Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфти ҷасади нодири як ҷуфт дар Уртабузи Фархор. АКС ва ВИДЕО


Бостоншиносони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон якҷо бо гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон ду ҷасадеро пайдо карданд, ки ба асри биринҷӣ (қарнҳои 12-11-и пеш аз милод) рост меояд.

Азизулло Муродов, мудири Осорхонаи ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қабр колбади ду ҷасади рӯбарӯ ошкор шуд, ки паҳлӯи ҳам гӯронда шудаанд. Ҷаноби Муродов афзуд, бостоншиносон рус мушаххас кардаанд, ки ин ҷасадҳо марбут ба як зану мард будааст. Дар тоқи сари ин ду ҷасад инчунин як кӯза ва ороишоти занона пайдо шудааст.

Бостоншиносон мегӯянд, ки ин ду ҷасад ба асри биринҷӣ таааллуқ доранд."

Азизулло Муродов гуфт, ки ин дувумин ҳодисаи кашфи қабри паҳлӯ ба паҳлӯи мардум зан дар ин қаламрав аст: "Ин ҷасади дуюм аст, ки баъди ковишҳо паҳлӯ ба паҳлӯ пайдо мешавад. Ин ду ҷасадро бостоншиносон ба асри биринҷ рабт доданд. Баъди пайдо шудани ин бозёфтҳои таърихӣ, дар болои сари онҳо як кӯза ва оинаи мисин бо мӯҳраҳо қарор дошт."

Ковишҳои бостоншиносӣ аз тобистони соли 2013 дар мавзеи "Уртабуз"-и шаҳраки Фархор оғоз шуда, то ин замон даҳҳо мавод ва ашёи таърихӣ пайдо шудааст. Соли 2014 дар пай як кофтуков дар ин мавзеъ муҳаққиқон аз умқи 10 метри зери хок дар ҳудуди ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Фархор (воқеъ дар 180-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон), гӯри 2,5-метраи инсон ва даҳҳо адад ҳайкалчаҳои Буддоро пайдо карданд.

Бозёфти нодир дар "Уртабуз"-и Фархор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ба гуфтаи бостоншиносон, ҷасади дарози пайдошуда дар Фархор бо амуди салтанатӣ, ханҷар ва оинаи биринҷӣ дар ҳудуди харобаҳои шаҳракаи қадима, ки ду моҳи пеш ошкор шуда буд, гӯр шудааст. Ин бозёфтҳо дар тозатарин ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳафтаи гузашта аз чуқурии 10 метри зери замин дарёфт шудаанд.

Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки бозёфти ахир баёнгари он аст, ки дар асри биринҷии миёна дар ҳудуди Фархори имрӯза одамон зиндагӣ доштанд. Ҷаноби Бобомуллоев афзуд, ки дар он замон одате миёни мардум вуҷуд доштааст, ки баъди фавт дар бари ҷасад кӯза ва даруни он шир, гӯшт ё об мегузоштанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар як бозёфти пайдошуда як саҳифаи навро барои рӯшан кардани таърихи тоҷикон боз мекунад.

"Дар таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик ва умуман дар таърихи халқи тоҷик, аз сабабе, ки далелҳо набуданд ва як ақидае буд, ки дар инҷо мардуми маданияти Ҳисор, яъне мардуми давраи асри санг зиндагӣ мекардаст, ки ба асри 12-11 пеш аз мелод ба инҷо мардумон омаданд, ки бо номи маданияти археологии Вахш машҳур аст. Аммо ин бозёфтҳои мо нишон медиҳад, ки тамоми Бохтари бузурги он замон, ки қисмати чапи дарёи Ому қисмати асосии Бохтар буд ва дар онҷо мардум зиндагӣ мекард, аммо дар тарафи рости дарёи Ому мардум зиндагӣ карда як фарҳанг доштаанд", - гуфт Бобомуллоев.

Зимнан, бостоншиносони тоҷик мегӯянд, бовар меравад, ки дар ин мавзеъ даҳҳо осори таърихӣ нуҳуфтааст ва онҳо аз баҳорон дубора ба ковишҳои нав машғул мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG