Рӯзи сешанбеи 11-уми ноябр ду бозии даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб - “Хайр”-и Ваҳдат ва ССКА “Помир”-и Душанбе -“Вахш”-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад.
Дар ду бозии дигари даври 17-ум рӯзи чоршанбеи 12-уми ноябр “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе бо “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан рақобат мекунанд.
Дарвоқеъ, барои “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, натиҷаи ин бозӣ аҳамият надорад. Вале имтиёзҳо барои футболбозони Истаравшан хеле заруранд. Зеро ки “Далерон-Ӯротеппа”, инчунин “Хайр” ва “Хуҷанд” муддаиёни медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқаи лигаи олӣ мебошанд ва дар ду даври охирин мубориза барои ҷоизаҳо пуршиддат мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум
11-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо - соати 14:00
«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
12-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо - соати 14:00
«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан). Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - 3:0 (натиҷаи фаннӣ)
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
16 |
15 |
1 |
0 |
62-8 |
46 |
2 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
16 |
9 |
2 |
5 |
24-16 |
29 |
3 |
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) |
16 |
8 |
5 |
3 |
16-10 |
29 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
16 |
8 |
4 |
4 |
20-15 |
28 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
16 |
5 |
5 |
6 |
23-22 |
20 |
6 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
16 |
6 |
1 |
9 |
20-33 |
19 |
7 |
«Энергетик» (Душанбе) |
16 |
5 |
4 |
7 |
17-24 |
19 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
16 |
4 |
1 |
11 |
8-27 |
13 |
9 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
16 |
2 |
6 |
8 |
10-23 |
12 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
16 |
2 |
3 |
11 |
15-37 |
9 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ.