Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд бо қочоқчиён: нашъаро монда фирор карданд


Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон шаби 15 декабр талоши қочоқчиёни эҳтимолии маводи мухаддир барои убури марз бенатиҷа анҷомид. Дар як хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон, ки рӯзи 18 декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳодиса дар қитъаи сарҳадии “Ҳамадонӣ” рух дод. 15 декабри соли равон соати 22:50 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷоб” амалиёти муштарак гузаронида интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ шуд.

Қочоқбарони номаълуми афғон иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда байни онҳо задухурди шадиди мусаллаҳона ба амал омад, қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста аз торикии шаб истифода бурда ба самти Афғонистон фирор карданд. Дар ҷои ҳодиса беш аз 17 кг маводи ҳероин, 11 кг маводи мухадири навъи ҳашиш ва 10 кг афюн пайдо ва мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG