Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев қонун дар бораи марзи Қирғизистону Узбакистонро имзо кард


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, қонун дар бораи аломатгузории 85 дар сади марзи 1 ҳазору 280 китометрии кишвараш бо Узбакистонро имзо кард.

Бар пояи ин қонун, ки рӯзи 2 октябр имзо шуд, аломатгузории 1 ҳазору 170 километри марз тамомшуда эълон шуд.

Баҳси марзӣ дар байни ду кишвари Осиёи Марказӣ аз соли 1991, аз замони суқути Шӯравӣ ва эълони истиқлолияти Қирғизистон мушкилоти умдаи кишвар номбар мешуд.

Марзҳои даъвоӣ роҳро ба низоъҳо боз карда буд, ки баъзеи онҳо бо истифода аз силоҳи оташфишон ҷараён гирифтанд.

Вазъ баъди марги раҳбари тӯлонии Узбакистон Ислом Каримов рӯ ба беҳбудӣ овард.

Шавкат Мирзиёев, ҷойгузини Ислом Каримов, равобити хуб бо ҳамсояҳои Узбакистонро аз авлавиятҳои сиёсати кишвараш унвон кардааст.

Қонун дар бораи 85 дар сади делимитатсияи марз рӯзи 5 сентябр, дар ҷараёни сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон имзо шуд.

Порлумони Қирғизистон қонунро рӯзи 28 сентябр тасвиб кард.

Минтақаҳое, ки баҳсбарангез боқӣ мондаанд, ҷазира-қаламрави Узбакистон дар ҳудуди Қирғизистон - Сӯх ва Шоҳимардон ва ҷазира-қаламрави Бараки Қирғизистон дар ҳудуди Узбакистон номбар мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG