Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба артиш оғоз ёфт. Ин бор бе "облава"?


Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ оғоз меёбад. Ин маърака ду моҳ идома хоҳад ёфт.

Вазорати дифои Тоҷикистон бо таъсиси бахши қабули шаҳрвандон дар назди комиссариатҳои низомии шаҳру ноҳияҳои кишвар мехоҳад аз ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хизмат ҷилавгирӣ кунад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадаф аз таъсиси ин бахшро пешгирии эҳтимолии ҳодисаҳои ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва осон кардани мушкили шаҳрвандон дар маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз 1 октябр даъвати тирамоҳии навҷавонон барои хизмат дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин маърака ду моҳ - то 30 ноябр - идома мекунад.

Ба таъкиди Фаридун Маҳмадалиев, ҳарчанд ҷараёни чорабиниҳои даъватӣ дар пойгоҳи комиссариатҳои ҳарбӣ баргузор мешавад, аммо бар асоси банди 23 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” масъулияти даъват бар дӯши раисони шаҳру навоҳӣ гузошта шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, бахши қабули шаҳрвандон маконест, ки нофаҳмиҳо миёни масъули комиссарият бо сокинон дар ҳамон лаҳза ҳалли худро меёбад ва ба нафароне, ки иддао мекунанд, ки фарзандаш ғайриқонунӣ даъват шудааст, масъулон масъаларо шарҳ хоҳанд дод.

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев

Оқои Маҳмадалиев мегӯяд: “Агар шаҳрванд даъво кунад, ки фарзандаш ғайриқонунӣ даъват шудааст ва мақомоти масъули даъват ҷавоб диҳад, ки то рӯзи шанбе интизор шавед, баъд комиссари ҳарбӣ шуморо қабул мекунад. Шояд то рӯзи шанбе як ҳафта мондааст ва ин шаҳрванд хоҳ-нохоҳ дар давоми чанд рӯз азоби рӯҳиву равонии зиёд мекашад. Аз ин хотир вазири дифоъи Тоҷикистон ҳам супориш дод, ки чунин бахш ташкил ва ба шаҳрванд фавран ҷавоб дода шавад. Онҳо сарсону саргардон пушти дари мақомот нагарданд.”

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар як нишаст дар Донишкадаи низомии вазорати мудофиа дар робита ба даъвати навбатии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз тобеонаш хост, то ҳангоми чорабиниҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, талаботи қонунро қатъиян риоя намоянд. Шералӣ Мирзо теъдоди ҷавонони синнашон ба даъватро нисбат ба талаботи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар хеле зиёд хонда, гуфт, ин имкон медиҳад, аз миёни ҷавонони тамоми табақаҳои аҳолии кишвар афроди босавод ва солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват гарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, гушоиши бахши муроҷиати шаҳрвандон дар назди комиссариатҳои низомии кишвар, метавонад то андозае, фасоди густурда дар сохторҳои масъули даъват ба артиш – аз комиссариатҳои низомӣ сар карда то ба масъулони ҷамоатҳову нозирони минтақавӣ ва кумиссиюнҳои тиббиро, ки ҳар кадом дар ивази раҳо кардани ҷавоне, ки дар “облава” ба даст афтодааст “ҳаққ”-и худро меситонад, бигирад.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, як масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон дар воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машғул аст, аз тасмими вазорати дифоъ истиқбол кард, аммо гуфт, ҳанӯз пешгӯӣ кардан душвор аст, ки қонуншиканиҳо дар ин мавсим ҳам такрор намешаванд. Дилрабо Самадова афзуд: “Ба ғайр аз облава ҳуқуқвайронкуниҳои дигар ҳам рух медиҳад. Дар маъракаи даъвати баҳорӣ танҳо дар шаҳри Душанбе 12 муроҷиат ба созмони мо ворид шуд. Агар муроҷиат кам бошад, ин маълум мекунад, ки қонуншиканӣ кам шудааст. Боз мебинем баъди ин иқдомҳо чӣ мешавад”.

Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад, имсол сафи аскарони ихтиёрӣ бештар шавад, зеро имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ сели муҳоҷирони тоҷики ихроҷшуда бештар ба назар мерасад.

Ёқуби Саид, таҳлилгари ҷавон мегӯяд, ду омил метавонад, ҷавонони ихтиёриро ба хизмати ҳарбӣ бештар кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Саид, “бисёре аз ҷавонон аз Русия депорт шудаанд ва дар кишвар ҷои кори мувофиқ ҳам надоранд. Дар чанд рӯзи ахир бо ҷавонон ҳамсӯҳбат шудам ки мегуфтанд, мехоҳанд аз муҳоҷират хаста шудаанд ва мехоҳанд хидмати аскарӣ раванд. Ҳарчанд фикр намекунам, ки шароит дар қисмҳои низомии Тоҷикистон нисбат ба панҷ соли пеш тағийр хӯрдааст, аммо вазъ чунин аст, ки ҷавонон аз муҳоҷират хаста шудаанд ва чорае ба ҷуз аз хидмат дар артиш надоранд.”

Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, тарғиботи ҳукумат, аз ҷумла тавсиф ва бо ордену медалҳо қадр кардани онҳое, ки дар амалиёти ахир дар дараи Ромит ширкат карданд, низ тавонист ҷавононро барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бештар ҷалб кунад.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, теъдоди ҷавононе ки ихтиёран ба хизмат мераванд, дар даъвати баҳорӣ бештар ба мушоҳида расида буд ва умед аст, ки дар даъвати тирамоҳӣ низ аксари ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи артиш шомил хоҳанд гашт.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ин дар ҳолест ки шумори ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафар гуфта мешавад ва чунин таносуб, ба ақидаи мунтақидон, деги мақомҳои олуда ба фасодро, ки аз ҷумла дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш барои худ “манбаи даромад” сохтаанд, гарм мекунад.

XS
SM
MD
LG