Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон модари тоҷикро бо ду кӯдакаш ба Тоҷикистон супурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Давлати Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон супурдааст.

Ин занро, ки аз ӯ танҳо Хосият ном мебаранд, сафорати Тоҷикистон дар Кобул чанде пеш ба Душанбе бозпас фиристодааст. Хосиятро ду сол пеш дар Афғонистон дастгир карданд ва гуфтанд, ки ӯ мехост, ба созмонҳои тундрав бипайвандад.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 4-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз сӯҳбат бо кормандони сафорат Хосият ризо шуд, то ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

“Мо аз рӯзи аввал аз аҳволи ӯ бохабар будем. Дар охирон сӯҳбат худаш хост, ки ӯро ба Тоҷикистон фиристем. Албатта, қонунҳои давлати мо башардӯстона ҳаст ва нисбати занҳо, аз ҷумла занҳое, ки кӯдакони ноболиғ доранд, сабукиҳои зиёд пешбинӣ мекунад. Ба ҳар ҳол, дар зиндонҳои Афғонистон вақте шаҳрванди мо нигаҳдорӣ мешавад, ҳар гуноҳе ҳам дошта бошанд, мо нисбаташон бетараф нестем” – гуфт, Шарофиддин Имомов.

Ин зан дар аввал мегуфт, ки хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро надорад. Хосият ду соли пеш дар Афғонистон боздошт шуд ва моҳи апрели соли 2017 дар як барномаи Шабакаи аввали Афғонистон гуфт, ки бо “ҳадафи зиндагӣ дар давлати исломӣ” ба ин кишвар омадааст.

Ӯ дар ин барномаи телевизионӣ мегуфт, ки “Мо барои он омадем, ки дар давлати исломии Афғонистон зиндагӣ кунем. Инҳо моро гирифтанд ва гуфтанд, ки шумо узви гурӯҳи Давлати исломӣ ҳастед. Мо ба ин хотир наомадем. Мо барои он омадем, ки моро ҳамчун як хоҳари мусалмон қабул кунанд ва дар кишвари исломӣ зиндагӣ кунем.”

Занони зиндонии афғон дар Ҳирот ҳангоми тамошои телевизион
Занони зиндонии афғон дар Ҳирот ҳангоми тамошои телевизион

Мақомоти Афғонистон мегуфтанд, ки ин зан талош дошт, ба гурӯҳҳои тундрав бипайвандад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Хосият айни замон дар боздошт аст ва фарзандонашро ба хешовандонаш супурдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, дар нӯҳ моҳи гузашта чаҳор марду се занро, ки панҷ кӯдаки ноболиғ доштанд, ба ватан баргардонданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми талоши пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав боздошт кардаанд.

Моҳи октябри соли гузашта мақомоти Афғонистон Сафаргул Одинаева, сокини 34-солаи Тоҷикистон бо писари панҷсолааш – Умар ва ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Хушнуд Махсумов – сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор ва Ҷамолиддин Ҳасанов– сокини 31-солаи шаҳри Душанбеpo ба Тоҷикистон супурданд.

Мақомот гуфтанд, ки ин се нафар аз Русия ба Эрон рафта, аз онҷо бо шиносномаҳои афғонӣ вориди вилояти Нимрӯзи Афғонистон шуданд. Сафаргул Одинаева низ ҳоло дар боздошт қарор дорад ва писарашро барои тарбия ба бибиву бобояш додаанд.

Мақомот Афғонистон мегӯянд, ҳанӯз теъдоде аз занону мардони Тоҷикистон дар зиндони Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд, вале то худашон ризоият надиҳанд, ба Тоҷикистон интиқол дода намешаванд.

Хайрулло Озод, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон, дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси паймонҳои байналмилалӣ супурдани зиндониён бидуни ризоияташон ба дигар кишвар ғайриимкон аст. Теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Афғонистон барои пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав рафтаанд, маълум нест.

XS
SM
MD
LG