Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди "дуҳокимиятӣ" дар заминҳои баҳсии марзи Исфараву Бодканд


Бо гузашти чанд рӯз аз тирпарронӣ дар марзи Исфараву Бодканд таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ду кишвар бояд то замони ҳалли пурраи масоили марзӣ заминҳои баҳсиро муштаракан идора кунанд.

Таҳлилгарони тоҷик таъсиси минтақаҳои таҳти назорати муштараки ду кишварро як роҳи ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон меноманд. Баҳром Файзуллоев, таҳлилгари масоили минтақа рӯзи 14 июл ба Озодӣ гуфт, то муайян шудани хатти марзи печдарпеч, ки шояд солҳо тӯл бикашад, беҳтар ин аст ки мавзеъҳои баҳсӣ ба минтақаҳои аз нигоҳи қонунӣ таҳти назорати муштараки Тоҷикистону Қирғизистон табдил дода шавад. Ба гуфтаи Файзуллоев, ин метавонад заминаҳои талоши сокинони марзӣ барои соҳибӣ ба онҳо ва сарзадани баҳсу муноқишаҳои нав ба навро аз байн бубарад.

Ин дар ҳолест ки тирандозии рӯзи 10 июл дар як минтақаи баҳсии марзи Исфараву Бодканд, ки як куштаву 7 захмӣ бар ҷой гузошт, мушкилоти марзии ин минтақаро, бахусус дар мавриди муайян кардани хатҳои марзу роҳҳои алтернативӣ доғтар кардааст.

Душанбе ва Бишкек пас аз музокираи рӯзҳои 10-11 - уми июл дар Қайроқум ва Исфара ба созиш расиданд, ки ҳодисаи тирпаррониро ба таври муштарак таҳқиқ карда, таҳияи тарҳи роҳҳои алтернативиро идома диҳанд.

Абдураҳмон Маматалиев
Абдураҳмон Маматалиев

Ба думболи ин тавофуқ Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон ба расонаҳои кишвараш гуфт, Қирғизистон бунёди роҳи Кӯктош – Тамдиқ – Оқсойро баъди 10 рӯз, баъди ба эътидол омадани авзоъ аз сар хоҳад гирифт. Вай таъкид кардааст, агар Тоҷикистон баҳсро ба дарозо бикашад, Бишкек ин роҳро тавассути қаламрави худ хоҳад сохт, вале онгоҳ ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, ки аз чор тараф дар дохили Қирғизистон мондааст бе роҳ мемонад.

Тасмими Бишкек дар мавриди бунёди роҳи алтернативиии бидуни мувофиқа бо Тоҷикистон сокинони Ворухро сахт нигарон кардааст. Зубайдулло Шоманзилов, як сокини ҷамоати Ворух дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аслан як талаб дорем, ки мо низ соҳиби роҳи мустақил шавем. То ки тавассути он ба Исфара озодонаю бемалол равуо карда тавонем. Ҳозир роҳи мо аз деҳаи Оқсойи қирғизнишин мегузарад. Марзбонҳову пулиси қирғиз он ҷо посгоҳ гузоштаанд ва ҳар вақт хоҳанд, мошинҳои моро дошта, тафтиш мекунанд, сокинони Оқсой ба нақлиёти мо санг мезананд. Худо нахоста, дар сарҳад ҳодисаю муноқишае рух диҳад, ҳар дафъа ягона роҳи моро мебанданд ва моро дар иҳота мегиранд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, роҳи Ворух - Исфара аз замони шӯравӣ вуҷуд дорад, ки хароб шудаву ҳоло бояд тармим ва бозсозӣ шавад. Вале ба гуфтаи сокинони Ворух, сохта шудани роҳи алтернативии қирғизҳо дар замини баҳсӣ Ворухро дар инзивоъ ва амалан ба як ҷазирае дар иҳотаи роҳу заминҳои Қирғизистон табдил медиҳад.

Ворух дар харита
Ворух дар харита

Роҳи нақлиётии Кӯктош – Тамдиқ – Оқсой қисмати бузурги вилояти Бодкандро бо маркази он ва бо вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон васл мекунад. Аз ин нигоҳ Бишкек ин роҳро дорои аҳамияти хеле муҳими сиёсиву иқтисодӣ медонад ва ба ҳар қимат, талош дорад, то онро бисозад.

Соли 2009 Душанбе дар ивази кашидани хатти баландшиддати интиқоли барқ байни Конибодому Бодканд ҳудуди 300 метр заминаш дар канори ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро барои 49 сол дар ихтиёри Қирғизистон гузошт. Ҳамакнун ин роҳ ба нуқтаи баҳсии дигар дар канори Ворух расида, баъди убури он ба нуқтаи ниҳоияш мерасад.

Тоҷикистон низ мехоҳад барои ворухиён роҳи наве ба сӯи Исфара бунёд кунад. Вале Бишкек ҳанӯз қабул надорад ва баҳсу муноқишаҳои марзии ин минтақа умдатан аз ин ҷо маншаъ мегиранд.

Неъматулло Мирсаид, таҳлилгари масоили марзии минтақа мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳалли масъалаҳои марзӣ умдатан аз мавқеи Бишкек бастагӣ дорад: “Қирғизистон агар дар ҳақиқат таъмини амнияти минтақаро ба назар бигирад, бояд камубеш аз таҳаммул кор гирад ва бар пояи манфиатҳои ҳар ду давлат амал кунад. Маҳалҳои тоҷикнишину қирғизнишини Исфараву Бодканд дар мавриди истифодаи заминҳо ва обҳои марзӣ бояд ҳуқуқи баробар дошта бошанд. Тоҷикистон ҳамеша таҳаммул мекунад, вале ҷониби Қирғизистон ҳамеша талош мекунад ба хотири таъмини манфиатҳои миллии худ дар масъалаҳои марзӣ фишанге дар даст дошта бошад. Бишкек низ бояд дар ин маврид таҳаммул пеша кунад. Вагарна сар задани як муноқишаи хеле сахти байниқавмӣ дар ин минтақа аз эҳтимол дур нест.”

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Бишкек сокинони мавзеъҳои сарҳадӣ ва марзбонҳои тоҷикро сабабгори сар задани баҳсу муноқишаҳо дар марзи Исфараю Бодканд ном мебаранд. Мақомоти қирғиз дар шарҳи ҳодисаи рӯзи 10 июл дар Ворух гуфтанд, ки сокинони ин маҳал ба сӯи сарҳадбонҳои қирғиз дар мавзеъи баҳсӣ санг андохтанд ва дар посух марзбонҳо сокинони одии беаслиҳаро ҳадафи тир қарор доданд.

Баҳром Файзуллоев, таҳлилгари дигари масоили марзии минтақа мегӯяд, дар ҳоле ки хатти марзи байни Исфараву Бодканд муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, бартариҷӯӣ барои соҳиб шудан ба манобеъи замину обу чарогоҳ дар мавзеъҳои баҳсӣ байни сокинони марзӣ тухми душманиву нифоқ мекорад: “Вақте ки дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамкориҳои ҷомеаҳои наздимарзии тоҷику қирғиз мушоҳида мешуд. Вале солҳои охир, ки вазъ тағйир хӯрду ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаҳои марзӣ умдатан аз мавқеи ҳимояти манфиатҳои миллии худ бархостанд, муносибати ҳамсояҳо бад шуд. Акнун зербинои обро мехоҳанд алоҳида бисозанд, роҳҳои алтернативӣ бунёд кунанд.” Ба бовари ин таҳлилгар, чунин муносибат халқҳои ҳамсояро аз якдигар дур мекунад.

XS
SM
MD
LG