Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муаллим" дар Австрия "Беҳтарин филм" дониста шуд


Намое аз филми "Муаллим".
Намое аз филми "Муаллим".

Филми тоҷикии "Муаллим", ки коргардонаш Носири Саид ва муаллифаш Сафари Ҳақдоданд, дар кинофестивали байнулмилалӣ дар Австрия барандаи ҷоизаи "Беҳтарин филм" гардид.

Филми тоҷикии "Муалллим" дар кинофестивали байнулмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июн баргузор шуд, ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро ба худ ихтисос додааст. ​Носири Саид, коргардони филм, 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маросими тақдими ҷоизаҳо, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, муаллифи филмнома Сафари Ҳақдод иштирок кардааст.

Ба навиштаи вебсайти расмии ин фестивал, ҷоизаи нақдӣ барои филми "Муаллим" 5,5 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ин ҷоиза аз аз миёни филмҳо аз қораҳои Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрикои Лотинӣ, насиби ин филми тоҷикӣ шуд.

Ин дувумин ҷоизаи байналмилалии филми "Муаллим" давоми соли ҷорӣ аст. Аз ин қабл, Марат Орифов, ҳунарманди тоҷик барои бозӣ дар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон, "Беҳтарин бозигар" дониста шуда буд.

Ин ҷашнвора дар авохири моҳи апрел ва авоили моҳи майи соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор шуда буд. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ки дар се бахш баргузор шуд, Марат Орифов ҳунарманди тоҷик дар бахши "Ҷилвагоҳи Шарқ", ки вижаи синамои кишварҳои шарқӣ ва исломӣ буд, беҳтарин бозигар дониста шуд.

Филми "Муаллим" зиндагии пурталотуми омӯзгор дар солҳои навадумро нишон медиҳад. Ин филм аз сӯи киностудияи “Тоҷикфилм” таҳия шуда ва нақшҳои асосиро Марат Орифов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Маҳнози Афшор, ҳунарманди эронӣ, иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов аз бозигарони дигар дар ин филм ҳастанд. Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои бисёр маъруфи синамо ва театри Эрон аст ва нахустин бор бо даъвати Носир Саидов, коргардони тоҷик дар филми ӯ бо номи “Муаллим” нақши аслиро бозид.

Филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод. ​

XS
SM
MD
LG