Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Терек" дар нахустин бозиаш бо раҳбарии Р.Раҳимов


Тими "Терек"-и Грозний нахустин бозиашро бо сармураббии ҷадид Рашид Раҳимов ба тими ССКА дар Маскав бо ҳисоби бузурги 1:4 бохт.

Рашид Раҳимов баъди ин шикаст бо ҳисоби бузург эътироф кард, ки дастааш дар ҳоли буҳронӣ қарор дорад, "вале ҳар як буҳрон роҳи раҳоӣ дорад. Корро идома хоҳем дод. Ин бозӣ мазмуни зиёде барои андеша ҳам ба мо дод." Аммо ин дастпарвари футболи тоҷик эътироф кард, ки чунин дебютро аслан интизор надошт: "Кӣ метавонад чашмдори чунин дебют бошад? Ман мунтазири ин набудам. Ва хуб аст, ки акнун дар чемпионат танаффус шурӯъ мешавад. Мо бояд хеле сахт кор кунем."

Рашид Раҳимов дар ҳафтаи гузашта маҳз ба хотири аз буҳрон берун кашидани тими пойтахти Чеченистон ба ҳайси сармураббӣ барои ду сол бо "Терек" қарордод баст. Рашид Раҳимов дар ҳоле ба "Терек" омад, ки дар 15 даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия дар мавсими 2013/14 ҳамагӣ 9 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқоти премйер-лига дар байни 16 даста дар ҷойи пеш аз охирин - 15-ум қарор дорад.

Масъулони "Терек" пинҳон намекунанд, ки Рашид Раҳимовро барои он даъват карданд, то дастаро аз ин ботлоқи нокомиҳо берун кашида, ба мақомҳои баландтар дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия бирасонад. Ояндаи ӯ дар "Терек" низ ба он бастагӣ дорад, ки то куҷо метавонад ин дастаи сохтаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ва мояи ифтихори ӯву боқӣ сокинони ин ҷумҳурии Қафқози шимолиро аз чанги буҳрон наҷот дода, дар премйер-лига ҳифз кунад.

Рашид Раҳимов, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, рӯзи 7 ноябр сармураббии тими «Терек»-и Грозний таъйин шуд. Ба иттилои Магомед Довудов, раиси бошгоҳи футболи «Терек» бо Рашид Раҳимови 48-сола ба мӯҳлати ду сол қарордод баста шудааст.

Собиқ сармураббии даста Юрий Красножан барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши «Терек» аз вазифааш сабукдӯш шуда буд. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфтааст, ки ин мутахассис бо футболбозон забон ёфта натавонист. Ёвари Красножан Ваит Талгаев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста буд ва ӯ ба ситоди мураббиён шомил мешавад.

"Терек" севумин дастаи футболи лигаи олии Русия аст, ки дастпарвари футболи тоҷик Рашид Раҳимовро ба ҳайси сармураббӣ даъват мекунад. Ӯ қаблан сармураббии тими маъруфи "Локомотив"-и Маскав ва ду дафъа сармураббии "Амкар"-и Перм буд.

Рашид Раҳимов бо Шариф Назаров дар Душанбе, соли 2012
Рашид Раҳимов бо Шариф Назаров дар Душанбе, соли 2012
Рашид Раҳимов 18-уми марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари бошгоҳи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе мебошад. Вай дар дастаи «Помир»-и Душанбе нимҳимоятгар ва ҳимоятгар буд ва дар чемпионати СССР дар лигаҳои якуму олӣ бозӣ кардааст. Соли 1988 ба унвони «Устоди варзиши СССР» мушарраф шудааст. Вай дар чемпионати Русия шарафи дастаҳои «Локомотив» ва «Спартак»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Инчунин ӯ дар бошгоҳҳои аврупоии «Валядолид»-и Испания ва «Аустрия», «Адмира Ваккер» ва «Рид»-и Австрия ҳунарнамоӣ дошт. Вай дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия низ чанд бозӣ анҷом додааст.

Рашид Раҳимов қаҳрамони Русия (1992, 1994) ва барандаи Ҷоми СССР (1991-92), инчунин, ғолиби мусобиқаи лигаи якуми СССР (1998) мебошад.

Раҳимов баъди анҷоми карйерааш ба ҳайси бозигар ба кори мураббигӣ гузашт. Рашид Раҳимов сармураббии «Амкар»-и Перм (2006-2007 ва 2009-2011), «Локомотив»-и Маскав (2007-2009) буд.

Оиладор, соҳиби 4 духтар аст. Аҳли хонаводааш дар Австрия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG