Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти бемории замони ҷанг ба Тоҷикистон. САДО


Ин кӯдакон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гирифтори чунин беморӣ шуданд
Ин кӯдакон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гирифтори чунин беморӣ шуданд

Шаш узви як хонавода дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба беморие гирифтор шуданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо нафарро кушт.

Бемории варами ҷигар рӯзи 31-уми январ писари 13-солаи хонаводаи Қурбонбек Қурбонбеков, як омӯзгор аз рустои Питупи ноҳияи Ишкошимро аз онҳо гирифт ва айни замон ду узви дигари хонавода дар ҳоли вазнин дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ муолиҷа мегиранд.

Қурбонбек Қурбонбеков, ки айни замон дар шифохона табобат мегирад, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи аъзои хонавода аввали моҳи январ баъди истеъмоли нони гандумӣ ба беморӣ гирифтор шуданд.

“Аввал кӯдаконро шикамдард гирифт, баъд қайкунӣ сар шуд, баъд шикамашон варам кард. Мо дар ҳамон деҳа ба шифохонаи минтақавӣ муроҷиат кардем, ду се рӯз дору доданд, як рӯз хобонданд, вале рӯз ба рӯз вазъ вазнин шуд. Баъд аз рӯзи 16-уми январ дар ҳамин дар марказ муолиҷа мегирем“ – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Омӯзгори тоҷик гуфт, ки вазорати тандурустӣ гурӯҳе аз мутахассисон ба шумули профессорҳоро барои ташхиси беморӣ ва муолиҷаи онҳо сафарбар кардаанд ва онҳо гуфтаанд, ки сабаби беморӣ истеъмоли гандуми олуда ба як рустанӣ будааст:

“Ташхис карданд, гуфтанд, ки аз як навъи гандуме, ки дар дохилаш як алаф доштааст, мо заҳролуд шудем. Номи тиббиашро намедонам” – гуфт, Қурбонбек Қурбонбеков.

Бозгашти бемории замони ҷанг ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим

Аммо ноне, ки хонаводаи омӯзгори тоҷикро бемор кард, олуда ба тухми рустании гелиотроп будааст, ки кори рагҳои хунгард ва ҷигарро ба ҳам мезанад. Баъди ихроҷи оби зиёд шиками бемор варам мекунад ва об дар атрофи дил ва дигар узвҳои муҳими бадан ҷамъ мешавад.

Айни замон ба гуфтаи баъзе аз манобеъ, ду хонаводаи дигар аз як рустои ҳамсояи Питуп дар Ишкошим ҳам ба айни беморӣ гирифтор шудаанд. Ёздаҳ нафар аз як хонавода ва 9 нафари дигар аз оилаи дигар. Қурбонбек Қурбонбеков ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ як оилаи 11 нафариро барои муолиҷа ба шифохонаи онҳо оварданд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, дурустии ин хабарро ташхис кунад.

Аввал кӯдаконро шикамдард гирифт, баъд қайкунӣ сар шуд, баъд шикамашон варам кард.

Қурбонбек Қурбонбеков, ки тамоми хонаводааш дар шифохона аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, табибон тамоми корро анҷом додаанд ва гуфтаанд, ки ҳар кореро, ки аз дасташон меояд, барои муолиҷаи онҳо ва бахусус наҷоти кӯдакон анҷом медиҳанд.

“Набераи севуним сола дар ҳолати вазнин, писарчаам синфи 8 аст, дар ҳолати вазнин, дар бахши кӯдакона нигаҳ дошта мешаванд. Фарзанди дигари ман дар синфи 11 мехонад, дар бахши терапия, худи ман, оилаи ман дар бахши терапия қарор дорем. Муолиҷа мегирем, ду кӯдакамон дар бахши кӯдакона нигаҳ дошта мешаванд” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисонро барои кӯмак дар муолиҷа ва ташхиси манбаи беморӣ ба Бадахшон фиристодааст. Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва ё бемориҳои аъзои ҳозима ва ҷигар имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гурӯҳе аз мутахассисони пажӯҳишгоҳро ба вилоят фиристодаанд ва онҳо онҷо кор мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, дар сурати маълум кардани манбаъ ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки дигар гандуми олударо истеъмол накунанд ва дур андозанд.

Қурбонбек Қурбонбеков гуфт, гандуме, ки онҳо харидаанд, аз ҷануби Тоҷикистон барои фурӯш оварда шудааст. Худоназар домоди омӯзгори тоҷик, ки дар назди ҳамсари бемораш дар Душанбе қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “гандумро аз ноҳияи Ҳамадонӣ барои фурӯш ба Ишкошим бурдаанд ва онҳо моҳи сентябр ин гандумро харидаанд.”

Ҳамсари ҳомила ва духтари хонаводаи Қурбонбек Қурбонбековро, барои муолиҷа ба Душанбе овардаанд, то ба сиҳатии кӯдаки батнаш осеб нарасад. Ба гуфтаи Худоназар, вазъи сиҳатии оилааш хуб аст ва ӯ зери назорати табибон қарор дорад.

Талбак Саидов
Талбак Саидов

Талбак Саидов, сартабиби собиқи шифохонаи марказии ноҳияи Фархор, ки садҳо бемории варами ҷигарро дар замони ҷанг муолиҷа кардааст, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд мутахассисон маълум кунанд, ки гандум аз куҷо омадааст. “Бояд таҳқиқ кунанд, ки аз куҷо бурдаанд, чун ин навъи рустанӣ дар ноҳияҳои гуногун вуҷуд дорад” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Бемории варами ҷигар ва ё гепатити гелиотроп соли 1992 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бахусус ноҳияи Фархор хуруҷ кард. Дар он замон бештар аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд шуданд. На камтар аз 500 нафар ҳалок шуданд, ҳазорон нафар шифо ёфтанд.

XS
SM
MD
LG