Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марат Орифов дар Эрон соҳиби "Симурғи булӯрин" шуд


Марат Орифов, ҳунарманди тоҷик барои бозӣ дар филми "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон беҳтарин бозигар дониста шуд.

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" дар Эрон ба поён расид ва ҳунарманди тоҷик Марат Орифов ба хотири нақшофарӣ дар филми "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов, ҷоизаи беҳтарин бозигариро гирифт.

Ба иттилои сайти расмии бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр", рӯзи 2 май натоиҷи сиву севумин ҷашнвораи филми "Фаҷр" пас аз як ҳафта рақобатҳо, дар Теҳрон ба поён расид. Дар ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ки дар се бахш баргузор шуд, Марат Орифов ҳунарманди тоҷик дар бахши "Ҷилвагоҳи Шарқ", ки вижаи синамои кишварҳои шарқӣ ва исломӣ буд, беҳтарин бозигар дониста шуд. Ба як ҳунарманди чинӣ ҳам ин ҷоиза насиб шудааст. Дар ин бахши ҷашнвораи байналмилалии филми "Фаҷр", ҳунарманди машҳури тоҷик Давлат Худойназаров дар ҳайати доварон шомил буд.

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" рӯзи шанбеи 25 апрел кори худро дар шаҳри Теҳрон оғоз кард ва дар баробари филмҳои эронӣ ва хориҷии ширкаткунанда дар ин ҷашнвора, филми "Муаллим"-и коргардони тоҷик Носир Саидов низ намоиш дод. Ин филм зиндагии пурталотуми омӯзгор дар солҳои навадумро нишон медиҳад.

Ин филм аз сӯи киностудияи “Тоҷикфилм” таҳия шуда ва нақшҳои асосиро Марат Орифов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Маҳнози Афшор, ҳунарманди эронӣ, иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов аз бозигарони дигар дар ин филм ҳастанд. Маҳноз Афшор, яке аз ҳунарпешаҳои бисёр маъруфи синамо ва театри Эрон аст ва нахустин бор бо даъвати Носир Саидов, коргардони тоҷик дар филми ӯ бо номи “Муаллим” нақши аслиро бозид.

Филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷик дар охири солҳои пурталотуми 90 дар Тоҷикистон аст, ки дар он замон идеологияи шуравӣ рӯ ба таназзул овард ва баъдан муаллим мақому манзалати баландаш дар ҷомеаро аз даст дод. ​

Бахши байналмилалии ҷашнвораи филми "Фаҷр" дар Эрон пас аз ҷудо кардани он аз бахши миллӣ, ки ҳар сол дар моҳи феврал баргузор мешуд, имсол барои аввалин бор аз 25 апрел то 2 май дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Дар ҷашнвораи имсола филмҳо аз 54 кишвари дунё дар се бахш рақобат карданд.

МУАРРИФИИ ФИЛМИ "МУАЛЛИМ" (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Намоиши филми нави Носир Саидов дар Кохи Ҷомӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

XS
SM
MD
LG