Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфтҳои давраи Ҳайтолиён дар Сари Хосор


Шамшеру корд, тангаву гӯшвора ва афзори асп - аз ҷумлаи бозёфтҳои бостоншиносони тоҷику рус дар минақаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аст, ки ба замони Ҳайтолиён рабт дода мешавад.

Гурӯҳи бостоншиносон муддати се сол дар оромгоҳе дар Сари Хосори Балҷувон 34 қабрро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки ба эҳтимоли бештар, ҷасадҳои кашфшуда мутааллиқ ба қарнҳои 5-6-и милодӣ ҳастанд.

Татяна Филимонова, раҳбари ҳайати бостонишиносон ва корманди Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни кофтуков онҳо аз ин мазорҳои баландиашон то 2,5 метр боқимондҳои сарбозони он давраро бо сар ва афзори асп ва кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он пои гӯсфанд дар ҳолати ба корд халондашуда буд. Ҳамчунин дар қабрҳои занон, гӯшвораҳои тилоии беҷуфт, оинаи биринҷӣ ва дар қабрҳои кӯдакон буҷул гузошта шуда буд. Дар маҷмӯъ, бостоншиносон аз ин гӯристон, ки “Шаҳидон” ном дорад, 100 бозёфти нодирро кашф кардаанд.

Хонум Филимонова мегӯяд, тарзи гӯрондани ҷасадҳо ва боз чандин далелҳои дигаре вуҷуд дорад, ки ин ҳама ба замони Ҳайтолиён мутааллиқ буда, “яке аз далелҳо тангаҳое мебошад, ки дар даҳони ҷасадҳо гузошта шудаанд". Ин донишманд мегӯяд, дар замони Ҳайтолиён чунин расм буд, ки мурдаҳоро бо ҷиҳоз ва танга дар даҳон мегӯронданд. Зеро ба бовари онҳо, ин тангаҳо ба хотири убур аз дарёи вақт ва расидан ба биҳишт кӯмак мекард. "Аз ин хотир метавон мушаххасан гуфт, ки гӯристон ба асри 5-и милодӣ рост меояд. Аз тарафи дигар, осори бозёфтшуда мутааллиқ ба қабилаҳои кучманчӣ аст, зеро мардуми бумии ин минтақаҳо дар он замон кишоварз буданд ва ба чунин шакл гӯронида намешуданд”, гуфт ин бостоншинос.

Татяна Филимонова мегӯяд, антропологҳои рус, аз рӯи боқимондаҳои ҷасадҳое, ки дар оромгоҳи “Шаҳидон” дафн шудаанд, муайян карданд, ки онҳо ба аврупоинажодҳо дахл доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба гуфтаи бостоншинос, оромгоҳи Сари Хосор аз дуввумин маконе дар Осиёи Марказист, ки ба замони Ҳайтолиён марбут аст. Аз ин пештар осори ин мардумро дар қаламрави Ӯзбакистони имрӯза пайдо карда буданд.

Ҷасадҳои кашфшуда дар Сари Хосори Балҷувон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00

Муаррихон мегӯянд, баҳсҳо дар атрофи Ҳайтлоиён, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ нақши муҳим доранд, солиёни дароз идома дорад. Гурӯҳе онҳоро ба ҳиндуаврупои ва теъдоди дигар ба туркҳо мансуб медонанд. Вале то ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки ин мардум аз куҷо ба Осиёи Марказӣ омадаанд. Ҳарчанд бархе аз пажӯҳишгарон, назири донишманди рус Лев Гумилёв, ватани ҳайтолиёнро Помири Ғарбӣ ном мебарад, аммо бархе дигар, ба мисли шарқшинос Сергей Толстов, пайдоиши онҳоро ба водии соҳили Арал нисбат медиҳад.

Вале Татяна Филимонова мегӯяд, ”кашфи бозёфтҳо дар оромгоҳи Сари Хосор то андозае ба ин тахминҳо рӯшанӣ меандозад. Агар Ҳайтолиён нахуст дар Бадахшон зиндагӣ мекарданд, мантиқан ҳаракати онҳо ба сӯи водиҳо тавассути рудхонаи Сурхоб сурат мегирифт ва пайдоиши гӯрхонаи Шаҳидон ҳам табиист”, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Зикриё Акрамов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон мегӯяд, тариқи таҳқиқотҳои иловагии кимиёвиву биологӣ ба кадом замон ва қавму қабила муттаалиқ будани бозёфтҳои Сари Хосор мушкил нахоҳад буд. Вай гуфт, “дар асоси ташхисҳои кимиёвӣ мо аниқ сину соли ҳам қабр, ҳам устухон ва дигар ёдгориҳои моддиро дақиқ карда метавонем. Махсусан, аз рӯи хокистари гӯристон метавон муайян кард, ки ҳамин мазор чанда аср пеш вуҷуд дошт", гуфт ӯ.

Зимнан кашфи гӯристони “Шаҳидон” ва бозёфтҳои нодир дар Сари Хосор дар доираи барномаи рушди туризм ва бостоншиносии ноҳияи Балҷувон даст додааст. Зеро тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувон як минтақи сайёҳӣ эълон гардида, барои анҷоми корҳои бостоншиносӣ барои се сол маблағ ҷудо шудааст. Донишмандони Пажӯҳигоши таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати пайдо шудани сармояи иловагӣ, онҳо ҷустуҷӯҳои археологии худро дар ин мавзеъ идома хоҳанд дод.

Зимнан, бозёфтҳои бостоншиносӣ аз чанд соли пеш дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла қаламрави ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон идома доранд, ки дар он ҷо низ бозёфтҳои зиёди марбут ба асрҳои пешин кашфу ошкор шудаанд. Ковишҳои бостоншиносӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо археологҳои рус аз даврони Шӯравии пешин шурӯъ шуда ва борҳо маъмурияти бостоншиносони рус ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG