Пайвандҳои дастрасӣ

Донае, ки 44 нафарро дар Ишкошим бемор кард


Тухми гелиотроп, рустание, ки 44 нафарро дар Ишкошим бемор кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди гирифторон ба бемории гепатити гелиотропӣ дар ноҳияи Ишкошим аз марзи 40 нафар ҳам гузашт.

Як манбаъ дар шифохонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин шифохона то кунун 44 нафар бо аломатҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд ва “16 нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.”

“Ҳамаи онҳо зери назорати табибон қарор доранд ва муолиҷа мегиранд. Умедворем вазъашон беҳтар мешавад” – гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, рӯзи 3-уми феврал ҳам аъзои як хонаводаро бо аломатҳои ҳамин беморӣ ба шифохона оварданд. То чанд рӯз пеш мақомоти расмӣ мегуфтанд, ки теъдоди гирифторони гепатити гелиотропӣ 39 нафар аст.

Ин аксҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ тамоми ҷаҳонро давр заданд.
Ин аксҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ тамоми ҷаҳонро давр заданд.

Бемории варами ҷигар ва ё гепатити гелиотроп соли 1992 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бахусус ноҳияи Фархор хуруҷ кард. Дар он замон бештар аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд шуданд ва на камтар аз 500 нафари онҳо вафот карданд.

Аввалин хонаводае, ки ҷабри истеъмоли орди олударо кашид, хонаводаи омӯзгор аз деҳаи Питуп, Қурбонбек Қурбонбеков буд, ки 5 узви оилааш баъди истеъмоли орд бемор шуданд ва писари 11-солааш вафот кард.

Баъди гирифтории 5 сокини деҳаи Питути ноҳияи Ишкошим ба бемории гепатити гелиотропӣ дар моҳи январ, вазорати тандурустӣ ба Бадахшон гурӯҳи мутахассисонро фиристод ва онҳо маълум кардаанд, ки сокинони деҳаи Питуп орди гандумеро истеъмол кардаанд, ки дар таркибаш тухми рустании заҳрноки “гелиотроп”-ро дорад.

Баъди маълум шудани сарчашмаи беморӣ, раиси вилояти Бадахшон амр додааст, ки орд ва гандуми олуда ба тухми гелиотропро аз мардум ҷамъ карда бигиранд ва ба онҳо бо маводи ғизоӣ кӯмак кунанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, орди олуда ба тухми рустании гелиотропро Шавкат Раҳматов, сокини рустои Тугози ноҳияи Ишкошим аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оварда ва дар инҷо фурӯхтааст.

Олимхон Маҳмудов
Олимхон Маҳмудов

Олимхон Маҳмудов, сартабиби санитарӣ ва эпидемилогии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз ин ҳодиса огаҳӣ доранд. Ба қавли ӯ, соҳибкори ишкошимӣ “Дар кӯҳи Хуҷамӯъмин гандум мекордад ва панҷ тонна гандумро гирифта, барои фурӯш ба Ишкошим мебарад.”

Табиби тоҷик гуфт, рустании гелиотпроп дар гандумзорҳо мерӯяд ва онҳо дар байни мардум таблиғот мебаранд, ки ҳеҷ гоҳ гандуми олуда ба гелиотропро орд карда нахӯранд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ тухми "гелиотроп"- ро нишон дод ва гуфт, ки ҳамин тухмиро ба сокинон нишон дода ба онҳо мефаҳмонанд, ки гандумашонро аз он комилан пок кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Ҳамадонӣ то кунун ҳеҷ касе бо аломатҳои бемории варами ҷигар ва ё гепатити гелиотропӣ бистарӣ нашудаст.

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки ҳоло сокинони Ҷамоати деҳоти Питуп ва атрофи он зери назорати табибону мутахассисон қарор доранд, то дар сурати зоҳир шудани аломатҳои беморӣ зуд ба муолиҷа фаро гирифта шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG