Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ДОИШ мехост, пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тарконад". "ВИДЕО


Бозпурсӣ дар маҳаллаи "Гипрозем" дар назди қарогоҳи сарбозони Русия дар Тоҷикистон.
Бозпурсӣ дар маҳаллаи "Гипрозем" дар назди қарогоҳи сарбозони Русия дар Тоҷикистон.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, як гуруҳи 12 нафариро дастгир кардаанд, ки ният доштанд, бо раҳнамоии гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро битарконанд.

Гуруҳи мазкурро рузи 4-уми ноябр дастгир кардаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рузи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ тафтишот дар ин замина идома дорад ва саркардаи гуруҳ Суҳроб ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат будааст. Насаби ин ҷавон ҳануз ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Ба қавли ӯ, ин ҷавон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Эрону Туркия аз онҷо ба Сурия рафта ва “дар амалиётҳои ҷангии онҷо ширкат кардааст.” Манбаи огоҳ аз ин парванда дар бораи ҷузъиёти ин қазия суҳбат накард, чун ба қавли он парванда махфӣ аст.

Бозпурсии саркардаи гуруҳ рузи 8-уми ноябр дар назди яке аз воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст ва аксҳое ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна маъмурони амниятии ниқобпӯши мусаллаҳ дар назди як нафаре истодаанд.

Боздошти 12 муттаҳам бо тарҳрезии ҳамла ба пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Як нафари дигар саҳнаро ба навор мегирад ва маъмури дигаре низ дар рӯ ба рӯи муттаҳам ба ҷиноят истодааст. Дар аксҳо маҳаллаи Гипрозем дида мешавад, ки онҷо яке аз воҳидҳои калонтарини пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҷойгир аст ва садҳо сарбоз дар он хидмат мекунанд.

Яке аз сокинони шоҳидони ҳодиса, ки зимни бозпурсии Суҳроб ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ зимни посух ба суолҳои муфаттишон дар назди дарвозаи пойгоҳи 201-ум дар маҳаллаи Гипрозем мегуфт, ки ҳадафашон тарконидани пойгоҳи низомии Русия буд”, чун ин кишвар дар Сурия тарафдорони онҳоро бомборон мекард. Ба қавли яке аз шоҳидон, ҳадаф тарконидани “комендатура”- и пойгоҳ будааст, ки назорати равуо ба дохили пойгоҳ масъулияти он аст.

Ба самти пойгоҳи низомии Русия ишора мекард

Дар вақти пурсиш ба суолҳои муфаттиш ҷавоб медод ва ба тарафи пойгоҳи Русия ишора карда мегуфт, ки инҳо “душманони Оллоҳ” ҳастанд.

“Дар вақти пурсиш ба суолҳои муфаттиш ҷавоб медод ва ба тарафи пойгоҳи Русия ишора карда мегуфт, ки инҳо “душманони Оллоҳ” ҳастанд ва дар Сурия ва дар дигар кишварҳо зидди мардум амалиёт мебаранд, барои ҳамин ният доштанд, ки пойгоҳро тарконанд” - гуфт, яке аз ин шоҳидон ба Радиои Озодӣ.

Русия дар Сурия як пойгоҳи низомӣ дорад ва дар ҷанг ба зидди гуруҳи ба ном Давлати исломӣ ва ошӯбгарони зиддиҳукуматӣ ба ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия кумак мекунад. Фармондеҳони рус борҳо аз натиҷаҳои амалиётҳои ҳавоӣ ба зидди гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" гузориш дода ва гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо даҳҳо ҷангҷӯи ин созмон ва аз ҷумла ҷангҷӯён аз Осиёи Марказиро куштаанд.

Зумрад Сафарова, яке дигар аз шоҳидони бозпурсии муттаҳам ба тарҳрезии ҳамла мегӯяд, “Дар вақти пурсиш аз ҳамаи хонаҳои истиқоматии назди пойгоҳи Русия истиқоматкунанадагон ҷамъ шуданд ва ҳарфу ишораҳои ин мардро тамошо мекарданд.

ДОИШ мехост, пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тарконад "
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
Линки мустақим

Ба қавли ӯ, муттаҳам ба ҷиноят ҳамчунин мегуфт, ки “Азбаски дар Русия мусулмононро азият мекунанд, ӯ аз қасди тарконидани пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон як зарра пушаймон нест.”

Ба гуфтаи шоҳидон, саркардаи гуруҳ Суҳроб нақл кардааст, ки аввал мехостанд, чанд нуқтаҳои дигар хусусан ҷойҳои серодамро тарконанд, вале аз ин қасди худ даст кашидаанд. Ба қавли шоҳидон рӯзи 8-уми ноябр фақат саркардаи гуруҳро бозпурсӣ кардаанд ва касе аъзои дигари гуруҳ онҷо набуд.

Боздошт баъди бозгашт аз Афғонистон

Яке аз онҳое, ки суҳбатҳоро шунидааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти амниятӣ баъди он тарҳи ҳамларо ошкор кардаанд, ки яке аз аъзои дигари гуруҳро ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дастгир кардаанд.

“Суҳробро баъди он дастгир кардаанд, ки яке кормандони амният як одами онҳоро баъди аз Афғонистон омадан ба Тоҷикистон дастгир мекунанд. Баъд ба у фармон медиҳанд, ки ба Суҳроб занг занад ва бигуяд, ки дар Тоҷикистон ва барои амалиёти таркондан тайёр аст. Суҳроб ба у мегуяд, ки биё дар назди Сирк вохӯрем, баъди ҳамаи онҳоро кормандони КГБ дастгир мекунанд.”

Шоҳидон дар маҳаллаи Гипрозем ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гӯё Суҳроб баъзе аз маҳсулоти лозим барои омода кардани маводи мунфаҷираро аз дорухонае дар маҳаллаи “Мехкалон” харидаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин маҳалла рафт ва воқеан дар онҷо чанд дорухона ва як мағозаи бузурги масолеҳи сохтмонӣ ҷойгир аст.

Ҷузъиёти дигари парванда маълум нест, ки ин гуруҳ чӣ маводеро аз дорухона харидааст, кай қасд доштанд, ҳамларо анҷом бидиҳанд ва оё ҳамаи муттаҳамон ба тарҳрезии ҳамла дар боздошт ҳастанд ё не. Мақомоти амниятӣ расман ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Ифшои тарҳи дуввуми ҳамла ба пойгоҳи Русия?

Ҳамчунин маълум нест, ки Суҳроб, ки аз у сокини шаҳри Ваҳдат ном мебаранд, кай аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштааст. Аз шумори онҳоест, ки довталабона омадааст ва ё онҳое, ки пинҳонӣ ба Ховари Миёна рафтаанд ва ба онҳо муяссар шудааст, ки бо вуҷуди ҷангу муноқиша дар Сурия ба Тоҷикистон баргарданд.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон, дар бораи ошкор шудани тарҳи ҳамла ба пойгоҳи 201-уми Русия хабар медиҳанд. Моҳи августи имсол дар як гузорише, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешуд, 10 нафар аз аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ мехостанд, пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон тарконанд ва бо ҳамин “оромиву субот дар кишварро ба ҳам зананд.”

Ин афродро аз 7 то ба 26-солии зиндон маҳкум карданд. Мақомоти Русия дар робита ба ин қазияҳо то кунун вокунише нишон надодаанд. Пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон 7 ҳазор сарбоз дорад, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аст.

XS
SM
MD
LG