Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқоисаи духтари "кӯчарӯб"-и Душанбе бо Собчак ва Волочкова


Кӯчарӯби зебои Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

​Корбарони русзабони Интернет бар хилофи матлабҳои дигар дар бораи тоҷикон ин дафъа аз Мунира Мирзоева, “кӯчарӯб”-и зебои Душанбе, ҳимоят карда ва ҳатто ӯро беҳтар аз Волочковаю Собчак донистаанд.

Бисёре аз назарнависони рус дар баҳсҳои худ дар бораи Мунира Мирзоева -- сокини 19-солаи Душанбе, ки ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфтааст, ӯро бо Анастасия Волочкова, ҳунарманд ва Ксения Собчак, барандаи маъруфи телевизиони Русия муқоиса кардаанд. Агар иддае аз ин муқоиса ё муқобилгузорӣ истиқбол намуда, онро ҳақиқати кулл донистаанд, аммо баъзеи дигар низ будаанд, ки гуфтаанд: "Аз нигоҳи Шумо, агар ин духтари зебост, пас, Ксения Собчак, воқеан, як малика аст."

Матлаби Радиои Озодӣ дар бораи Мунира Мирзоеваро тӯли ҳафтаи гузашта даҳҳо торнамои мухталифи ҷаҳон ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда, навори сӯҳбати ӯро дар саҳифаи Ютуб танҳо дар як рӯз сад ҳазор нафар тамошо намуданд. Яке аз назарнависон дар торнамои

Анастасия Волочкова
Анастасия Волочкова

русизабони "Ура" гуфтааст, "воқеан, духтари зебост ва аз чашмонаш ҳувайдост, ки донову зирак низ мебошад. Чӣ фарқ дорад, ки намояндаи кадом миллат аст? Муҳим, ки зебост."

Нафари дигаре бо номи "За дружбу" ибрози умед кардааст, ки тамоми орзуҳои Мунира Мирзоева, аз ҷумла табиб шудани ӯ ҷомаи амал пӯшад.

Дар зери матлаби марбут ба Мунира Мирзоева дар сомонаи "Нур КЗ" низ баҳси зиёде сурат гирифта, мухолифону ҷонибдоронаш ба ду сангар ҷудо шудаанд. Зоҳиран корбарони зан дар Қазоқистон аз ҳимояти мардонашон аз зебоии духтари тоҷик нороҳат шуда, навиштаанд, ки мисли ӯ дар кишвари онҳо зеборухон бисёр аст.

Вале яке аз назарнависон ин баҳси "доманадор"-ро бо ин ҷумлаҳо поён бахшидааст, ки "тоҷикон мардуми бузург ҳастанд. Онҳо коргар ва зебоянд ва Худо барои онҳо имкони боз ҳам рушд карданро бидиҳад. Ин духтар нуздаҳ сол дорад, вале бубинед, ки зиндагии мушкилаш ҳанӯз натавонистааст дар чеҳраи ӯ пайи худро бигузорад."

Ин акси Мунира ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфтааст
Ин акси Мунира ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфтааст

Дар миёни даҳҳо бонуи зебо аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба лоиҳаи "Харитаи зебоӣ"аз Тоҷикистон акси Мунира Мирзоеваи 19-сола роҳ ёфтааст, ки аз ӯ дар ин харита “кӯчарӯби зеботарин” ном бурдаанд, вале ӯ дар асл кӯчаҳои Душанберо гулкорӣ мекунад. “Харитаи зебоӣ” як лоиҳаи интернетиест, ки онро суратгире аз Руминия бо номи Миҳаила Норок роҳандозӣ кардааст. Муаллифи лоиҳа бо дурбини худ ба сайри ҷаҳон баромада, мехоҳад зеботарин чеҳраҳоро аз ҳар гӯшаи дунё аксбардорӣ кунад ва баъди анҷоми сафар ин аксҳоро дар шакли китоб ба нашр расонад. Моҳе қабл чеҳраи Мунира Мирзоева ба дурбини суратгир афтод, ки ин дафъа Тоҷикистонро макони сафар интихоб кард.

Азбаски либос ё камзӯли кории роҳрӯб ва гулпарварон дар Душанбе якранг аст, аз ин рӯ суратгир ӯро “кӯчарӯб” пиндоштааст. Мунираи 19-сола, ки дар бахши кабудизоркунии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт кор мекунад, ноновари аслии хонаводаи 7-нафарааш аст ва тамоми рӯзаш ба ороишу гулгашту хиёбонҳои Душанбе сипарӣ мешавад.

Мунира ҳам баъди хатми мактаби миёна мисли ҳазорҳо духтарони дигари тоҷик орзуи идомаи таҳсилро дошта, мехост, табиб шавад. Аммо шароити молӣ чунин имкониятро надод. Ҳоло мегӯяд ӯ, зиёд озурда ё нороҳат нест, чунки “ҳар кас бояд пояшро ба кӯрпа нигоҳ карда дароз кунад”. Дар воқеъ, ин духтари ба зиндагӣ хушбин дар гӯшае аз хаёлаш орзуи маликаи ҳусн буданро надорад ва мегӯяд, ҳоло бештар аз ҳама мехоҳад зиндагии хубу осуда дошта, дастнигари касе набошад.

Мунира танҳо духтаре нест, ки аз Тоҷикистон диққати аккосро ба худ ҷалб кардааст. Миҳаила Норок ҳангоми гузаштан аз ҳудуди Тоҷикистон даҳҳо чеҳраи дигарро ҳам аксбардорӣ кардааст, аммо дар саҳифаи фейсбукиаш дӯстон маҳз акси Мунираро барои нашр дар китоби ояндааш тавсия додаанд.

XS
SM
MD
LG