Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон баъди видоъ бо модар дар Узбекистон


Ноҳияи Сӯх
Ноҳияи Сӯх

Се хоҳару бародар аз Тоҷикистон, ки барои дафни модар ба ноҳияи Сӯхи Узбекистон рафта буданд, дар Қирғизистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шудаанд.

Раъно Болтаеви 62-сола аз Душанбе бо хоҳари 57-сола ва бародари 46-солаашро ба он муттаҳам мекунанд, ки зимни убури марз муқарроти қонуниро риоят накардаанд.

Мирасрори Фарғонӣ, яке аз хешовандони ин хонавода рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарсе шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел барои дафни модарашон ба ноҳияи Сӯх як ҷазирақаламрави Узбекистон дар дохили Қирғизистон омаданд ва баъди дафн гирифтори мушкилот шуданд.

Вай афзуд: “Онҳо зуд рӯи гарми модарамонро бинем гуфта аз тариқи Вилояти Ботканди Қирғизистон ба Сӯх омадаанд, дар шиносномаҳояшон муҳри вуруд ба Қирғизистон надоштаанд. Баъди дафн мақомоти Узбекистон омада, шиносномаҳои онҳоро гирифта худашонро ба мақомоти Қирғизистон супориданд.”

Баъди ин мақомоти Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кардаанд ва аз рӯзи 1-уми май аст, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Қизилқия дар вилояти Ботканд нигаҳ медоранд.

Мирасрори Фарғонӣ гуфт, сабаби аз Сӯх берун кардани се хоҳару бародари тоҷик дар он будааст, ки бар асоси қонун ба ғайр аз шаҳрвандони Қирғизистон ва Узбекистон дигар касе ҳақ надорад, ба Сӯх як ноҳияи тоҷикнишини Узбекистон ворид шавад. Ин ноҳия дар дохили қаламрави Қирғизистон ҷойгир аст.

Мирасрори Фарғонӣ, ки шаҳрванди Узбекистон аст, аз он гила кард, ки мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили се шаҳрванди худ чорае намеандешанд. Ӯ гуфт, хешовандонаш барои видоъ бо модари азизашон омаданд ва ҳеҷ намедонистанд, ки ба мушкили азиме дучор мешаванд.

Ба қавли ӯ: “Мақомоти Қирғизистон ҳам метавонистанд, ҷанбаҳои башарии сафари ин шаҳрвандони Тоҷикистонро ба инобат гирифта ва бо ҷарима онҳоро раҳо мекарданд. Инҳо ҷиноят накардаанд, силоҳ надоштаанд, маводи мухаддир надоштаанд, чаро бояд ҷазо бигиранд ва дар боздошт бимонанд.”

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари мақомоти Қирғизистонро дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бигирад. Сӯх тақрибан 60 000 нафар аҳолӣ дорад ва аксарияти онҳо тоҷикон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG