рӯбарӯ шуданд, дар натиҷа бо 20 имтиёз ҷойи 6-умро гирифтанд.
Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 5-2 шикаст дод, бо 25 имтиёз панҷум шуд. Вале қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон – “Равшан” – бо 9 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал ҷой гирифт.
Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, бо медалҳои тилло, “Хайр” бо медалҳои нуқра ва “Далерон-Ӯротеппа” бо медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола сарфароз хоҳанд шуд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум
16-уми ноябр (якшанбе)
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 1-2
Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 23 (0-1), Умедҷон Шарифов, 51 (0-2) – аз пеналтӣ, Аҳтам Ҳамроқулов, 90+3 (1-2) –аз пеналтӣ.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 1-1
Голҳо: Кароматулло Саидов, 75 (1-0), Манучеҳр Аҳмадов, 79 (1-1).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Қӯрғонтеппа,варзишгоҳи «Пахтакор».
«ХАЙР» (Ваҳдат) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 1-0
Гол: Баҳодур Шарифов, 89 – аз пеналтӣ.
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
Ваҳдат, варзишгоҳи«Хайр».
«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «РАВШАН» (Кӯлоб) – 5-2
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - 0:3 (натиҷаи фаннӣ)
Нишонзанҳои беҳтарини мусобиқаи имсола:
1. Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб.
2. Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб.
3. Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
|
|
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
18 |
16 |
2 |
0 |
65-10 |
50 |
2 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
18 |
11 |
2 |
5 |
27-17 |
35 |
3 |
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) |
18 |
9 |
6 |
3 |
20-11 |
33 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
18 |
9 |
5 |
4 |
24-17 |
32 |
5 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
18 |
8 |
1 |
9 |
28-35 |
25 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
18 |
5 |
5 |
8 |
25-27 |
20 |
7 |
«Энергетик» (Душанбе) |
18 |
5 |
4 |
9 |
17-30 |
19 |
8 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
18 |
3 |
6 |
9 |
14-27 |
15 |
9 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
18 |
4 |
2 |
12 |
12-32 |
14 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
18 |
2 |
3 |
13 |
18-44 |
9 |