Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи маҷмааи дуюми коркарди пахта дар Данғара


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Данғара рӯзи 5 ноябр бахши дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ба истифода дода шуд. Ин маросим бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Ин корхона имкони коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як солро хоҳад дошт. Дар корхона 200 ҷои нави корӣ эҷод шудааст. Маҷмааи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, маҳсулоти ин корхона ба Русия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон ба фурӯш меравад.

Инчунин рӯзи 5 ноябр дар ноҳияи Данғара бинои нави Колеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Коллеҷи тиббии ноҳия ҳамакнун дар ду бинои панҷошёнаи нав ҷойгир мешавад, ки тавони бо таҳсил фаро гирифтани беш аз 1500 донишҷӯро хоҳад дошт.

Президенти Тоҷикистон бо як сафари корӣ дар ноҳияи Данғара қарор дорад.

XS
SM
MD
LG