Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: "Дар маршировка ширкат кардан намехоҳед? Наравед"


Шамсиддин Орунбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳақ надорад донишҷӯёнро ба таври маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб намояд.

Вазири фарҳанг рӯзи 26 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “рафтани донишҷӯён ба маршировкаҳо маҷбурӣ нест”. Ӯ гуфт, “касе, ки хоҳишманд аст, метонад равад, касе намехоҳад, наравад”.

Маршировка машқҳои тамринии донишҷӯёну ҷавонон аст, ки ҳамасола дар робита бо ҷашнҳои калонии давлатӣ барпо мешаванд ва барои ширкат дар онҳо ҳазорҳо донишҷӯён давоми ҳафтаҳои тӯлонӣ ва дар ҳавои гарму сард дур аз таҳсилу омӯзиш ҷалб мешаванд. Донишгоҳҳо ҳузури донишҷӯёнро дар ин маъракаҳо ҳатмӣ меноманд ва таҳдид мекунанд, ки донишҷӯёни саркаш аз мактаб ихроҷ мешаванд.

Ин мавзӯъ дар нишасти вазири фарҳанг дар ҳоле садо дод, ки вазорати фарҳанг дар баробари вазорати маориф яке аз сохторҳои масъули барпо кардани маршировкаҳои ҷавонон ба шумор меравад. Як хабарнигори ҷавон, ки гуфт донишҷӯ низ аст, ба вазир муроҷиат кард ва гуфт: “Шумо мегӯед, донишҷӯён иҷборӣ ба маршировка бурда намешаванд, аммо дар донишгоҳ мегӯянд, қарори махсуси вазорати фарҳанг аст, ки мегӯяд: “агар наравед, хориҷ мешавед”. Ба ин чӣ назар доред?”

Дар посух вазири фарҳанг гуфт, ки чунин талабот асос ва заминаи қонунӣ надорад ва аз ин духтар, ки худро Салима Мусоева, аз маҷаллаи “Истиқбол” муаррифӣ кард, пурсид, ки “Шумо худ мехоҳед дар маршировка ширкат кунед?” Салима Мусоева гуфт: «Не, намехоҳам ширкат кунам».

Орунбекзода илова намуд, ки «агар намехоҳед метавонед ширкат накунед» ва ӯ ҳамчун вазири фарҳанг ваколати хориҷ кардани ӯро надорад.

Машқҳои дастаҷамъии ҷавонон, ки бар асоси барномаҳои тафреҳӣ ташкил мешаванд, ҳамасола дар остонаи ҷашни Наврӯз, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолият дар муддати то як-ду моҳ тӯл мекашад. Дар ин гуна маъракаҳо то 50-60 ҳазор донишҷӯ аз мактабҳои олӣ сафарбар мешаванд.

Баъзе волидон аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи омӯзиши онҳо халал мерасонад. Онҳо мегӯянд, таҷрибаи ташкили ҷашнҳои давлатии бошукӯҳ назири маъракаҳоест, ки ҳукумати Шӯравӣ баргузор мекард, вале зоҳиран имрӯзҳо дар азми баргузории ҷашнҳои серҷамъият бо иштироки ҷавонону донишҷӯён мақомот аз давраҳои Шӯравӣ ҳам бештар вақту маблағ сарф мекунанд.

Дар гузашта на танҳо волидон ва коршиносони алоҳида, балки сиёсатмадорон низ дар мавриди халал ворид кардани раҳпаймоиҳои донишҷӯён изҳори назар карда буданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи Душанбе, соли 2012 дар як маҷлиси шаҳрӣ гуфта буд, хонандагони мактабҳо набояд дар соатҳои дарсӣ ба маршировка ҷалб шаванд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар моҳи январи имсол зимни як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки ба хотири иштирок дар “маршировка” донишҷӯён аз дарс озод намешаванд ва танҳо баъди дарс ҷалб хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, донишҷӯёне, ки дар маршировкаҳо ширкат мекунанд, стипендия гирифта, инчунин, бо хӯрок ва роҳкиро таъмин карда мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (50)

XS
SM
MD
LG