Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прапоршики тоҷик дар задухӯрд бо қочоқчиёни афғон захмӣ шуд


Бар асари даргирӣ миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, як прапоршики тоҷик маҷрӯҳ шудааст. Дар ин даргирӣ ду қочоқбари афғон кушта ва низ як тани дигар захм бардоштааст.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи дарёфти маълумоти иктишофӣ аз вуруди гурӯҳи қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон, рӯзи 13-уми апрел дар ду мавзеи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо ин гурӯҳи 8-нафарӣ, даргирӣ сурат гирифт.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳодисаи аввал соатҳои 4 ба 5-и бомдоди 13-уми апрел дар мавзеи Дулоба наздик ба деҳаи Саричашма рух дод, ки бар асари он прапоршики 28-солаи тоҷик Саидҷон Расулов захмӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, даргирии баъдӣ бо ин гурӯҳ пас аз зӯҳри ҳамон рӯз ва баъд аз расидани нерӯҳои тозанафас аз маркази вилояти Хатлон ва Душанбе, дар мавзеи Кричони деҳаи Сарчашма сурат гирифтааст.

Бар асари ин амалиёт ду қочоқбари афғон бо номҳои Назир валади Ашурмад аз минтақаи Чаёби вилояти Тахор ва Амонулло валади Ҳабибулло аз Шаҳрибузурги вилояти Бадахшон, кушта шуданд. Як қочоқбари дигар бо номи Абдулҳаннон валади Латиф бо ҷароҳатҳо ба бемористони вилоятӣ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб интиқол дода шудааст. Қарор аст ҷасадҳои ду қочоқбари афғон имрӯз ба мақомоти Афғонистон таслим шавад.

Прапоршики тоҷик Саидҷон Расулов, ки дар ин даргириҳо аз китфи росташ захмӣ шуда буд, ҳоло дар бемористони вилоятӣ бистарӣ аст ва дар пайи ҷарроҳӣ, тир аз баданаш берун оварда шудааст ва вазъаш мӯътадил гуфта мешавад

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар пайи ин даргирӣ аз қочоқбарон 60 кг бангдона, як мил силоҳи "Калашников" бо панҷ тирдон мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки панҷ қочоқбари дигари афғон фирор кардаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Авоили соли ҷорӣ як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар наздикии сарҳад бо Афғонистон кушта шуд. Майор Суханвари Олимиён рӯзи 4-уми январ замоне кушта шуд, ки бо ҳафт ҳамроҳи дигараш чӯпони тоҷик Тӯрахон Нурматовро, ки аз тарафи гурӯҳи силоҳбадастон рабуда шуда буд, дар марз ҷустуҷӯ мекарданд.

Моҳи декабри соли 2017 дар даргирӣ бо гурӯҳе аз қочоқбарони афғон полковники нерӯҳои мазбонӣ Хайриддин Аҳтамов кушта шуда буд. Тобистони соли гузашта низ дар наздикии марз бо Афғонистон ду ҷангалбони тоҷик ҳадафи тири афроди силоҳбадаст қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG