Акбар Ҷӯраев, аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шаби 29 ба 30 декабр бар асари беморӣ дар синни 80 даргузашт. Маросими видоъ бо Акбар Ҷӯраев рӯзи чоршанбе бо ҳузури аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик дар манзилаш дар наздикии бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷасади Акбар Ҷӯраевро баъд аз зӯҳри имрӯз дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супурданд.
Акбар Ҷӯраев аз арбобони фарҳанги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз нахустин нафаре буд, ки тугмаи оғози барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ҳамчун коргардони ҷавон дар таърихи 3-юми октябри соли 1959 пахш кард.
Ӯ зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буд ва кӯдакиашро пас аз истихдом шудани падараш ба унвони маъмури пулис, дар ноҳияи Кангурти вилояти Хатлон гузаронд ва таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 1-и ин ноҳия поён бурд. Пас аз хатми факултаи таърих - филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло, ҳамчун саркоргардон барои кор ба телевизиони тоҷик омад.
Дар охири солҳои 80 ва авоили солҳои 90-ум вай барои чанд мудат дар мақоми раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунин муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ се дафъа дар мақоми муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ ифои вазифа намудааст.