Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дақиқ нест, ки тоҷикон дар оффшор чӣ қадар пул доранд"


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Иззатулло Маҳмудов, сардори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои Бонки миллӣ гуфт, дар бораи ширкат ва пули шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор иттилои дақиқ надоранд.

Як мақоми Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 11 май дар робита ба ошкор шудани номи даҳ шаҳрванди кишвар дар минтақаҳои оффшор изҳори назар кард. Иззатулло Маҳмудов, cардори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои Бонки миллӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар сурате ки Тоҷикистон тамоми талошашро барои ҷалби сармояи хориҷӣ сарф мекунад, беҳтар аст, пули шаҳрвандон низ дар дохил истифода бишавад.

Ӯ гуфт, аммо онҳо дар бораи он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор чӣ қадар ширкатҳоро сабт карда ва ҳамин тавр чӣ қадар маблағҳояшонро нигоҳ медоранд, иттилои дақиқ надоранд.

"Албатта, он маблағҳое, ки аз кишвар берун мешаванд, хавф доранд, чун ба коста кардани иқтисоди мо таъсири манфии худро мерасонанд. Яке аз стратегияи асосии давлати мо дар сиёсати иқтисодӣ ҷалби инвеститсияи хориҷӣ аст. Вақте мо аз берун сармоя ҷалб мекунем, дар баробари ин, маблағҳои ширкати оффшории шаҳрвандони мо дар дохили кишвар истифода шаванд, кори хуб мешавад. Истифодаи чунин маблағҳо дар дохили кишвар яке аз омилҳое мешавад, ки низоми бонкдории кишварро то ҳадди муайян устувортар мегардонад," - гуфт ӯ.

"Авроқи Панама" (Panama Papers) дар пайи ифшогариҳояш номи даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро низ ошкор кард, ки асосан ширкатҳои худро дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиния ва Баҳама сабтином кардаанд. Бар асоси ҳуҷҷатҳои "Авроқи Панама", ин афрод

1. Сафармад Сафаров,

2. Бахтиёр Муъминов,

3. Абдумуъмин Абдушукуров,

4. Зарифбек Давлатов,

5. Беҳзод Файзуллоев,

6. Фирӯза Акрамова,

7. Салим Халилов,

8. Дилшод Шоҳмамадов,

9. Ҳакимбой Зиёевич,

10. Мансурҷон Ҳамидов ҳастанд.

Дар ин феҳрист номи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати Babilon, ва Бахтиёр Муъминов ба ҳайси саҳом ва раҳбари ширкатҳои гуногун ду бор сабт шудааст. Қаблан, дар моҳи январи соли 2015, Нусратулло Абдуллозода, раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон дар як нишасти хабарияш гуфта буд, ки "75 дарсади саҳмияи Babilon дар ихтиёри ширкати оффшории "Ҳайтрон" аст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Британия сабтином шудааст."

Бар асоси санади "Авроқи Панама", шаш нафари аввали ин феҳрист дар ҷазираҳои Вирҷиния сабтином шуда, танҳо маҳалли қайди ширкати Салим Халилов ҷазираи Баҳама нишон дода шудааст. Ҷои сабтиноми се тани дигар - Дилшод Шоҳмамадов, Ҳакимбой Зиёевич ва Мансурҷон Ҳамидов - номуайян гуфта шудааст.

