Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирории ҳавопаймои "Тоҷикэйр" дар Маскав


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” гуфт, як ҳавопаймои мусофирбари он баъди парвоз аз шаҳри Маскав ба мушкили фаннӣ гирифтор шуда, вале амну беосеб ба фурудгоҳ баргаштааст.

Дафтари матбуоти ширкат субҳи 2-уми июл бо пахши як баёнияи расмӣ гуфт, “сабаби фуруди изтирорӣ коҳиши фишор дар дохили ҳавопаймо будааст”. Ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд бо 141 мусофир соати дуи бомдоди рӯзи 2-уми июл аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав парвоз кардааст, вале баъд аз чанд дақиқаи парвоз ба ҳамин фурудгоҳ баргаштааст.

Хадамоти матбуоти ширкати “Тоҷик Эйр” навишт, ки “ҳамаи мусофирони ҳавопаймо дар меҳмонхона ҷойгир карда шудаанд ва бо хӯрок таъмин ҳастанд.” Дар баёнияи ширкат омадааст, муҳандисони тоҷик барои муоинаи ҳавопаймо ва маълум кардани мушкили фаннӣ ба Маскав рафтаанд ва маълумоти комил ба зудӣ ироа мешавад.

"Муҳандисони тоҷик барои муоинаи ҳавопаймо ва маълум кардани мушкили фаннӣ ба Маскав рафтаанд"

Хабаргузории «ИТАР ТАСС» навиштааст, ки ҳавопаймои Боинг 737-300 барои камтар кардани маводи сӯхт, дар фазо давр зада ва ба фурудгоҳ баргаштааст. “Тоҷик Эйр” мегӯяд, баъд аз анҷом ташхис ҳавопаймои Boeing 737-300 аз Маскав ба самти Хуҷанд парвоз мекунад.

Бори аввал нест, ки ҳавопаймоҳои ширкати давлатии «Тоҷикэйр» ба мушкилоти фаннӣ гирифтор мешаванд. Моҳи марти соли 2017 низ як ҳавопаймои ширкат бинобар осеб дидани яке аз чархҳояш парвозро қатъ кард. Ҳавопаймои Boeing 737 – 300 шаби 9-уми март бо 140 мусофир, дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст.

Соли 2013 низ ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати «Тоҷикэйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкилоти фаннӣ дучор шуд ва баъди 1 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст ва касе осеб надид.

“Боинг 737” бо 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайати парвоз аз Маскав бармегашт ва халабонҳо он вақт тавонистанд ҳавопаймоеро, ки ду чархаш осеб дида буд, беосеб фуруд оранд.

Мақомот он замон ин ҳодисаро як “сабақи бузург” ва корномаи халабонҳоро ҳамчун "мардонагиву шуҷоат" ситоиш карда, дар сатҳи президенти Тоҷикистон онҳоро қадрдонӣ карданд.

Ширкати "Тоҷикэйр" 36 ҳавопаймо дорад, шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.

Агар дар он ҳавопаймо будед, лутфан ҳодисаро ба мо тасвир кунед ва ё ба ин рақам барои нақли ҳодиса ба мо аз тариқи Вотсапп, Вайбер ва ё Телеграмм тамос бигиред. +420 424 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG