Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Чину Тоҷикистон қисме аз заминҳои Хатлонро баргардонд


Бахше аз ин корхонаи нассоҷӣ соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Як ширкати муштараки Чину Тоҷикистон, ки 15 ҳазор гектар заминро дар ихтиёр дорад, аз истифода ва оғози киштукор дар қисме аз онҳо даст кашидааст.

Майдонҳои васеъ барои зироатпарвариро чаҳор сол пеш барои истифодаи дар муддати тақрибан ним аср ба ихтиёри ширкати “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” доданд. Порлумони Тоҷикистон соли 2015 санадеро тасвиб кард, ки бар асоси он ширкат ҳаққи истифодаи 15 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистонро ба даст овард.

Мақомоти расмӣ дар он замон гуфтанд, ки ҳадаф аз додани замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор андохтани заминҳои аслан киштношуда ва мусоидат ба рушди иқтисодии минтақа буд. Зоҳиран барномаҳои ширкати муштарак бар асоси нақша пеш нарафтааст, ки рӯзи 11-уми декабр намояндаи “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ширкат қисме аз заминҳоро дубора дар ихтиёри соҳибони аслӣ, яъне ноҳияҳо гузоштааст.

Муҳриддин Шералиев дар ҳузури вакилон сабабҳои даст кашидан аз истифодаи заминҳоро чунин шарҳ дод: “Мо ба хитоиҳо тибқи созишномаашон шартнома бастем, ки 15 ҳазор гектар замин ҷудо мекунем, ки барои кишт аз худ кунанд, лекин ин масъала то як дараҷа ҳаллӣ худро наёфт. Ба сабаби он ки мо дар Данғара як маҷмааи нассоҷии калон сохта истодаем, маблағи бисёр дар он ҷо даркор шуд, барои ҳамин қисман ин заминҳоро ба ноҳияҳо супурдем.”

Баҳси фоидаву зиёни ҳосили зиёди кишоварзони Чин

“Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” аз ширкатҳои азими муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи Данғара корхонаи бузурги нассоҷӣ дорад. Ин корхона қодир аст, дар як сол то 25 ҳазор тонна нахи пахта коркард кунад ва яке аз тарҳҳои азими тавсиаталабии иқтисодии Чин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намояндаи ширкати “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” дар ҷаласа нагуфт, аз истифодаи чӣ қадар замин даст кашидаанд, вале афзуд, дар он қитъаи заминҳое, ки ширкат пахта мепарварад, имсол ҳосили хуб гирифтаанд. Дар пайи тавсифи ӯ аз гирифтани ҳосили хуби пахта дар мавсими кишти имсола, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз вай пурсид, ки ҳадафи ниҳояшон чист: “Мақсади ниҳоӣ чӣ аст? Худамон омӯхта кор карданӣ ҳастем, пахта истеҳсол мекунем, ё ҳамин хел ба хориҷиҳо замин дода, рафтан мегирем.”

Намояндаи ширкат гуфт, “азбаски имрӯз худамон барои анҷоми корҳо шароити молӣ надорем, мақсад омӯхтану баҳра гирифтан аст”.

Ба думболи гуфтугуҳо дар бораи ҳосили кишти заминҳое, ки ба ихтиёри ширкат дода шудааст, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ҳушдор дод, ки чиниҳо барои ҳосили баланд метавонанд ҳаргуна дору биёранд.

Ӯ гуфт, бояд оқибати онро фикр кард, ки он доруҳо то куҷо безараранд ва бо гузашти солҳо заминҳо ба биёбон табдил намеёбанд: “Мо бисёр вақт бо ҳавас дар бораи ҳосилнокии маҳсулоти чинӣ ҳарф мезанем ва қариб фаромӯш кардем, ки аз ҳамин ҳосили баланди бодирингу помидоре, ки дар бозор аст, намедонем, 5 сол пас мардуми Тоҷикистон чӣ гуна бемор мешавад. Дар ҳамон заминҳое, ки ҳосилнокиаш хуб аст мегӯянд, чӣ гуна доруҳо истифода мекунанд? Меъёри доруҳо санҷида мешавад, ки оё мумкин аст онро дар замин истифода бурдан? Нашавад, ки 10 сол пас он ҷо биёбон шавад. Хитой метавонад, барои ҳосил ҳаргуна доруро биёрад, лекин баъд ҳоли замин чӣ мешавад. Доруҳо ба дарё мераванд, баъдан поёноб чӣ мешавад?”

Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои Саидҷаъфар Усмонзода, Шукурҷон Зуҳуров афзуд, нозукиҳои ин масъаларо ҳоло муайян кардан мумкин нест ва агар зарур бошад аз Кумитаи аграрии парлумон рафта мебинанд, ки чӣ доруҳое истифода мешаванду таркибашон аз чӣ иборат аст.

Назар ба замони шӯравӣ камтар

Муҳриддин Шералиев, намояндаи ширкати “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” дар сӯҳбати кутоҳе ба Радиои Озодӣ гуфт, нуриҳои минералие, ки дар заминҳои ба ихтиёри чин додашуда истифода мешаванд, бар асоси меъёр ба кор бурда мешаванд ва ҳеҷ зараре надоранд: “Замони Шӯравӣ дар як гектар то 1200 кило нурии минералӣ истифода мекарданд, ҳоло инҳо 700-800 кило ҳамон навъи нуриҳои минералиро дар як гектар истифода мебаранд, ки ин безарар аст”.

“Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” ягона ширкате нест, ки дар Тоҷикистон барои кишоварзӣ қитъаҳои заминеро ба иҷора гирифтааст. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ширкатҳои "Синзян инхай" ва "Хай Ли" низ аз зумраи ширкатҳои чиние ҳастанд, ки дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 300 гектар заминро барои 49 сол ба иҷора гирифтаанд ва ба киштукор машғуланд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, мушкили молӣ, дастрасӣ надоштан ба тухмиҳои аълосифат ва надоштани технологияҳои нав аз камбудиҳоест, ки кишоварзони тоҷикро дар баробари ҳамтоёни чинияшон дасткутоҳ намудааст. Ба қавли мутахассисон, агар деҳқонони тоҷик бо тухмии аълосифат ва технологияи нав таъмин шавад, ҳосили онҳо аз иҷоракорони чинӣ кам нахоҳад буд.

Масъалаи даст кашидани ширкати муштарак аз замин дар ҳоле садо дод, ки вакилони порлумон дар ҷаласа бо қабули қонуне “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу”-ро аз боҷи гумрукӣ аз воридоти таҷҳизот барои обёрии заминҳо озод карданд.

XS
SM
MD
LG