Ҳамин тавр, Сафармад Сафаров - саҳоми ширкати "Ashton Business Group Limited", Бахтиёр Муъминов - раҳбари ширкати "B&M It Scientific Solutions Ltd" ва "Hightron Holdings Inc.", Абдумуъмин Абдушукуров - саҳмдори "Verony Interinvest Limited", Зарифбек Давлатов - саҳмдори ​"Penkridge Global Limited", Беҳзод Файзуллоев - саҳмдори "BF& Brothers Management Holdings Ltd." ва "Hightron Holdings Inc.", Фирӯза Акрамова - саҳмдори "Incred Company Corp.", Салим Халилов - саҳмдори "Worl Development Corp.", Дилшод Шоҳмамадов - саҳоми "Orvitel Enterprises, Corp.", Ҳакимбой Зиёевич - саҳоми "Valento Commerce Limited" ва Мансурҷон Ҳамидов - саҳоми "Rosington Projects Ltd." муаррифӣ шудаанд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, рӯйхате, ки "Авроқи Панама" дар бораи даҳ шаҳрванди тоҷик нашр кардааст, танҳо дар сурате метавонад, аҳмият пайдо кунад, ки пайвандии афроди номнависшуда, ба мақомдорони тоҷик ошкор шавад. Ӯ мегӯяд, исми Беҳзод Файзуллоев, директори ширкати "Babilon", Бахтиёр Муъминов, корманди техникии ин ширкат ва Мансурҷон Ҳамидов, раҳбари собиқи “Tcell” ҳеч ҷои аҷобат надорад, зеро ба гуфтаи ӯ ин афрод соҳибкор буда, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳақци боз кардани ширкат дар минтақаҳои оффшориро доранд.

Ӯ мегӯяд: "Мисле, ки дар мавриди Русия ҳуҷҷатҳо ошкортар буд, дар мавриди Тоҷикистон шахсиятҳо ва ҳаҷми маблағу тиҷораташон ошкор нест. Исми онҳо ҳам ба мо чизи муҳим намедиҳад. Муҳим ин аст, ки ба ҷуз се нафар шахсиятҳои дигар кӣ ҳастанд ва чӣ қадар маблағро аз Тоҷикистон берун кардаанд? Оё онҳо пайвандие ба мансабдорон доранд ё на? Ин ки тоҷирони тоҷик дар минтақаҳои офшор ширкат доранд, гапи нав нест. Ширкати IRS эълон карда буд, ки ширкати оффшорӣ ҳаст ва дар мавриди Вавилон ва дигар ширкатҳо ҳам қаблан гап буд."

Аммо ин коршинос мегӯяд, бархе исмҳои наздик ба мақомодорони тоҷик дар ин рӯйхат дида мешавад, ки онҳо бояд таҳқиқ шаванд.

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) моҳи гузашта матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд. Баъд аз нашри “Авроқи Панама” дар бисёр кишварҳо тафтишот шурӯъ шуд. Дар пайи ин моҷаро нахуствазири Исландия ба истеъфо рафт.

Дар “Авроқи Панама”, аз ҷумла, гап сари ҳолдингҳои офшорие меравад, ки ба 12 раисиҷумҳури феълӣ ё собиқ тааллуқ доранд. Дар он созишҳои пинҳонии офшории 128 сиёсатмадор ва афроди маъруфи кишварҳои гуногун ҳам ошкор карда шудаанд.

Як бахши “Авроқи Панама” дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро "обу лой" кардаанд.

Аммо рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиния ва Баҳама дар ҳолест, ки мақомот дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ гуфта буданд, назорат аз болои сармоягузорони хориҷиро, ки ширкатҳояшонро дар минтақаи оффшор сабтином карда, вориди кишвар шудаанд, шиддат хоҳанд бахшид. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, бояд ҳамаи сармоягузорони хориҷӣ асноди дақиқро дар бораи шахсият ва минтақаи сабтиноми ширкатҳояшон пешниҳод кунанд.

Муносибат ба ширкатҳои оффшорӣ дар паҳнои кишварҳои пасошӯравӣ маъмулан манфӣ шакл гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳам аксар бар ин назаранд, ки моликони ширкатҳои оффшорӣ ба ин тариқ пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаашонро аз кишвар берун мекашанд. Аммо раиси қаблии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар яке аз нишастҳои матбуотияш гуфта буд, "пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд".

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои оффшорӣ, моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матбуот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар рақам зада буд.

"Офшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

XS
SM
MD
LG