Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бо Ҷоми қаҳрамонӣ сарфароз гашт


Рӯзи 12-уми ноябр ду бозии охирини даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Баъди анҷоми ин давр ба тими "Истиқлол" Ҷоми қаҳрамонии имсола супурда шуд.

Ду бозии охирин ва марказии даври 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми чоршанбеи 12-уми ноябр хотима ёфт.

“Истиқлол”-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби 1-1 анҷом дод. Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд.Нахуст ҳимоятгари меҳмонон Далерҷон Тӯхтасунов дар дақиқаи 47-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш равон кард. Баъдан ҳимоятгари “Истиқлол” Дэвид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар замони изофӣ (90+3) тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Барои “Истиқлол”, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст, натиҷаи ин бозӣ чандон аҳамият надошт. Вале имтиёзҳо барои футболбозони Истаравшан хеле зарур буданд. Зеро ки “Далерон-Ӯротеппа” ҳамроҳи “Хайр”-и Ваҳдат ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд барои медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқа талош дорад.

Дар бозии дигари имрӯза “Хуҷанд” дар майдони худ бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 3-1 ғалаба кард. Голҳои “Хуҷанд”-ро Сайриддин Ғаффоров (35), Дилшод Каримов (48) ва Сӯҳроб Алиев (59), як голи меҳмононро Абдурасул Раҳмонов (85) аз ҷаримаи 11-метра ба самар расонданд.

Баъди анҷоми бозии “Истиқлол”- “Далерон-Ӯротеппа” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе маросими супурдани Ҷоми қаҳрамонӣ баргузор шуд. Ҷомро муовини аввали раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев ба капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев супурд.

“Истиқлол”, ки барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, соли оянда Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC намояндагӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии аввали даври пешазохирин - 17-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми сешанбе хотима ёфта буд. “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод. Се имтиёзи гаронбаҳо ба футболбозони шаҳри Ваҳдат имкон дод, ки бо 32 имтиёз мавқеашонро дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқа устувор кунанд ва муборизаро барои медалҳои нуқра, инчунин, роҳхат ба Ҷоми AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) дилпурона идома бидиҳанд.

Инчунин ССКА “Помир”-и Душанбе бар дастаи меҳмон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – бо ҳисоби 4-3 ғолиб омад ва бо 15 имтиёз дар ҷадвал аз рақибаш пеш гузашт.

Ба ин тартиб, барандагони медалҳои нуқраву биринҷии мусобиқаи имсола рӯзи 16-уми ноябр дар даври охирин маълум хоҳанд шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

11-уми ноябр (сешанбе)

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 1-2

Голҳо: Андох Наполеон, 37 (0:1). Андох Наполеон, 45+1 (0:2). Муҳаммадҷони Ҳасан, 62 (1:2).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 4-3

Голҳо: Фаридун Шарифов, 8 (1:0). Алишер Баротов, 24 (1:1). Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 39 (2:1). Фаридун Шарифов, 54 (3:1). Соҳиб Саванкулов, 66 – азпеналтӣ (3:2). Алия Силла, 79 (4:2). Субҳон Хоҷамов, 82 – ба дарвозаи худ (4:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), 14 – дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Душанбе,варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

12-уми ноябр (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – 3-1

Голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 35 (1:0), Дилшод Каримов, 48 (2:0), Сӯҳроб Алиев, 59 (3:0), Абдурасул Раҳмонов, 85 (3:1).

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

Хуҷанд,варзишгоҳи «20-солагии ИстиқлолиятиТоҷикистон».

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) – 1-1

Голҳо: Далерҷон Тухтасунов, 47 – ба дарвозаи худ (1:0), Далерҷон Тухтасунов, 90+3 (1:1).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

“ПАРВОЗ” (Бобоҷон Ғафуров) – “ЭНЕРГЕТИК” (Душанбе) - 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

15

2

0

63-9

47

2

«Хайр» (Ваҳдат)

17

10

2

5

26-17

32

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

9

4

4

23-17

31

4

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

17

8

6

3

17-11

30

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

17

7

1

9

23-33

22

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

5

5

7

24-25

20

7

«Энергетик» (Душанбе)

17

5

4

8

17-27

19

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

17

3

6

8

14-26

15

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

4

1

12

11-31

13

10

«Равшан» (Кӯлоб)

17

2

3

12

16-39

9

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ.

Даври 18-ум

16-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Турсунзода,варзишгоҳи «Металлург».

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Қӯрғонтеппа,варзишгоҳи «Пахтакор».

«ХАЙР» (Ваҳдат) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Ваҳдат, варзишгоҳи«Хайр».

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «РАВШАН» (Кӯлоб). БобоҷонҒафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) - 0:3 (натиҷаи фаннӣ)

Ҷоми Тоҷикистон-2014. Финал.

23-юми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 13:00

“ИСТИҚЛОЛ” – “РЕГАР-ТАДАЗ”. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

XS
SM
MD
LG